Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакилони тоҷик 3 октябр савганд ёд мекунанд


63 вакили Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 3 октябри соли ҷорӣ барои нахустин бор ба номи мардуми кишвар, яъне интихобкунандаҳо, савганд ёд мекунанд.

Қиёмиддини Миралиён, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 25 сентябр гуфт, ки то кунун тибқи масъулияти бар зиммаашон

Бояд виҷдон дар ҷои аввал бошад ва кор ба савганд накашад.
Иброҳим Усмонов

гузошта кор мекарданд, вале пас аз ёд кардани савганд масъулияташон бештар хоҳад шуд. “Мо мусалмонем ва арзиши савгандро дарк мекунем. Вақте қасам мехӯрем, баландтарин масъулиятро ба худ мегирем, ки бояд ба ваъдаи худ вафо кунем”,- таъкид кард ӯ.

Акрамшо Фелалиев, вакили дигари Маҷлиси намояндагон, мегӯяд, савганд ёд кардан барои вакилон дар иҷрои вазифаи худ, яъне таҳияи қонунҳо аҳамияти бештар дорад. Ба қавли ӯ, ҳамакнун вакилонро зарур аст, то қонунҳои дархӯри ҷомеаро таҳия ва тасвиб намоянд, то барои беҳбуд бахшидани зиндагии мардум мусоидат кунад.

Қиёмиддини Миралиён
Қиёмиддини Миралиён

Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки оё бо савганд ёд кардани вакилон, эътибори порлумон тавре бархе расонаҳо онро ба як порлумони “кисагӣ”, “хомӯш” ва “беиқдом” ба риштаи тасвир мекашиданд, боло хоҳад рафт ва дар ҳалли масоили муҳими ҷомеа ҷиддан бархӯрд хоҳад кард? Дар робита ба ин суол вакилони порлумон посух надоданд, аммо тавре профессор Иброҳим Усмонов гуфт, то кунун виҷдон арзиши вакили порлумонро муайян мекард ва ҳоло савганд бар он афзуда шуд.

Ӯ гуфт, “бояд виҷдон дар ҷои аввал бошад ва кор ба савганд накашад. Аммо акнун, ки вакилон савганд ёд мекунанд, ин водор мекунад, навиштани қонунҳо ва ҳалли масъалаҳои муҳим барои ҷомеа аз пештара дида беҳтар шавад. Вакилони порлумон ҳақ доранд, ки дар доираи қонуни буҷа масъулони вазоратҳоро даъват намуда, ҷиддӣ бо онҳо суолу ҷавоб кунанд ва савганд дар назди мардум ба ин иқдом мусоидат хоҳад кард.”

Дар ҳамин ҳол, як сокини ноҳияи Ҳисор, ки худро Абдураҳмон муаррифӣ намуд, гуфт, ба аҳамияти савганди вакилон чандон бовар надорад, “зеро дар вақти интихобот барои ба даст овардани овоз ваъдаву қасами зиёд хӯрда буданд, аммо баъдан ҳеҷ коре барои мардум накарданд”. Вай гуфт, “мо баъди интихобот вакили худро қариб фаромӯш кардаем ва агар муроҷиат ҳам кунем, кореро иҷро намекунад.”

Иброҳим Усмонов
Иброҳим Усмонов

Меъёри савганд хӯрдани вакилони порлумон ба мардуми Тоҷикистон ҷузъе аз 41 тағйиру илова ба Қонуни асосии Тоҷикистон буд, ки рӯзи 22 май тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Бар асоси ин тағйирот, аъзои ҳукумати Тоҷикистон ба номи раиси ҷумҳур қасам мехӯранд. Ин барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон қасами вакилони порлумон ва аъзои ҳукумат ба номи халқ ва президент расмӣ мешавад. Дар гузашта, дар соли 2006 танҳо савганди садоқати нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба номи раиси ҷумҳур қонунӣ шуда буд.

Савганд ёд кардан ва ё ба касе савганд додан дар ҷомеаи Тоҷикистон як амали боаҳамият ва эътимодсоз аст. Мардум бештар ба ҳарфе эътимод мекунанд, ки агар гӯянда қавли худро бо қасам мустаҳкам кунад.

Вазорати фарҳанги Тоҷикистон низ қасам ё савгандро аз анъанаҳои шифоҳии "фаъол" дар кишвар эътироф кардааст. Муаллифони "Феҳристи миллии мероси фарҳанги ғайримоддии Тоҷикистон", ки ба тозагӣ нашр шудааст, мегӯянд, сокинони кишвар асосан бо қасам хӯрдан дуруст будани андеша ё гунаҳкор набудани худро собит мекунанд.

XS
SM
MD
LG