Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба дархости ҳукумати Афғонистон дар мавриди фароҳам сохтани сафари овозхони шинохта Нозияи Кароматуллоҳ ба Кобул ризоият додааст.

Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба дархости ҳукумати Афғонистон дар мавриди фароҳам сохтани сафари овозхони шинохта Нозияи Кароматуллоҳ ба Кобул ризоият додааст. Нозияи Кароматуллоҳ, узви гуруҳи “Ориё”–и Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, ба Радиои “Озодӣ” гуфт, мавзӯи сафари ӯ ду моҳ ба ин сӯ мавриди баррасиҳои ӯву ҷониби Афғонистон ва кумита буд. Вай афзуд, шарти ӯ ба ҷониби Афғонистон ин буд, ки танҳо бо ризоияти раҳбарияти кумита метавонад сафар кунад, зеро ӯ корманди давлатӣ маҳсуб мешавад:

“Иҷозат ҳам ба он хотир аст, ки раҳбарият бохабар бошанд. Дигар ин ки ин чорабинӣ дар сатҳи давлатӣ аст. Ҳоло ризоияти ҳама ба даст омадааст. Ҳамин мондааст, ки ҳуҷҷати ризоияти раиси кумита ба сафорати Афғонистон бидиҳанд ва ман соҳиби виза шавам”. Қаблан сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки бо гузашти ду ҳафта аз даъвати расмии Нозияи Кароматуллоҳ ризоияти мақомоти Тоҷикистонро ба даст наовардааст, дар ҳоле ки худи

овозхон барои ин сафар изҳори омодагӣ нишон додааст.

Ғулом Ҳасан Ҳазратӣ, атташеи фарҳангии сафорат зимни як тамоси телефонӣ бо Радиои “Озодӣ” гуфт, даъвати овозхони тоҷик дар сатҳи расмӣ сурат гирифта, вазорати хориҷии Афғонистон дар ин маврид номае ҳам ба вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фиристодааст, аммо то баргузории маҳфили бузурги фарҳангӣ 4 рӯз мондаву ризоияти расмӣ нест:

”Он ҷо як маҳфили хеле бузурги даризабонони минтақа аст. Аз кишварҳои хориҷӣ дигар ҳам меҳмонон даъват шудаанд. Бо худи хонум қаблан тафоҳум карда буданд. Ризоият дода буд. Даъватнома ҳам фиристодаем. Агар дар чунин як маҳфил ширкат кунанд, мушкиле нест”. Нозияи Кароматулло ба маҳфили Конуни фарҳангии Носири Хисрав, ки сарвариашро Сайид Мансури Нодирӣ, роҳбари исмоилиҳои Афғонистон ба зимма дорад, даъват шудааст. Маҳфил муаррифии китобҳои “Ганҷинаи ишқ. Маҷмӯаи сурудаҳои порсисароён” ва “Девони Мансур”-ро дар бар мегирад, ки ба қалами Саийд Мансури Нодирӣ иншо шудааст.

Дар маҳфил шоирони маъруфи порсинависи минтақа ширкат хоҳанд кард. Ғулом Ҳасан Ҳазратӣ мегӯяд, Сайид Мансур Нодирӣ дар касби шеър низ нафари мумтоз буда, 3 декабри соли равон “Девон”-и худро муаррифӣ мекунад. Вай ба ин манзур Конуни фарҳангии Носири Хисрав маҳфили бузургеро рӯи даст гирифта, дар қатори овозхонони афғон Нозияи Кароматуллоро низ даъват кардааст. Ин сафари аввалини Нозияи Кароматулло ба Афғонистон хоҳад буд.

Ин кишвар бо он вуҷуд, ки исломист, амалан парвозгоҳи ситораҳои мусиқии Тоҷикистон аст. Ба ин далел, ки кишвари форсизабон аст,

Баъди суқути Толибон аввалин овозхони зан аз Тоҷикистон Манижаи Давлат буд, ки ба Афғонистон бо консерти ҳунарӣ сафар кард

Баъди суқути Толибон аввалин овозхони зан аз Тоҷикистон Манижаи Давлат буд, ки ба Афғонистон бо консерти ҳунарӣ сафар кард

аксари овозхонони тоҷик шуҳрати худро дар сатҳи байнулмилал маҳз аз саҳнаҳои ин кишвар ва ё бо кӯмаки продюсерҳои Афғонистон касб кардаанд. Соли 2006 Манижа Давлатова, овозхони дигари тоҷик, ба Кобул сафар карда, дар Мазори Шариф консерт дод. Пас аз ин Райҳона Раҳимова ва Садриддини Наҷмиддин барои ширкат дар барномаҳои телевизионии Афғонистон даъват шуда буданд.

Суперситораи тоҷик Шабнами Сурайё, хоҳараш Фарзонаи Хуршед ва Баҳром Ғафуриро ширкати “Даф интетейнмент”-и Олмон, ки ба як тоҷири афғон тааллуқ дорад, ба саҳнаҳои ҷаҳонӣ дар Амрикову Аврупо ва Австралия бурд. Ҷонибек Муродов низ дар ҳамдастӣ бо ширкатҳои афғонӣ роҳ ба саҳнаҳои хориҷӣ ёфт. Ширкати “Қиём интетейнмент”, ки низ дар Олмон сабти ном шудааст, заминаи сафарҳои ҳунарии Садриддини Наҷмиддин, Манижа Сабоҳ ва Моҳира Тоҳириро ба Амрикову Аврупо ва Австралия ва низ овозхонони афғон - Фарҳоди Дарё ва Сиддиқи Шабобро ба Тоҷикистон фароҳам кард.

Шафиқ Қиём, сарвари “Қиём интетейнмент”мегӯяд, мусиқӣ бар ивази ин ки фарҳанги муштараки се мардуми форсизабон аст, ҳоло ба номи “шоу – бизнес” тиҷорат ҳам мешавад, ки ин ба рушаш кӯмак мерасонад: “Ширкат беҳуда масраф карда, 6 нафару даҳ нафарро ба хориҷа намебарад. Он ҷо воқеан ба таронаҳои овозхонони тоҷик талабот ҳаст, мардум мехоҳанд. Агар нест, он ҷо ба консерт ҳам намеоянду овозхони тоҷик ба хориҷа ҳам намеравад. Овозхонони тоҷикиро мардуми афғону эронӣ ва тоҷиконе, ки дар Аврупову Амрико ва Австралия муҳоҷир ҳастанд, хеле зиёд мехоҳанд, ки биёянду сароянд”.

Шабнами Сурайё ва Садриддини Наҷмиддин ҳам дар Афғонистон ҳаводори зиёд доранд

Шабнами Сурайё ва Садриддини Наҷмиддин ҳам дар Афғонистон ҳаводори зиёд доранд

Аммо Нозияи Кароматулло гуфт, то ба ҳол сари консертҳо дар хориҷи кишвар ва ҳамкорӣ бо продюссерҳои Афғонистон аслан фикр накардааст ва ба пешниҳодҳои қаблии эшон посухи рад додааст. Нозияи Кароматулло духтари марҳум Кароматуллои Қурбон аст, ки яке аз овозхонони маъруфи даҳаи 80-и асри 20 буда, соли 1992 аз ҷониби ҷангсолорон ба ҳалокат расидааст. Роҳи Кароматуллоро писараш Муҳаммадрофеи Кароматуллоҳ низ идома медиҳад, ки раҳбарии гурӯҳи “Ориё”–ро ба зимма дорад. Нозияро дар сафараш ба Кобул модараш Зулфия Кабутова, ки ҳамзамон продюсераш аст, ҳамроҳӣ мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG