Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Капитани "хашмгини"-и милисаро аз кор ронданд


Отамурод Каримов ноболиғеро, ки ба кораш дахолат мекунад, дашном дода, аз пешаш меронад.
Отамурод Каримов ноболиғеро, ки ба кораш дахолат мекунад, дашном дода, аз пешаш меронад.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, баъди муроҷиати онҳо ба додситонии кулли Тоҷикистон барои арзёбии рафтори дағалонаи як капитани милиса ин афсарро аз мақомаш барканор кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, баъди шикояти онҳо аз рафтори як афсари милиса, ин афсар бо дастури додситонӣ аз мақомаш барканор шудааст. Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзи 20-уми сентябр бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, додситонӣ баъди муроҷиати созмони ғайриҳукуматии “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ” рафтори афсари милисаро тафтиш карда, масъалаи ҷавоб додани ӯ аз мақомоти корҳои дохилиро бо вазорати умури дохилӣ дар миён гузоштааст.

Барои роҳ додан ба қонунвайронкунӣ Каримов О аз вазифаи ишғолкардааш озод шуд

Созмони мазкур, ки ба додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон муроҷиат карда ва хостори чораҷӯӣ нисбат ба Отамурод Каримов шудааст, посухи додситониро нашр кард, ки дар он омадааст, “оид ба ҳолати мазкур аз тарафи Прокуратураи шаҳри Душанбе санҷиш гузаронида шуда, муқаррар гардид, ки нозири шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, капитани милитсия Каримов Отамурод бинобар сабаби аз ҷониби шаҳрвандон нисбаташ беҳурматӣ зоҳир намудан, ба ғазаб омада, бо алфози қабеҳ сухан гуфта, нисбаташон даст бардоштааст. Барои роҳ додан ба қонунвайронкунии мазкур, Каримов О. аз вазифаи ишғолкардааш озод шуда, рухсатшавии ӯ аз мақомоти корҳои дохилӣ масъалагузорӣ карда шуд. “

Дар идомаи посухи расмии додситонӣ омадааст, санҷиш дар ин самт идома дорад ва дар сурати муайян шудани шахсияти ҷабрдидагон, нисбати афсари милиса чораҳои қонунӣ андешида мешавад.

Моҳи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷумла Фейсбук, навори видеоии ҷанҷоли як афсари пулис нашр шуд, ки зимни гуфтӯгу бо ронандае як ноболиғро, ки ба ҷойи ҳодиса омадааст, дашном медиҳад. Айни замон афсар ноболиғро ду шаппотӣ мезанад. Баъди эрод гирифтани ронандаи мошине, ки ӯро нигаҳ доштаанд, капитани милиса мегӯяд, “кўдаки роҳгузара се бор илтимос кардам, гуфтам бори чорум мепарронамаш”. Навори мазкур, ки ҳазорон бор дида шудааст, баҳси зиёдеро барангехт ва корбарон мегуфтанд, ин як намунаи возеҳи муносибати маъмурони милиса, ки ҳомии қонун ба шумор мераванд, бо мардуми оддист.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, ки барои расидагӣ ба ҳодиса ба додситонӣ муроҷиат кардаанд, ин “навор рафтори ғайриқонунии корманди милиса ва муносибати бераҳмона, паст задани шаъну шарафи шахси ноболиғ, таҳдиди кушторро нишон медиҳад."

Гузашта аз ин ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ, корманди милиса ҳангоми муроҷиат ба шаҳрвандон аз калимаҳои қабеҳ истифода карда, шаъну шарафи онҳоро паст мезанад, ки мухолиф ба фармони вазири корҳои дохилӣ дар бораи хушмуомилагӣ бо шаҳрвандон аст.

Баъди нашри навори ҷанҷолбарангез дар Фейсбук, эътилоф рӯзи 9-уми август аз додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон хост, нисбати амалҳои кормандони милиса баҳои ҳуқуқӣ бидиҳад.

XS
SM
MD
LG