Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Танқиди Амрико барои таслими бандиёни тоҷики Гуантанамо


​Як ниҳоди мӯътабари ҳомии ҳуқуқи инсон Амрикоро барои ба Тоҷикистон фиристодани чанде аз бандиёни собиқи Гуантанамо танқид карда ва гуфтааст, ки ин амалкард хилофи қонунҳои байнулмилалист.

Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо рӯзи 10 ноябр гузориши бузургеро дар бораи риояи ҳуқуқ ва шароити нигаҳдошти бандиён дар зиндони Гуантанамо нашр кард. Дар ин гузориш доир ба сарнавишти чанде аз зиндониёни собиқи тоҷик дар ин боздоштгоҳ низ ишора шудааст.

Дар гузориш омадаааст, "бо вуҷуди он ки муфаттишони тоҷик ҳангоми бозпурсии Рукниддин Шарофов, Муқит Воҳидов ва Мазҳариддин Фазлуллоҳ дар Гуантанамо дар солҳои 2002 ва 2003 ба онҳо таҳдид кардаанд, ҳукумати Амрико онҳоро соли 2007 ба Тоҷикистон супурд".

Додгоҳи олии Тоҷикистон тобистони соли 2007 Муқит Воҳидов ва Рукниддин Шарофов, сокинони шаҳри Исфараро бар асоси ду банди қонуни ҷиноӣ, яъне убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва ҳамчун зархарид дар амалиёти Ҳаракати Исломии Узбакистон ширкат намудан, муттаҳам дониста, ба 17-солии зиндон маҳкум карда буд. Ба таъйиди мақомоти Тоҷикистон, ин ду нафар дар соли 2001 шомили ҳайати ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон шуда ва сипас ба таври ғайриқонунӣ вориди Афғонистон шудаанд. Дар ҳоле ки волидайни онҳо мегӯянд, фарзандонашон ҳангоми хайрухуш ба онҳо гуфта буданд, ки барои мардикорӣ ба Русия мераванд.

Ба гуфтаи муаллифони гузориш пеш аз истирдоди онҳо, дар соли 2006, худи Дафтари демократия, ҳуқуқи башар ва кори Амрико возеҳ гуфта будааст, ки маъмурони амниятии Тоҷикистон барои гирифтани эътирофи боздоштшудаҳо онҳоро "ҳангоми бозпурсӣ пайваста мезананд, озори ҷинсӣ медиҳанд, ба нерӯи барқ мемонанд" ва додгоҳҳои Тоҷикистон ҳам эътирофи ҳосилшуда дар зери шиканҷаро ба ҳайси далелу бурҳон дар муҳокима қабул мекунанд.

Ба эътиқоди Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо худи ҳамин гузориши Амрико пеш аз истирдоди се нафар ба Тоҷикистон далели он аст, ки мақомоти амрикоӣ медонистанд ва хабар доштанд, хатари мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифтани бандиёни тоҷик вуҷуд дорад, вале боз ҳам онҳоро ба Тоҷикистон супурданд.

Ҳар се нафарро дар кишвар бо гуноҳи ифротгароӣ ва терроризм ба 17-солии зиндон маҳкум карданд ва онҳо ҳанӯз ҳам дар зиндон ҳастанд. Муаллифони гузориш гуфтаанд, эътирофи ин боздоштшудаҳоро ҳам гӯё бо зӯру шиканҷа гирифтаанд.

Азбаски Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир ба замонатҳои гирифтааш аз кишварҳои дар бораи рафтори муносиб бо боздоштшудаҳо иттилоъ нашр намекунад, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон ҳам маълум накардааст, ки оё Амрико пеш аз истирдоди шаҳрвандони тоҷик аз ҳукумати Тоҷикистон ваъда гирифтааст, ки бо ин афрод муомилаи дуруст сурат мегирад, ё не. Вале дар айни замон маълум шудааст, ки соли 2009 ҳукумати Тоҷикистон ба намояндагони сафорати Амрико аз 6 ҳафта то се моҳ иҷоза надодаанд, ки бо бандиёни истирдодшуда мулоқот кунанд ва аз аҳволашон бохабар шаванд.

Аз ин рӯ, ба гуфтаи муаллифони гузориш, ин имкон вуҷуд дорад, ки бандиён мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд ва истирдоди онҳо ба Тоҷикистон ба эҳтимоли зиёд поймол кардани муқаррароти байналмилалӣ аз тарафи Амрико ба ҳисоб меравад.

Дар гузориши тақрибан 300-саҳифагӣ муаллифони гузориш шароити нигаҳдошт ва вазъи ҳуқуқи бандиёни Гуантанаморо танқид карда ва гуфтаанд, ки айни замон 116 бандии дигар дар инҷо боқӣ мемонад ва 54 нафари онҳо то моҳи августи соли равон барои интиқол ба кишвари дигар ё озодӣ сазовор дониста шудаанд. Ба ибораи дигар ин афрод дигар барои амнияти миллии Амрико хатар ба ҳисоб намераванд. Маълум нест дар байни ин афрод Умар Абдуллоев охирин бандии тоҷик дар Гуантанамо ҳаст ва ё не.

Умар Абдуллоев аз мақомоти Амрико хостааст, ки ӯро ба Тоҷикистон бозпас нафиристанд, зеро муфаттишони тоҷик ҳангоми бозпурсӣ дар Гуантанамо ба Умар таҳдид кардаанд, ки агар баргардад, ӯро ба зиндон меандозанд, шиканҷа мекунанд ва ё нобуд мекунанд.

Ба гуфтаи мақомоти расмии Тоҷикистон дар ин зиндони Амрико дар Куба баъди соли 2001 ва дар аҳди Ҷорҷ Буш 11 шаҳрванди тоҷик нигаҳдорӣ мешуданд, ки дар Афғонистон ва ҳангоми ҷанг ба зидди Толибон боздошт шуданд. Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз ҳукумати Барак Обама хостааст, зиндони Гуантаморо, ки дар аҳди Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури собиқи Амрико онҷо асосан муттаҳамон ба терроризмро нигаҳ медоштанд, билофосила бубандад ва шароити муҳокимаи одилона ба бандиёни боқимондаро фароҳам кунад. Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Барак Обама гуфтааст, ки мехоҳад бандиёни боқимондаро ба зиндонҳои кишвар интиқол дода ин боздоштгоҳро бубандад.

XS
SM
MD
LG