Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон мегӯяд, иллати сӯхтори рӯзи 8 октябрпғ дар маркази савдои “Содот” дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе худсӯзии молики аз ҳама қарздори кошонаи ҳусни “Галина” Олег Токов будааст.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон шоми 8 октябр натиҷаҳои тафтиши муқаддамотии қазияи сӯхтор ва ҳалокати як нафар дар маркази савдои “Содот” дар кӯчаи Неъмат Қаробоеви шаҳри Душанберо нашр кард.

Дар ин сӯхтор, ки 8 октябр, соати тақрибан 10:34 дар кошонаи ҳусни “Галина”, воқеъ дар таҳхонаи маркази савдои “Содот”, дар кӯчаи Неъмат Қаробоев, 86/1 дар маҳаллаи 46-уми пойтахти Тоҷикистон рух дод, Олег Михайлович Токов, соли таваллудаш 1969, сокини кӯчаи Айнии Душанбе ба ҳалокат расид.

Вазорати корҳои дохилӣ дар шарҳи сабабҳои сӯхтор хабар дод, ки он дар натиҷаи ба худсӯзӣ даст задани Олег Токов, молики кошонаи ҳусни “Галина” рух додааст ва сабаби худсӯзии ӯ, ба навбаи худ хеле зиёд қарздор шуданаш будааст.

Дар сомонаи вазорати умури дохила бо такя ба баёноти ҳамсари Олег Токов – Галина Юревна Алексеева – дар ин бора чунин ҷузъиёт дода шудааст: “Ӯ аз ҷумла аз шаҳрвандон Толибов Бурҳониддин Соҳибназарович, сокини кӯчаи Алишер Навоӣ, 80 ҳазор доллар, Толибов Низом Соҳибназарович, сокини кӯчаи Яккачинор, 35 ҳазор доллар, Қудратов Баҳром Наҳтуллоевич сокини кӯчаи Саъдии Шерозӣ 47 ҳазор доллар, Алиев Фаридун, сокини кӯчаи Саъдии Шерозӣ автомашинаи тамғаи «Лексус» арзишаш 17 ҳазор доллар, аз «Спитаменбонк» 300 ҳазор доллар қарз гирифта, то ҳол қарзҳои гирифтаашро барнагардонидааст.

Аз суханони ҳамсараш Алексеева Галина Юревна бармеояд, ки сабаби ба худкушӣ даст задани шавҳараш ин қарзҳои зиёди пулӣ ва пайваста занг задани қарздиҳандагон ва пурсон шудани маблағашон мебошад. Инчунин аз суханони завҷааш Олег рӯзҳои охир дар ҳолати вазнини рӯҳӣ қарор дошта, рӯзи 28-уми сентябри соли равон, тахминан соатҳои 14, худро бо шишаи тиреза як чанд ҷойи пойҳояшро бурида хуншор намуда, ҷароҳати ҷисмонӣ мерасонад.”

Ҳамин тавр, рӯзи 8 октябр Олег Токов дар ҳуҷари кориаш пайваста сигор кашида, аз даъватҳои ҳҳамсараш барои берун омадан аз ҳуҷра даст мекашад ва дарро аз дохил баста, даст ба ҷони худ задааст.

Бино ба шарҳи пулис, “аз хулосаи мутахассисон бармеояд, ки Токов Олег бо истифода аз моддаҳои барои ороиши рангубори мӯй худсузӣ намудааст, ки чунин ҳолат боиси сар задани сӯхтор гардидааст. Бинобар сабаби маҳкам будани дарҳо кормандони милитсия ва хадамоти оташнишонӣ бо мақсади хомӯш намудани оташ дарҳои ҳуҷраи корӣ ва нафасгир нашудани кормандони толори мазкур ва хориҷ намудани дуд, тирезаҳои таҳхонаро шикастанд.”

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бар пояи хулосаи мутахассисонаш эҳтимоли таркиш дар кошонаи ҳусни “Галина”-ро рад карда, мегӯяд, маҳз фоҷиаи хусусии як нафар ва ба далели қарзи зиёд даст ба ҷони худ задани Олег Токов боиси сӯхтор ва таҳлукаи зиёд дар маркази савдои “Содот” шудааст. Мақомоти пулиси Тоҷикистон билофосила баъди сӯхтори дирӯза дар маҳаллаи 46 эҳтимоли фарзияи ҳамлаи террористиро дар ин қазия комилан рад карда буданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG