Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ аз бозпас овардани чор зани тоҷик дар соли ҷорӣ аз Имороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд, ки, ба гуфтаи онҳо, дар он ҷо барои корҳои шаҳвонӣ истифода мешудаанд.

Масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯянд, аз аввали ҷорӣ чаҳор занеро, ки ба Имороти Муттаҳидаи қочоқ шуда буданд, бозпас овардаанд. Ин иттилоъро Зумрад Солиева, масъули равобити байнулмилалии ВКД рӯзи 9 июн дар ҳамоиши "Таъсири муҳоҷират ба ҳаёти занону кӯдакон" дар Душанбе баён дошт. Ӯ гуфт, бозпас овардани ин занон дар чор моҳи авали соли ҷорӣ сурат гирифтааст.

Солиева афзуд, соли гузашта аз Имороти Муттаҳидаи Араб 8 зани қочоқшудаи тоҷикро ба ватан оварда буданд. Ба иттилои ин масъули ВКД, ин занони тоҷик бо роҳи фиреб ва бо ваъдаи дарёфти маблағи зиёд ба Иморот бурда шудаанд, ки дар ниҳоят барои корҳои шаҳвонӣ истифода шудаанд.

Зумрад Солиева афзуд, дар соли гузашта 25 мавриди қочоқи занону духтарон ба хориҷи кишвар сабт шуда ва ин рақам дар чор моҳи соли ҷорӣ 7 мавридро ташкил додааст. Аз ин рақамҳо ноболиғон дар соли гузашта 9 нафар ва дар чор моҳи аввали соли ҷорӣ 5 нафарро ташкил додаанд.

Ба гуфтаи Солиева, дар ин муддат умдатан занону духтарони аз 16 то 24-сола, ки маълумоти олӣ надоштаанд, ба Қазоқистон, Русия ва кишварҳои арабӣ қочоқ шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG