Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оё як нафар метавонад, як вазоратро аз зовияи хуб ба мардум муаррифӣ кунад? Баъзеҳо мегӯянд, бале. Баъзеи дигар мегӯянд, як гул ҳанӯз нишони баҳор нест ва як нафар наметавонад тасвири куллии ниҳодро, ки дар байни мардум чандон баобрӯ нест, аз байн бибарад.

Аммо Нор Шеров, корманди пулиси роҳ ё БДА, ниҳоде, ки аз ҳама бештар танқид мешавад ва ронандаҳо онро фасодзадатарин меноманд, мегӯяд, ки ин ниҳод одамони хуб зиёд дорад ва қазовати умумӣ боис ба ранҷиши онҳо мешавад. Нор Шеров дар маркази шаҳр постгоҳ дорад ва мардуме, ки ҳамеша постгоҳи ӯро убур мекунанд, "пулиси меҳрубон" меноманд.

Шояд бо хондани ин ҷумлаҳо аксари Шумо абрӯ баланд кунед, ки "биё мон, пулис ба таъриф намеарзад." Махсусан, ҳоло ки бисёр вақт дағалии ходимони пулиси Тоҷикистон дар шакли наворҳои нигаронкунандаи пур аз ҳақорат ва таҳқири шаҳрвандон дар Интернет зоҳир мешаванд. Аммо Нор Шеров ва афроде, ки ӯро дидаанд, мегӯянд, "ӯ дигар аст". Ин далел, ки аксҳои ӯ ба унвони милисаи бофарҳанг ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, ба маъноест, ки мардум ба мавҷудияти милисаи хуб эътимод кардаанд.

Шӯҳрат Ҷӯраев, корманди сандуқи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид, мегӯяд, тӯли се соли фаъолияташ дар ин созмон, ки воқеъ дар бинои “Вефа” аст, ҳар рӯз Нор Шеровро бо ду даст дар пеши бар ва чеҳраи хандону самимӣ мебинад. Ӯ мегӯяд, Нор Шеров танҳо нафарест, ки вазифа ва рисолати худро ба унвони як корманди ҳифзи ҳуқуқ ба дурустӣ ва содиқона иҷро мекунад.

Шӯҳрат Ҷӯраев қисса мекунад, "як субҳ ин милиса ду зани солхӯрдаро аз роҳ гузаронд ва нишон дод, ки бояд ба куҷо раванд. Чунин хислати инсониро бояд ҳама дошта бошанд. Имрӯз, мутаассифона, чунин бархӯрди хуб ва хислатҳои неки инсонӣ миёни мардум кам шудааст ва ба бархӯрди хуби милиса бо тааҷҷуб нигоҳ мекунем.”

Кормандони БДА ё пулиси роҳ дар Тоҷикистон аз тарафи ронандаҳо ва мусофирон танқид мешаванд ва худи вазорат то чанде пеш дар рӯйхати идораҳои фасодзадаи кишвар шомил буд. Дар наворҳое, ки шаҳрвандон аз қонуншиканиҳои ҳомиёни қонун дар интернет нашр мекунанд, ин таассурот ҳосил мешавад, ки алфози қабеҳ барои пулис як лаҳни маъмулӣ аст.

Нор Шерови 53-сола, ки худро "кадри замони Шӯравӣ" медонад, гуфт, ӯ дар замони коммунизм ба воя расида ва ҳамин тавр бо салому муносибати хуб бузург шудааст. Ин афсар бо 900 сомонӣ маош ва панҷ фарзанд, иддао мекунад, ки ҳеҷ гоҳ аз мақоми худ сӯиистифода накардаст ва аз касе ҳам тамаъ нахостааст. Сокинони атрофи маркази "Вефа" бар хилофи дигар милисаҳои роҳи Душанбе муносибати Нор Шеровро ҳамчун намуна медонанд.

Муҳаммад, як сокини пойтахт мегӯяд, муддати даҳ соли ронандагияш Нор Шеровро ҳамчун як милисаи намунавӣ мешиносад. Муҳаммад мегӯяд, "барояш фарқ намекунад, бо ҳама, ҳатто бо афроди ношинос салому алейк мекунад. Дар тартибу ҷобаҷо кардани мошинҳо ҳам нақши ӯ зиёд аст. Бидуни ӯ тартибот дар инҷо мушкил аст."

Баъзе аз меҳмонони хориҷӣ баъди бозгашт аз сафари Тоҷикистон шеваи кори кормандони пулисро танқид карданд. Онҳо мегӯянд, корманди пулис бо баҳонаи дидани шиноснома онҳоро бисёр пурсуҷӯ ва ҳатто гоҳе аз онҳо пул ҳам талаб мекунад. Бенёмин Квечен, як амрикоӣ, ки барои чанд муддат ба Тоҷикистон омадааст, мегӯяд, аз бархӯрди пулиси Тоҷикистон таҷрибаҳои гуногун дорад.

"Аввалин рӯзе, ки ба Тоҷикистон омадам, ба пеши ҳайкали Исмоили Сомонӣ рафтам. Онҷо як пулис аз ман паспортамро хост, телефонамро гирифт ва бо дурбини телефон аз ман чандин сурат бардошт. Баъдан пул хост, ки ман надодам. Таҷрибаи хубам ин аст, ки як шаб дар маркази шаҳр роҳро гум кардам, аз як пулис пурсидам, ки бояд ба кадом мошин савор шавам. Ӯ кумак кард ва ҳатто дастамро гирифт ва аз як тарафи хиёбон ба тарафи дигар бурд," - нақл кард ӯ.

Ба гуфтаи Бенёмин, аз рӯи мушоҳидаҳои худу дӯстонаш дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон, ба ин натиҷа расидааст, ки муносибати милисаҳои Хуҷанд беҳтар аз муносибати онҳо бо мардум дар пойтахти кишвар аст. Ба таъкиди ӯ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Хуҷанд нисбатан касбӣ ва дар бархӯрд бо ӯву дӯстонаш хушмуомила будаанд.

Нор Шеров, пулиси роҳи Душанбе, мегӯяд, вазифаи милисаҳо асосан ҳифзи ҳуқуқи сокинон ва таъмини бехатарӣ аст ва эътимоди мардум нисбат ба пулис танҳо дар асоси муносибат ва муомилаи хуб бо мардум ба даст меояд. Ба гуфтаи ин афсари милиса, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд тавре рафтор кунанд, ки ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам шаҳрвандони кишварҳои дигар аз дидани онҳо эҳсоси амният кунанд, на ин ки битарсанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG