Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешниҳоди савганд ёд кардани вакилони парлумон дар назди мардум ва аъзои ҳукумат ба президент, тамоми марҳилаҳои қонуниро тай кард ва рӯзҳои наздик ба ҳолати иҷро медарояд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи шанбеи 23-июл як зумра қонунҳоеро, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул ва аз сӯи Маҷлиси Миллӣ тасвиб шуда буданд, имзо кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон қонун “Дар бораи ҳукумат ва вазъи ҳуқуқии аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон”-ро низ ба имзо расонд, ки бар пояи он, аз ин ба баъд аъзои ҳукумати Тоҷикистон пеш аз иҷрои вазифаашон ба номи раисиҷумҳур қасам ёд карда, ваъда хоҳанд дод, ки тамоми нерӯи худро барои рушд ва боло бурдани обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ сарф хоҳанд кард.

Дар навбати худ вакилон бо ёд кардани савганд ба номи мардум ба онҳо ваъда медиҳанд, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва истиқлоли давлатӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон саҳмгузор мешаванд ва дар таҳияву қабули қонунҳо содиқона ва аз рӯи виҷдон амал мекунанд.

"Савганди шахсони мазкур ҷиҳати хизмати софдилона ва садоқат ба халқу Ватан ва ба Президенти кишвар ҷузъи асосии меъёри қонунҳои конститутсионии номбударо ташкил медиҳад",-- омадааст дар хабари дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз инчунин қонунҳо «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти башардӯстонаи зидди минаҳо», «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо намуд. Матни пурраи ин қонунҳо рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар нашр мешавад ва сипас ба ҳолати иҷро медароянд.

Парлумони Тоҷикистон 22-юми июни соли ҷорӣ ба қонуни конститутсионӣ “Дар бораи ҳукумат ва вазъи ҳуқуқии аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон” тағйирот ворид кард, ки бар пояи он аъзои ҳукумат ба президент ва вакилон ба ба номи халқ савганд ёд мекунанд.

ҚАСАМ БА НОМИ ХУДО Ё ПРЕЗИДЕНТ (НАВОР АЗ БОЙГОНӢ)

Савганд ёд кардан ва ё ба касе савганд додан дар ҷомеаи Тоҷикистон як амали боаҳамият ва эътимодсоз аст. Мардум бештар ба ҳарфе эътимод мекунанд, ки агар гӯянда қавли худро бо қасам мустаҳкам кунад. Аммо бо ин ҳам коршиносон ба муассир будани чунин савгандёдкуниҳо чандон хушбин нестанд. Зеро ба иддаои онҳо, савганд шикастан дар ҷомаеи тоҷик як амри маъмулӣ шудааст, ки ҳамарӯза ба чашм мехӯрад.

Бо ин ҳама, ин барои аввалин бор аст, ки дар Тоҷикистон қасами аъзои ҳукумат ба номи президент расмӣ мешавад. Дар гузашта, дар соли 2006 танҳо савганди садоқати нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба номи раисиҷумҳур қонунӣ шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG