Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 1-3 шикаст хӯрд.

Нуриддин Давронов, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон ва дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бо нашри як паём дар саҳифаи Фейсбуки худ аввал аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва баъдан аз раҳбарияти Федератсияи футболу мухлисон барои он ки бозиро бо ҳисоби бузург ба Урдун бохтаанд, узрхоҳӣ кардааст. Ӯ гуфтааст, "мо натавонистем, умедҳои Шуморо бароварда кунем.. Шармовар аст. Як бори дигар бубахшед."

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар нахустин даври сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” аз тими миллии Урдун бо ҳисоби 1-3 мағлуб гашт. Ин бозӣ шаби панҷшанбеи 11 июн дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳузури 19 ҳазор тамошобин баргузор шуд. Ин бозиро дар варзишгоҳ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, низ тамошо кард.

Бояд гуфт, ки ин аввалин бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Урдун ба шумор мерафт.

Ҳарсе голи мунтахаби Урдунро Ҳасан Абдулфаттоҳ дар дақиқаҳои 29, 63 ва 89-ум ба ҳадаф расонд. Як голи мунтахаби Тоҷикистонро Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаи 66-ум зад.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар бозӣ муқобили тими миллии Урдун чунин буд: Алишер Тӯйчиев, Эраҷ Раҷабов (Ҷаҳонгир Ҷалилов, 84), Давронҷон Эргашев, Иброҳим Рабимов (Аҳтам Ҳамроқулов, 38), Нуриддин Давронов, Хуршед Маҳмудов (Фарҳод Тоҳиров, 73), Сиёвуш Асроров, Дилшод Восиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов, Фарҳод Восиев (капитан).

Дар нишасти хабарӣ, ки баъди ин бозӣ баргузор шуд, нахуст Аҳмад Абдулқодир, сармураббии тими миллии Урдун, ба хабарнигорон чунин гуфт: “Аввалан мехостам дастаи Тоҷикистонро барои бозии хуб табрик бигӯям. Он нақшае, ки гузошта будем, иҷро шуд. Дар қисми аввали бозӣ мо имкон доштем, ки чор-панҷ тӯб ба дарвозаи мизбонон занем, вале танҳо як гол задем. Бозигари мо Ҳасан Абдулфаттоҳ,ки легионер аст ва дар яке аз бошгоҳҳои Қатар бозӣ мекунад, дар ними аввал моҳирона як голи олиҷаноб зад. Ман пеш аз омодагӣ ба ин бозӣ мунтахаби Тоҷикистонро хуб омӯхтам. Ҷойҳои заъфи дастаро медонистам. Соли гузашта, ки бо тими “Равшан” бозӣ доштем, футболи тоҷикро то андозае омӯхтам. Ин ба мо имкон дод, ки бо чунин ҳисоб пирӯз шавем. Ман бозии мунтахаби Тоҷикистонро пештар дида будам, вале ҳоло фарқ аз замин то осмон аст. Бозигарони рақамҳои 8 (Нуриддин Давронов), 15 (Аҳтам Ҳамроқулов) ва 21 (Манучеҳр Ҷалилов) хуб бозӣ карданд. Онҳо хеле моҳиру чолок буданд.Дар ин бозӣ, албатта ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон ва дастгирии мухлисон қобили зикр аст. Мо низ чунин дастгириро аз ҷониби шоҳзадаи кишварамон ҳамеша эҳсос мекунем”.

Баъдан дар ин нишаст Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон, ба хабарнигорон чунин иброз дошт: “Дар назди мухлисон хиҷолат кашидам. Шояд бозигарони мо ба ҳаяҷон омада буданд. Мо бозиро таҳлил мекунем, вале бори дигар мегӯям, ки аз ин бозӣ шармсорем.Чунин бозӣ кардан мумкин нест. Ба рақибамон аҳсант мегӯем. Дараҷаи бозиашон баланд аст ва имрӯз онҳо зӯртар буданд. Ягона бозигаре, ки хубтар бозӣ кард ва гол зад, ин Манучеҳр Ҷалилов буд. Инчунин дарвозабонамон Алишер Тӯйчиев, моро аз чандин гол эмин дошт. Мутаассифона, легионерҳои мо, ки ба ҷамъомади таълимиву тамринӣ дертар омаданд, натавонистанд маҳорати хуб нишон бидиҳанд”.

Бозии дигари гурӯҳи “В” байни дастаҳои мунтахаби Бангладеш ва Қирғизистон шоми 11 июн ба анҷом расид. Дар ин бозӣ меҳмонон – футболбозони қирғиз бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуданд.

Ёдовар мешавем, мунтахаби Тоҷикистон дар сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи “В” бо тимҳои миллии Австралия, Урдун, Қирғизистон ва Бангладеш рақобат мекунад.

Бозии даври дувумро футболбозони тоҷик рӯзи сешанбеи 16 июн дар меҳмонӣ бо мунтахаби Бангладеш анҷом медиҳанд.

Тақвими бозиҳои мунтахаби Тоҷикистон дар даври дувуми интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2018 дар гурӯҳи «В»:

Даври 1-ум

11 июн (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Урдун – 1-3

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 2-юм

16 июн (сешанбе)

Бангладеш – Тоҷикистон

Даври 4-ум

8 сентябр (сешанбе)

Тоҷикистон – Австралия. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 5-ум

8 октябр (панҷшанбе)

Қирғизистон – Тоҷикистон

Даври 6-ум

13 октябр (сешанбе)

Урдун– Тоҷикистон

Даври 7-ум

12 ноябр (панҷшанбе)

Тоҷикистон – Бангладеш. Соати 17:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Даври 9-ум

24 марти соли 2016 (панҷшанбе)

Австралия – Тоҷикистон

Даври 10-ум

29 марти соли 2016 (сешанбе)

Тоҷикистон – Қирғизистон. Соати 18:00.

Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

Абдураҳмон Назаров, нафақахӯр аз шаҳри Ваҳдат, ки барои тамошои бозии дастаҳои Тоҷикистону Урдун ба Варзишгоҳи марказии Душанбе омада буд, ба 15 сомонӣ соҳиби бурди олии лотерея – мошини сабукрави «Мерседес-Бенс» -гардид. Инчунин ду мухлиси дигар, Суннатулло Давлатов, хонандаи синфи 10-и мактаби рақами 67-и ноҳияи Рӯдакӣ ва Қутбиддин Муқимов, омӯзгори Донишкадаи молияву иқтисоди Тоҷикистон аз шаҳри Душанбе, телефони мобилии «iPhone 6» ва планшети «iPad» бурданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG