Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтани 5 ҳавлӣ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ


Tajikistan -- Dushanbe, fire, burnt, 20 April 2014
Tajikistan -- Dushanbe, fire, burnt, 20 April 2014

Мақомоти сӯхторнишонии шаҳри Душанбе мегӯянд, сӯхтор дар 5 манзил дар кӯчаи Лоиқ Шералиро пурра хомӯш кардаанд, вале муҳосибаи зарари ин сӯхтор ҳанӯз идома дорад.

Идораи сӯхторнишонии шаҳри Душанбе мегӯяд, ки дар сӯхтори рӯзи 2 апрел дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ, дар наздикии хона- музейи Мирзо Турсунзода 5 манзили зист оташ гирифтааст. Сӯхтор тақрибан соатҳои 12-30 аланга гирифта, сӯхторнишонҳо танҳо соати 14-30 тавонистаанд онро пурра хомӯш кунанд. Аз раёсати оташнишонии шаҳри Душанбе ба Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло оқибатҳои сӯхторро коммисияи ҳукуматӣ таҳқиқ дорад, вале ҳанӯз ҳаҷми хисороти расида ва масоҳати оташсӯзӣ дақиқ нашудааст.

Идораи сӯхторнишонии пойтахт мегӯяд, ки сӯхтор тақрибан соати 12-30, бар асари таркиши балони газ дар яке аз манзилҳои воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ сар задааст. Ба ҳисоби ин ниҳод, доманаи оташ 5 ҳавлиро фаро гирифтааст. Дар сӯхтори имрӯза дафтари кории ҳафтаномаи мустақили “Нигоҳ” ва хабаргузории “ТоҷNews” низ зарар дидаанд.

Мақомоти сӯхторнишонӣ ва умури дохилаи пойтахт барои хомӯш кардани оташ аз 7 мошини оташхомӯшкунӣ истифода карда, ҳаракати нақлиёт дар хиёбони Лоиқ Шералиро муваққатан масдуд карда буданд.
XS
SM
MD
LG