Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи 5 июн, тақрибан соати 13:00 ба вақти маҳаллӣ, як анбори фурӯши маводи сӯхт дар Душанбе оташ гирифт.

Идораи сӯхторнишонии пойтахт рӯзи 5 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар нуқтаи бензинфурӯшӣ воқеъ дар кӯчаи Карамови пойтахт дар канори роҳи Душанбе-Варзоб оташ гирифтааст. Ин идора мегӯяд, барои хомӯш кардани доманаи оташ 6 мошини зиддисӯхтор сафарбар шудааст.

Бино ба иттилои ин манбаъ, нуқтаи бензинфурӯшӣ бинобар беэҳтиётии кормандони он оташ гирифтааст, ки агар пешгирӣ нашавад, ба дигар васоили бензинфурушӣ низ асобат хоҳад кард. Аз рӯи иттилои мақомот, ҳеҷ нафаре дар ин ҳодиса осеб надидааст. Ҳанӯз ҳаҷми хисорот арзёбӣ нашудааст. Ҳамчунин маълум нест, ки моликдори ин анбори бензин кист. Аз рӯи иттилои радиои Озодӣ, мақомоти баландпояи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҷои ҳодиса дидан кардаанд. Айни замон, ҳеҷ намояндаи матбуот, аз ҷумла телевизиони давлатӣ, натавонистанд ҳалқаи қавии нирӯҳои амниятиро гузашта ҳодисаро аз наздик мушоҳида кунанд.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони Идораи сӯхторхомушкунии пойтахт бо идораи сӯхторхомӯшкунии ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ талош доранд ҳар чӣ зудтар сӯхторро хомӯш кунанд. Забонаи дуди ғализи сиёҳи сӯхтор аз ҳамаи гӯшаҳои пойтахт дида мешавад ва дуди он ҳамчунон баланд шуда истодааст.

Ҷамолиддин Сатторов, як ронандаи таксӣ мегӯяд, ки оташ хеле сахт забона мезанад ва ба фикри ӯ, то замоне, ки маводи сӯхти дохили систерна тамом нашавад, хомӯш кардани он номумкин аст.

Хабарнигори Озодӣ Барот Юсуфӣ ин навори видеоиро аз маҳалли сӯхтор бардоштааст:


Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG