Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи вилояти Хатлон сокини ноҳияи Қубодиён Далер Ватановро бо иттиҳоми куштори шаҳрванди Русия Олга Ермакова ба 16 соли зиндон маҳкум кард.

Котиботи додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 2-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додрас Тоштемур Қурбонзода рӯзи 1-уми апрел ҳукми худ дар нисбати Далер Ватановро содир намуда, ӯро 16 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Як рӯз аз он пеш айбдоркунандаи давлатӣ аз додситонии вилоят, барои куштори шаҳрванди Русия Олга Ермакова барои Далер Ватанов 18 соли маҳбас талаб карда буд. Ба гуфтаи як хабарнигори маҳаллӣ, худи Ватанов дар додгоҳ гуноҳашро ба гардан гирифтааст. Вакили мудофеъи ӯ ба ин далел гуфтааст, аз додрас танҳо як чиз мехоҳад, ки ҳангоми эълони ҳукм нисбати муваккили ӯ аз тараҳҳум кор бигирад ва ҳукми ҳаддалиимкон сабуктараш бидиҳад.

Далер Ватанов, ки гуфта мешавад, дар соли 2012 дар шаҳри Саратови Русия Олга Ермаковаро ба қатл расонида, ба Тоҷикистон фирор кардааст, аз сӯи додгоҳ бо панҷ моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, аз ҷумла «куштори барқасдона», «аз худ кардани моликият», «пинҳон доштани ҷиноят» ва бо амалҳои дигари ҷиноӣ, айбдор дониста шуд.

Ба иттилои додгоҳи вилояти Хатлон, тафтиши амалҳои ҷиноии Далер Ватанов, ки дар Русия ба куштор даст задааст, дар авохири соли 2012 аз тарафи мақомоти интизомии Русия сурат гирифта, хулосаи тафтишот ба мақомоти Тоҷикистон ирсол шудааст. Ва бар асоси он, мақомоти тоҷик дар моҳи декабри соли 2013 Далер Ватановро дар зодгоҳаш - ноҳияи Қубодиён - боздошт карданд.

Далер Ватанов бо Олга Ермакова, сокини Санкт-Петербург тақрибан собиқаи сесолаи зиндагии заношавҳарии бидуни ақди расмии никоҳ доштаанд ва ба гуфтаи мақомоти Русия, вақте ки хонум Ермакова дар деҳаи Котовраси Саратов манзил мехарад, онҳо бо машварат ва савори ду мошин озими хонаи нав мешаванд. Тақрибан 15-уми августи соли соли 2012 вақте онҳо ба инҷо мерасанд, баъди се рӯз Олга нопадид мешавад ва ба иддаои мақомоти тафтишотӣ, Далер бо баҳонаи харид Даниел--писари Олгаро дар сари роҳ партофта, мошини ҳамсарашро ҳам дар ивази 150 ҳазор рубл мефурӯшад ва ба Тоҷикистон фирор мекунад.

Вақте ки муфаттишон аз Даниели 5-сола мепурсанд, ки падархондаш Далер ба ӯ чӣ гуфт, вай гуфтааст, ки «дар ҳамин сари роҳ мунтазири ман бош ва ба ҳеҷ куҷо нарав, ман ҳатман бармегардам.»

Пас аз ду моҳ муфаттишон ҷасади Олгаро дар назди манзилаш дар Котоврас аз чуқурии як метр пайдо карданд, ки зоҳиран ҷабран кушта шуда буд. Кумитаи тафтишоти Русия пас аз ошкор шудани ин ҳодиса алайҳи Далер Ватанов, сокинони ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон парванда боз кард. Аммо азбаски қонунҳои Тоҷикистон ба кишвари дигар истирдод кардани шаҳрванди ин кишварро манъ мекунад, муҳокимаи парвандаи Далер Ватанов дар худи Тоҷикистон сурат гирифт ва рӯзи 2 апрел бо эълони 16 сол ҳукми зиндони ӯ анҷом ёфт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG