Пайвандҳои дастрасӣ

Ду "ифротгарои тоҷикро" дар Афғонистон куштанд


Гурӯҳе аз аъзои "Ансоруллоҳ" чанд сол пеш бо нашри видеое мегуфтанд,ки барои ҷиҳод ба Тоҷикистон мераванд.

Гурӯҳе аз аъзои "Ансоруллоҳ" чанд сол пеш бо нашри видеое мегуфтанд,ки барои ҷиҳод ба Тоҷикистон мераванд.

Мақомоти Вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ду узви «Ҷамоаи Ансоруллоҳ», як созмони тундрав ва шарики Ал-Қоидаро куштанд.

Сайид Абдулқодири Сайёд, раиси дастгоҳи фармондеҳии пулиси Бадахшон, ба Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрвандони Тоҷикистон бо иттифоқи ду сокини вилояти Нуристон бар асари бомбаборон аз сӯи нерӯҳои ҳукуматӣ дар рустои Фарғомируи вулусволии Ҷурм ба ҳалокат расидаанд. Вай афзуд, ҷасадҳои онҳо пора – пора шуда буд ва онҳоро мардуми маҳаллӣ шиносоӣ карданд. Таъйиди ин хабар аз манобеъи мустақил ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд.

Ҳамзамон бар асари бомбаборони ду пойгоҳи ситезаҷӯёни Толибон ва ҳамкорони байнулмилалии онҳо аз сӯи ҳавопаймоҳои низомии ҳукумати Афғонистон дар мавзеи Даҳани Оби дараи Хустаки вулусволии Ҷурми Бадахшон шаш нафар дигар низ кушта шудаанд. “Ҷамоаи Ансоруллоҳ» як гурӯҳи тундрави мазҳабиест, ки аз Ал-Қоида илҳом гирифтааст ва бино ба гузоришҳо дар манотиқи қабоилнишини Покистон паноҳгоҳ дорад. Ин созмон соли 2010 эълон кард, ки ҳамлаи маргталабона алайҳи қароргоҳи пулис дар шаҳри Хуҷанд кори дасти аъзои он аст. Додгоҳи олии Тоҷикистон соли 2012 «Ҷамоаи Ансоруллоҳ»-ро як созмони террористӣ хонд ва фаъолияти онро дар кишвар мамнӯъ кард.

Саид Абдулқадири Сайёд дар идомаи сӯҳбаташ гуфт, ки ниҳодҳои амниятии Бадахшон мушкили кадрӣ доранд, агар дар бархе қитъаоти амниятӣ дар маҳалҳо 42 пулис кор кунад, теъдоди ҷангиён аз 100 бештар аст. Вай мегӯяд, ду - се соли қабл дар Бадахшон ҳамагӣ 15 толиб фаъолият доштанд, ҳоло беш аз 1000 ҷангии ҳаракатҳои террористии минтақаиву байналмилалӣ, аз ҷумла тоҷикон, чеченҳо, узбакҳо, покистониҳо ва арабҳо афзуда, ҷамъ омадаанд. Бино ба иттилои расмӣ, дар ҷангҳои ахир миёни неруҳои ҳукуматӣ ва ситезаҷӯён дар Бадахшон ҳудуди 50 нафар кушта шудаанд. Дар ин миён панҷ тоҷик аз «Ҷамоаи Ансоруллоҳ» низ ҳастанд. Як нафари дигарро, ки мехост амалиёти интиҳорӣ анҷом диҳад, боздошт кардаанд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон борҳо аз эҳтимоли вуруди ҷангиёни гурӯҳҳои мухталифи террористӣ ба марзҳои Осиёи Марказӣ ҳушдор дода буданд. Аммо Саид Абдулқадири Сайёд мегӯяд, зарурати ҳамкории махсуси ду кишвар дар қисмати ду Бадахшон ба миён омадааст, зеро он хатареро, ки дар Душанбе пешбинӣ мекунанд, дар ҳамин баландкӯҳҳои Бадахшони Афғонистон вуҷуд дорад, як хатари хаёлӣ нест.

Тоҷикистон бо Афғонистон тӯлонитарин марзро дорад, ки 1200 километр аст ва аз ин марз ба ҷуз гурӯҳҳои террористӣ, қочоқбарон низ гоҳ – гоҳ сар мехалонанд. Бавижа, ҳангоми амалиёти нерӯҳои амниятии Тоҷикистон дар Бадахшони ин сӯи марз ин хабар низ паҳн шуд, ки бо дархости Душанбе ҳудуди 10 қочоқбари маъруфи афғонро вазорати корҳои дохилии Афғонистон боздошт карда буд. Он замон нерӯҳои пулиси Афғонистон нагузошта буданд, ки аз он сӯи марз ба ноамниҳои Бадахшони Тоҷикистон гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқбар ҳамроҳ шаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG