Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати паҳлавонони тоҷик дар қаҳрамонии самбои ҷаҳон


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон, ки рӯзҳои 22-24-уми ноябр дар Санкт-Петербург баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба самбои варзишӣ миёни мардону занон ва самбои размӣ байни мардон шумораи рекордии дастаҳо ширкат меварзад. Дар ин мусобиқа, ки ба ҷашни 75-солагии самбо бахшида шудааст ва дар макони пайдоиши ин навъи маъмули варзиш – Русия баргузор мешавад, ширкати беш аз 700 варзишгар аз 75 кишвари ҷаҳон дар назар аст.

Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, “ дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон дар Санкт-Петербург бо раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадшариф Сулаймонов ширкат меварзад. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар риштаи самбои варзишӣ паҳлавонони маъруфи тоҷик, ба монанди Акмалиддин Каримов, Комроншоҳи Устопириён, Низомиддин Охиров, Мустафо Ҳасанов, Деваштичи Убайд ва дигарон дохиланд. Инчунин дар рақобатҳо дар риштаи самбои размӣ Эраҷ Раҳимов, собиқ қаҳрамони ҷаҳон дар вазни то 52 кг, иштирок хоҳад кард.”

Гуштигирон барои 27 маҷмӯи медалҳо мубориза хоҳанд бурд – 9-то дар самбои варзишӣ миёни мардон, 9-то дар самбои варзишӣ миёни занон ва 9-то дар самбои размӣ байни мардон.

Рӯзи аввали мусобиқа, 22-юми ноябр, сабқати мардон дар вазнҳои 52, 68 ва 90 кг, сабқати занон дар вазнҳои 48, 60 ва 72 кг аз рӯи самбои варзишӣ баргузор мешавад. Инчунин мардон дар сабқати самбои размӣ дар вазнҳои 57, 74 ва 100 кг рақобат мекунанд.

Рӯзи дувуми мусобиқа, 23-юми ноябр, сабқати мардон дар вазнҳои 57, 74 ва 100 кг, сабқати занон дар вазнҳои 52, 64 ва 80 кг аз рӯи самбои варзишӣ сурат мегирад. Инчунин мардон дар сабқати самбои размӣ дар вазнҳои 62, 82 ва +100 кг иштирок хоҳанд кард.

Рӯзи севуми мусобиқа, 24-уми ноябр, сабқати мардон дар вазнҳои 62, 82 ва +100 кг, сабқати занон дар вазнҳои 56, 68 ва +80 кг аз рӯи самбои варзишӣ барпо мегардад. Инчунин мардон дар сабқати самбои размӣ дар вазнҳои 52, 68 ва 90 кг ширкат меварзанд.

Паҳлавонони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар пойтахти Беларус – Минск, ки бо ширкати варзишгарони 64 кишвар баргузор шуда буд, се медал ба даст оварданд. Дар сабқати самбои варзишӣ миёни мардон Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кг бо медали нуқра ва Низомиддин Охиров дар вазни то 62 кг бо медали биринҷӣ мукофотонида шуданд. Медали севуми Тоҷикистонро Айниддин Қурбонов дар сабқати самбои размӣ ба даст овард. Вай дар рақобатҳо дар вазни то 52 кг соҳиби медали нуқра гардид.

Вале бояд гуфт, ки баъди пирӯзии Саидмуъмин Раҳимов тирамоҳи соли 1975 дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар Минск то ҳоло ягон намояндаи дигари Тоҷикистон дар риштаи самбои варзишӣ миёни бузургсолон медали тилло ба даст наовардааст.
XS
SM
MD
LG