Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имомхатибон роҳҳои шинохти ифротгароёнро меомӯзанд


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Имомхатибони тоҷик ба омӯзиши усулҳои шинохти ҷавонони ифротӣ ва роҳҳои тозаи ҷилавгирӣ аз гароиши ҷавонон ба ин гурӯҳҳоро оғоз мекунанд.

Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар курсҳои кӯтоҳмуддати худ ба имомхатибон тағйирот ворид кардааст ва ин бор курсҳои худро на дар Душанбе, балки бо ҷалби гурӯҳи устодони иборат аз равоншиносон, сиёсатшиносон, диншиносон дар худи шаҳру навоҳӣ давра ба давра анҷом хоҳад дод.

Шинохти ифротиён ва талош барои пойдории сулҳ

Ба гуфтаи мақомот, имомхатибон дар ин курсҳои кӯтоҳмуддат, ки то поёни соли 2016 идома хоҳад кард, роҳҳои иртибот бо мардум ба хотири ҷилавгирӣ аз пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва саҳм гузоштан дар пойдории сулҳу оромиро меомӯзанд.

Ҳусейн Шокиров

Ҳусейн Шокиров

Ҳусейн Шокиров, сардори раёсати иттиҳодияҳои динии Кумитаи дини Тоҷикистон, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, курсҳои кӯтоҳмуддат аз моҳи январ оғоз шуданд ва имомхатибони ноҳияҳои Данғара ва Исфара аз нахустин имохатибоне хоҳанд буд, ки ин давраи омӯзиширо мегузаранд. Ӯ мегӯяд, талоши рӯҳониён барои ҷилавгирӣ аз гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ дар соли гузашта натиҷа додааст.

“Алакай, падару модарони ҷавонон танҳо аз сӯҳбати рӯҳониён огоҳ гардида, худашон доир ба иштироки фарзандонашон ба гурӯҳҳои ифротӣ хабар медиҳанд. Онҳо рафтори фарзандашонро дида, аз сӯҳбати рӯҳониён эҳсос мекунанд, ки ин рафтори маъмулӣ нест, аз ин рӯ, пеши роҳи пайвастани ин ҷавон ба гурӯҳҳои терористӣ гирифта мешавад,” - гуфт Шокиров.

Имомхатибоне, ки ин давраи омӯзиширо хатм мекунанд, бо назорати шеваи намозгузорӣ ва сӯҳбати ҷавонон бояд ақидаи мазҳабиашонро дақиқ намуда, бо анҷоми сӯҳбат воқеиятҳоро аз нигоҳи мазҳабию сиёсӣ барояш шарҳ диҳанд.

Пайгирии ақидаи ҷавонон дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Домулло Маъруф Раҳимов

Домулло Маъруф Раҳимов

Домулло Маъруф Раҳимов, имомхатиби масҷиди Сари Осиёи шаҳри Душанбе мегӯяд, воқеан, рӯҳониён ба чунин як давраи омӯзишӣ ниёз доранд. Ин рӯҳонӣ аз ҳоло ба хотири шинохти бештар аз гурӯҳҳои ифротӣ тарзи истифода аз шабакаҳои иҷтимоиро аз бар намудааст, чун ақида дорад, ки ин гурӯҳҳо маҳз аз ҳамин тариқ ҷавононро ба сафҳои худ ҷалб месозанд.

Гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла равияи Салафия бо тарзи намозгузории хос дар миёни намозгузорон фарқ мекунанд.

Аммо Домулло Маъруф мегӯяд, пас аз сӯҳбатҳои зиёд ба хулосае расидааст, ки на ҳама ҷавононе, ки шеваи дигари намозгузорӣ доранд, пайрави гурӯҳҳои ифротӣ ҳастанд: “Бисёрашон пайрави мазҳаби Ҳанафӣ ҳастанд. Ҳарчанд, дар рафторашон мисли дастҳоро рӯи сина гузоштан ва пойҳоро кушод мондан ҳангоми намозхонӣ мушоҳида мешавад. Аз тарафи дигар, ҳастанд ҷавононе, ки аиқдаҳои ба ном салафӣ ҳастанд. Мо ҳамеша аз масҷид тарзи дуруст намоз гузоштанро ташвиқ мекунем.”

Ин рӯҳонӣ мегӯяд, дар баробари фаҳмонидани мазҳабу равияҳо агар ба хубӣ ба ҷавонон аз воқеияти ҳодисаҳои Ховари Миёна ва сӯистифода аз номи Исломро маълумот бигиранд, он гаҳ онҳо ҳеҷ гоҳ ба гурӯҳои ифротӣ нахоҳанд пайваст.

Давоми чанд соли ахир дар Тоҷикистон гурӯҳҳое мисли Ҳизб-ут-таҳрир, Салафия, Ҷамоати Таблиғ пайдо шуданд, ки Додгоҳи олии Тоҷикистон онҳоро терористӣ ва экстремистӣ эълон карда, фаъолияташонро дар қаламрави кишвар маъмнуъ кардааст. Ин гурӯҳҳо, ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, бо роҳҳои пинҳонӣ шаҳрвандони кишварро ба сафи худ ҷалб намуда, ба ҷангҳои Ироқу Сурия ва ё тахрибкорӣ дар дохили Тоҷикистон ташвиқ мекунанд.

“Эътимод ба имомхатибонро бояд эҳё кард”

Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода, коршиноси масоили мазҳабии Тоҷикистон вале мегӯяд, имомхатибон дар байни мардум чандон эътибори хосе надоранд. Ӯ мегӯяд, албатта, ин омӯзишҳо хубанд, аммо то замоне ки эътимод ба рӯҳониён боло бурда нашавад, чунин тамринҳо ва сӯҳбатҳо натиҷаи чандоне нахоҳанд дод.

“Вақте ба рӯҳониён эътимод надоранд, хеле мушкил аст, ки ба ҳарфашон гӯш диҳанд. Ҳоло мебинем, ки як нафари нохондае, ки сӯҳбат мекунад, бештар аз як имомхатиб маъруфият дорад. Ҷавонон ҳам бештар ба ташвиқоти онҳое дода мешаванд, ки аз сафҳои ДИИШ бо дониши нохуб сӯҳбат мекунанд. Ба ҳамин хотир ҷойгоҳи имомхатибон бояд боло бурда шавад. Онҳо саводи хуби сиёсиву динӣ дошта бошанд, ки ба ҳарфашон сокинон гӯш диҳанд,” - гуфт Ҳодизода.

Кумитаи кор бо дини Тоҷикистон тасмим дорад, ки дар давоми соли 2016 беш аз ду ҳазор имомхатибро ба давраҳои омӯзишии шинохти ифротгароён ҷалб кунад.

Тоҷикистон ҳамеша аз ифротгароӣ эҳсоси хатар мекунад. Бо фаъол шудани гурӯҳҳои ифротӣ дар наздикиҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ва пайвастани беш аз 500 ҷавони тоҷик ба гурӯҳи худхондаи “Давлати исломӣ” дар Сурияву Ироқ чораҳои мубориза зидди ифротгароӣ дар кишвар пурзурзӯр мешаванд. Ҷалби имомхатибон ба ин давраи омӯзишӣ низ яке аз роҳҳои пешгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ унвон мешавад.

Аммо мухолифони ҳукумат мегӯянд, чунин иқдомҳо мубориза танҳо бо зоҳири мушкил аст. Мақомоти ин кишвар дар ҳоле иқдомҳои нав барои мубориза бо ифротгароиро пеш гиирфтаанд, ки Тоҷикистон ба далели маҳдуд кардани озодиҳои мазҳабӣ ҳамеша аз сӯи созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ танқид мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG