Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Охирин тоҷики Гуантанаморо ба Сербистон фиристодаанд


Муҳаммадӣ Давлатов (Умар Абдуллоев)
Муҳаммадӣ Давлатов (Умар Абдуллоев)

Як мақоми расмии Вазорати умури хориҷии Амрико ба хабаргузории Ройтерс, гуфтааст, ки Муҳаммадӣ Давлатов (Умар Абдуллоев) ва як бандии дигар аз Яман Саъд ал-Зайфиро ба Сербистон фиристодаанд.

Мақомоти Амрико ягона бандии боқимондаи тоҷик дар боздоштгоҳи Гуантанаморо ба Сербистон интиқол додаанд.

Як мақоми расмии Вазорати умури хориҷии Амрико ба хабаргузории Ройтерс, гуфтааст, ки Муҳаммадӣ Давлатов (Умар Абдуллоев) ва як бандии дигар аз Яман Саъд ал-Зайфиро ба Сербистон фиристодаанд. Замони интиқоли ин ду бандиро эълон накардаанд. Радиои Озодӣ рӯзи 11-уми июл ба вакили дифои Муҳаммадӣ Давлатов барои шарҳи мавзӯъ хаттӣ муроҷиат кард ва мунтазири посух аст.

Ба дунболи интиқоли ин ду нафар ба Сербистон мақомоти ИМА хабар доданд, ки дар маҳбаси Гуантанамо ҳамагӣ 76 маҳбус боқӣ мондааст.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, рӯзи 11-уми июл баъд аз нашри хабари интиқоли ду маҳбус ба Сербистон гуфт, Вошингтон ба кумаки Сербистон барои комёб шудани талошҳои Амрико дар роҳи бастани маҳбаси воқеъ дар халиҷи Гуантанамо арҷ мегузорад.

Муҳаммадӣ Давлатови 38-сола ва сокини ноҳияи Панҷ ягона шаҳрванди Тоҷикистон буд, ки тақрибан 14 соли зиндагиашро дар ин зиндони Амрико дар Куба сипарӣ кардааст.

Дар Гуантанамо мақомоти Амрико маҳбусонеро нигоҳ медоранд, ки дар ҷараёни амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар Афғонистон ва қисмате ҳам дар Покистону кишварҳои дигар дастгир шудаанд. Як замон шумори маҳбусони ин зиндон то 600 нафар мерасид.

Интиқоли Муҳаммадӣ Давлатов шаш сол пеш баъди он пазируфта шуд, ки парвандаи ӯ аз сӯи вазорати дифоъ, вазорати умури хориҷӣ, вазорати адлия, раиси Раёсати кашфи миллӣ ва Кумитаи муттаҳидаи сардорони ситодҳои ИМА баррасӣ шуд.

Муҳаммадӣ Давлатов тавассути вакили дифоаш гуфта буд, ки ӯро соли 2001-ум нерӯҳои амниятии Покистон бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои террористӣ дастгир карданд ва ба дасти сарбозони Иёлоти Муттаҳида доданд. Ӯ гуфта буд, ки дар пайи нооромиҳои солҳои навадуми Тоҷикистон ба Афғонистон рафта ва дар он ҷо зиндагӣ мекард ва баъди шурӯи амалиёти зиддитерористӣ дар Афғонистон дар соли 2001 ба Покистон рафтааст.

Дар гузашта ин маҳбуси тоҷик бештар дар матбуот бо номи Умар Абдуллоев ёд мешуд. Вале соли 2010 модараш Шамъигул Нуруллоева ба Радиои Озодӣ гуфт, ки номи ӯ на Умар Абдуллоев, балки дар асл Муҳаммадӣ Давлатов аст. Вай аз мақомоти Тоҷикистон хоста буд, ки фарзандашро ба кишвар биёранд.

Баъзе аз он бандиёни тоҷики Гуантанамо, ки ба Тоҷикистон бозпас фиристода шуданд, бо гуноҳи узвият дар гурӯҳҳои террористӣ ба зиндон андохта шудаанд.

Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо соли гузашта Амрикоро барои ба Тоҷикистон фиристодани чанде аз бандиёни собиқи Гуантанамо танқид карда буд. Ин созмон гуфт, баъди интиқол ба Тоҷикистон додгоҳ ҳадди ақалл се бандии собиқи Гуантанаморо ба муддатҳои тӯлонӣ аз озодӣ маҳрум кардааст.

XS
SM
MD
LG