Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Як сокини вилояти Самарқанд баъди бозгашт аз муҳоҷират ҳамсарашро бо гумони хиёнат кушта ва сипас худро ба пулис таслим кардааст.

Рӯзи 28-уми май як сокини 30-солаи деҳаи Зирабулоқи ноҳияи Норпой дар вилояти Самарқанд ҳамсари 27-солаи худро кушт ва сипас довлатабона бо идораи полис рафта, худро таслим наму.

Шавҳар, ки чанде пеш аз муҳоҷират дар Русия баргашта буд, субҳи 28-уми май ба ҳамсараш занг зад, ки қаҳру итобро як сӯ гузорад ва ба хона бозгардад. Ҷавонзан бо ду кӯдакаш манзили шавҳарро тарк кардаву ба хонаи падараш рафта буд ва барои талоқ ба додгоҳ ариза дода буд. Вай аз даъвати оштиомези шавҳараш шод шуд ва тифлонашро гирифтаву ба хона баргашт. Аммо шавҳар нақшаи дигар дошт...

ШУБҲА ВА ДАЛЕЛ

Зирабулоқ деҳаи калоне нест ва ҳарчӣ дар ин ҷо иттифоқ меафтад, зуд сари забони аҳли он мегардад. Мегӯянд, шавҳари ҷавон, ки дар моҳи март аз Русия баргашт, зани ҷавон ва зебои худро айбдор мекард, ки дар набудани ӯ бо як таксирон ҳамнишин шудааст. Аммо ҷавонзан савганд мехӯрдааст, ки ба шавҳараш хиёнат накардааст ва дасти касе ба бадани ӯ нарасидааст.

Номи ҳам шавҳар ва ҳам зан ба бахши узбакии Радиои Озодӣ маълум аст, вале қарор шуд, ин номҳо ошкор нашаванд. Ҳоло шавҳар дар боздоштгоҳ аст ва ниҳодҳои интизомии ноҳияи Норпойи вилояти Самарқанд мегӯянд, вай худаш бо пойи худ ба идораи умури дохилӣ омадааст. Ҳамсари ӯро рӯзи 29-уми май дафн карданд ва ду кӯдакро, яке чаҳорсола ва дигаре дунимсола, модари зан бо худ бурдааст.

Хархашаи хонаводагӣ замоне ба авҷ расидааст, ки шавҳар ба ширкати “Paynetга” маблағи зиёде додаву дар бораи чӣ қадар паёмак ё СМС фиристодану чӣ қадар ва бо кадом шумораҳо сӯҳбат кардани ҳамсараш маълумот гирифтааст. Ошкор шудааст, ки ҷавонзан дар давраи муҳоҷирати шавҳараш ва гоҳе ҳам пас аз соати 12-и шаб бо нафаре дурудароз сӯҳбат мекардааст. Зан ба ин ҷурм иқрор кард, вале савганд хӯрд, ки ҷисман хиёнат накардааст. Аммо ин далел барои шавҳараш кофӣ буд ва талоши хешу наздикон ва аҳли гузар барои наҷоти оила натиҷа надод.

ТӮҲМАТ БА ҲАМДИГАР

Ҳанӯз пеш аз фоҷиа дар бораи ҷавон овозаҳое паҳн гаштааст, ки ӯ майзада ва нашъаманд будаааст, вале бисёре аз сокинони деҳаи Зирабулоқ ин овозаҳоро рад мекунанд. Бархе аз онҳо ҳамчунин мегӯянд, зан низ солеҳа ва порсо буд ва ҳеч ҳарфи баде дар бораи ӯ нашунида буданд.

Ин дар ҳолест, ки бархи дигар мегӯянд, ҳарчанд шавҳар як сол аз ҳамсараш дур буд, занро обистан ё бордор ёфт ва натавонист, ин шармандагиро тоб оварад.

Як ҳамсояи ин хонавода гуфтааст: “Зани бадгашт зуд фош мешавад, аммо ҳамсояи мо ба чунин занон монанд набуд. Худаш ду кӯдакро тарбия мекард ва дар рафтораш ягон нишонаи ахлоқи бад дида намешуд.”
Ин сӯҳбатҳо ҳам ҷой доранд, ки сабри дурударози занон ба дурӣ аз мард мушкил аст ва на ҳама тоби онро дорад. Ҷавонмардҳое, ки ба муҳоҷират мераванд, баъзан то шаш моҳ ва 1 сол ва гоҳе бештар ба назди занони худ барнамегарданд ва танҳо ба оилаҳои худ пул мефиристанд. Овозаҳои ин ки онҳо дар Русия ё кишварҳои дигар бо занони дигар ҳамхобагӣ мекунанд, ҳамсарони онҳоро азият медиҳанд. Ба сурати умум, бо вуҷуди он ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба муҳоҷират ҳамчун имконияти дарёфти пули хуб арҷ мегузоранд, дар асл он ба фосид шудани ахлоқ ва шикасти арзишҳои волои оилаву фарзанддорӣ ва афзоиши талоқ сабаб гаштааст.

ЗАНОН БЕ МАРДҲО

Наздикии ҷинсӣ як талаботи ҷисмонии зану мард аст ва илм исбот кардааст, ки афроди 25-30-сола ҳафтае на камтар аз 3 бор бояд қаробати ҷинсӣ дошта бошанд. Танаффус дар ин амал барои чунин афрод, ба ақидаи физиологҳо набояд аз 5-6 моҳ бештар шавад.

Ҳамсарони муҳоҷирон бо машаққати зиёд талош мекунанд, ба чунин фосилаи тӯлонӣ тоб оваранд, аммо на ҳамаи онҳо иродаи қавӣ доранд. Ба ғайр аз наздикии ҷисмонӣ онҳо ҳамчунин ба ҳимояти равонӣ ва маънавӣ ниёз доранд, то бар танҳоӣ ва ғуссаҳои хеш пирӯз гарданд.
Блогнавис Гуласал Камолова мегӯяд, вай бисёр вақт рафтори занонеро, ки шавҳаронашон ба муҳоҷират рафтаанд, мушоҳида мекунад. Вай меафзояд: “Баъзе нишонаҳои аҷиби рафтори онҳо дар тӯю маъракаҳо ба чашм мехӯрад. Ман ҳамаро дар назар надорам, албатта, аммо аксрари ҷавонзаноне, ки моҳҳои зиёд шавҳарони худро намебинанд, майл доранд, хеле зуд ба илтифоти ҷавонон таваҷҷӯҳ кунанд. Шояд на ҳамеша мақсад хиёнати ҷисмонист, лекин “нағмаҳо”-и бешармонаи онҳо дар телефонҳои ҳамроҳ зиёд дида мешавад. Ман, масалан, ҳарчӣ зиёдтар мебинам, ки занони соҳиби фарзанд аксҳои лучи худро ба телефони ҷавонон мефиристанд. Онҳо соатҳои дароз дар телефон бо ҷавонон суҳбат мекунанд ва ниҳоят тан медиҳанд, ки аксҳои маҳрамонаи худро барои ин ҷавонон фиристанд. Худи ҳамин ҳам, ба фикри ман, хиёнат ба шавҳар ва хиёнат ба оила аст.”

ХУЛОСА

Ҷое барои шубҳа нест, ки муҳоҷирати дарозмуддати мардҳо сабаби афзоиши талоқ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ шудааст. Барои намуна, соли гузашта дар Узбакистон 24 000 оила фурӯ пошидааст. Шумораи талоқ дар Тоҷикистон низ дар соли 2013 назар ба 2012 қариб 600 маврид бештар шудааст.

Чанд моҳ пеш як қазияи монанд ба "Отелло"-и самарқандӣ дар ноҳияи Ҳисор рух дода буд. Дар инҷо як муҳоҷир баъди бозгашт ҳамсарашро ба хиёнат айбдор карда, ӯро, ба гуфтаи шоҳидон, дар пеши чашми мардум дар назди бинои шӯъбаи умури дохила кушт ва сипас худро ба пулис таслим кард.

Аз он пеш як чунин ҳодисаи қатли ҳамсар дар заминаи нобоварӣ ба садоқати ӯ дар соли 2012 дар вилояти Хатлон мушоҳида шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG