Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А.Азимов дар бораи Ансоруллоҳ: Душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон


Лаҳзае аз навори таҳдидҳои Ансоруллоҳ
Лаҳзае аз навори таҳдидҳои Ансоруллоҳ

Амирқул Азимов, раиси кумитаи дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагон мегӯяд, Тоҷикистон баврои муқобила ба ҳар таҳдид омода ҳаст, вале набояд хатари гурӯҳҳои террористие, чун Ансоруллоҳро кам бигирад.

Амирқул Азимов, раиси кумитаи дифоъ ва амнияти Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон рӯзи 25 июн дар вокуниш ба нашри навори таҳдидҳои гурӯҳи ситезаҷӯи «Ансоруллоҳ» гуфт, «душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон.»

Генерал Амиирқул Азимов гуфт, ки Тоҷикистон дар баробари ҳама гуна таҳдид омода ҳаст ва ниҳодҳои ҳарбиаш тавонеро доранд, ки ҳаргуна ҳамларо хунсо кунанд. «Сарфи назар аз ин ин ки гурӯҳи Ансоруллоҳ ҳаст ва ё кадом гурӯҳи дигари харобкор,» - таъкид кард оқои Азимов.

Аммо ӯ афзуд, таҳдиди Ансорулллоҳ ва дигар қувваҳои террористиро набояд нодида гирифт ва дар баробари он ором буд. Амирқул Азимов мақоли маъруфи тоҷикиро мисол овард, ки мегӯяд, «душманат гар пашша бошад, камтар аз филаш мадон.»

Ин нахустин вокуниши як мақоми расмии Тоҷикистон ба наворест, ки аз номи гурӯҳи тундрави Ансоруллоҳ дар Интернет нашр шуда ва дар он гурӯҳе аз ҷавонони саропо мусаллаҳ, ки худро гурӯҳи «Ансоруллоҳ» ном мебаранд, таҳдид кардаанд, ки ояндаи наздик ба Тоҷикистон ҳамла хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол, Комёб Ҷалилов, коршиноси масоили амниятӣ низ бар ин назар аст, ки ҳатто кӯчактарин таҳдид бояд нодида гирифта шавад. Ин коршиноси тоҷик дар вокуниш ба таҳдиди гурӯҳи "Ансоруллоҳ" барои ҳамла дар Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, "то шамол нашавад, дарахт намеҷунбад ва ин таҳдидҳо метавонанд ҷанбаи воқеъӣ дошта бошанд." Ба бовари Комёб Ҷалилов, дар минтақа бозиҳои сиёсӣ ҷараён дорад, вале дар шароити феълӣ бояд вазъ дар дохили кишвар ноором нашавад, то ҳар нирӯи берунӣ аз он ба манфиати худ истифода накунад.

Маҳдии Собир, намояндаи Маркази таҳқиқоти стратегии дафтари раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, таҳдиди гурӯҳи "Ансоруллоҳ" -ро, ки аз тариқи наворе дар Интернет паҳн шудааст, "ҷиддӣ" медонад. Ӯ мегӯяд, таҳдид аз сӯи гурӯҳи "Ансоруллоҳ" бори аввал набуда, дар гузашта низ ҷой доштанд. Ба гуфтаи ҷаноби Собир, ин гуруҳҳо дар хориҷ, аз ҷумла дар Афғонистону Покистон ба сар мебаранд ва бо ин наворҳо аз худ дарак медиҳанд, ки онҳо ҳастанд. Ба таъкиди Маҳдии Собир, мубориза алайҳи ин гуна гурӯҳҳо пеш аз ҳама ба бедории сиёсии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бастагӣ дошта, густариши ҳамкориҳо бо хадамотҳои вижаи кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон ва Покистон низ зарур аст. Маҳдии Собир аз имзои санади ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм миёни Тоҷикистон ва Покистон дар ҳафтаи гузашта ёдоварӣ кард, ки ҳафтаи гузашта дар ҷараёни сафари расмии Навоз Шариф, нахуствазири Покистон аз Душанбе ба имзо расид.

Таҳдиди "Ансоруллоҳ" ба анҷоми ҳамла дар Тоҷикистон

Дар Интернет бо номи "Рӯзмарраи муҷоҳидин дар фасли зимистон. Ҷамоати Ансоруллоҳ" боз як навор нашр шуд, ки дар он гурӯҳи ҷавонони мусаллаҳ худро гурӯҳи "Ансоруллоҳ" номида, таҳдид мекунанд, ки ба зудӣ дар Тоҷикистон низ даст ба як ҳамла хоҳанд зад. Ин гурӯҳ, ки беш аз 20 ҷавони танумандро дар бар мегирад, ҳангоме ин суханонро ба забон меоранд, ки бо силоҳҳои мухталиф дар кӯҳсоре тамрини ҳарбӣ мекунанд.

Онҳо ин мавзеъро, ки арчазор ва пур аз барф аст, Афғонистон ном мебаранд.Вале ташхиси воқеияти ин навор ва ин ки ин навор кай ва дар куҷо сабт шудааст, дар ҳоли ҳозир ғайримумкин ба назар мерасад. Мақомоти амниятии Тоҷикистон низ то ҳол ба он вокунише нишон надодаанд ва нагуфтаанд, ки оё воқеъияти наворро таҳқиқ хоҳанд кард ё на.

Дар ин навор лаҳзаҳои тамрини ин гурӯҳ дар зимистону баҳору тобистон намоиш дода мешавад ва нафаре ҳам, ки рӯяш намоён нест ва бо забони русӣ ҳарф мезанад, ба онҳо тарзи истифодаи силоҳҳои вазнинро меомӯзонад. Ҳамчунин, онҳо омода кардани маводи мунфаҷира ва дигар навъи силоҳро аз ин нафаре, ки бо русӣ ҳарф мезанад, меомӯзанд.

Яке аз онҳо, ки низ симояш дида намешавад, вале худро Идрис ном мебарад, пас аз тир андохтан аз як навъи силоҳи вазнин бо хитоб ба президенти Тоҷикистон мегӯяд, «интизор бошад, ки онҳо меоянд ва муртадҳои Тоҷикистонро кушта мегардонанд. Ин тамрине, ки мо мекунем, барои несту нобуд кардани муртадини Тоҷикистон аст.»

Ин навор, ки 42 дақиқа аст, пур аз сурудҳо бо забонҳои арабиву тоҷикист, ки дар ин таронаҳо ширкат дар "ҷиҳод" васф мешавад. Аз лаҳҷаи сӯҳбати гӯяндагонаш маълум мешавад, ки ин ҷавонон чанд сол боз дар Афғонистон ба сар бурдаанд, зеро баъзан дар гуфторашон таъсири гӯиши мардуми Афғонистон низ эҳсос мешавад.

Нигаронии Душанбе аз гурӯҳҳои ҷангҷӯи исломӣ

Ҷангиёни ҲИУ дар Покистон
Ҷангиёни ҲИУ дар Покистон

Нашри ин навор дар ҳолест, ки ахиран бархе аз намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳорот додаанд, ки созмонҳои байналмилалии террористӣ барои омодагӣ ба густариши фаъолиятҳои худ дар Осиёи Марказӣ иттиҳод мебанданд.

Намояндаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ), сарҳанг Умед Назаров, рӯзи 12-уми июн дар мизи мудаввари коршиносони Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, дар ҳоли ҳозир раванди бармалои таҷаммӯи гурӯҳҳои созмонҳои террористӣ дар вилоятҳои шимоли ҳаммарз бо ИДМ-и Афғонистон мушоҳида мешавад.

Вай афзуд, созмонҳое назири ҲИУ, «Ансоруллоҳ», «Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундулхалифа» ва гурӯҳҳои толибони маҳаллӣ, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Имом Соҳиб, Дашти Арчӣ, Чаҳордара, Дарқад, Хӯҷа Ғор, Янги Қалъа, Ҷирм, Юмгон, Арганҷхоҳ ва Вардуҷи вилоятҳои Қундузу Тахор ва Бадахшони Афғонистон фаъолияти худро нерӯ мебахшанд.

Умед Назаров ҳамчунин ба забт шудани ноҳияи Юмгон аз сӯи Толибон дар таърихи 21-уми май ишора карда, афзуд, «коршиносони КДАМ ин ҳодисаро то ҷое барҷаста меҳисобанд, зеро вулусволии Юмгон на фақат як қисмати Бадахшон аст, балки ин маконест, ки барои ҳар як тоҷик арзиши фарҳангӣ – таърихӣ дорад. Ин ҷо классики адабиёти форсу тоҷик Носири Хисрав зиндагӣ мекард ва ин ҷо ҳам оромгоҳи ӯст.»

Умаралӣ Тошпӯлотов ва Комилҷон Қулбошев
Умаралӣ Тошпӯлотов ва Комилҷон Қулбошев

Ҳамчунин, 9-уми июни соли равон нерӯҳои амниятии Афғонистон дар ҳудуди вилояти Қундуз ду шаҳрванди узбактабори Тоҷикистон – Комил ва Умарро боздошт карда, рӯзи 22 июн ҳардуро ба Душанбе супурданд. Гуфта мешавад, ин ду нафар Тошпӯлотов Умаралӣ, сокини Шаҳритус ва Қулбошев Комилҷон, бошандаи ноҳияи Қубодиён, будаанд, ки дар Покистон ба ҳаракати Толибон шомил шудаанд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, вақтҳои охир дар ноҳияҳои марзии Афғонистон гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки ҳарчӣ бештар ҷавонони намояндаи як миллатро ба сафҳои худ ҷалб мекунанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1370 километр марз дорад, ки қисмати бештараш дар минтақаҳои кӯҳистониест, ки ҳифзи онҳо ҳамеша, ҳатто дар замони Шӯравӣ мушкил буд. Аммо масъули КДАМ мегӯяд, ҳоло фанновариҳои пешрафта ва таҷҳизоти махсус имкон медиҳанд, ки дидбонии марз дар шароити баландкӯҳ муассир бошад ва таҳкими марз умеди ваҳшатафканонро ба убури он коҳиш диҳад.

Ансоруллоҳ аз куҷосту чӣ мехоҳад?

Ансоруллоҳ, ба гуфтаи мақомоти амниятии Тоҷикистон, як гурӯҳи тундрави мазҳабиест, ки аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон бархоста, аъзои тоҷики он Ҳаракатро муттаҳид мекунад. Бовар меравад, ки маркази ин гурӯҳ дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон ва дар Афғонистон аст ва ба он Домулло Амриддин Табаров, як узви собиқи ҳизби наҳзати исломӣ, ки шароити сулҳи мухолифин бо давлати Тоҷикистон дар соли 1997-ро напазируфт ва дар Афғонистон монд, раҳбарӣ мекунад.

Исми Ансоруллоҳ бори аввал дар пайи ҳамлаи маргталабона алайҳи як воҳиди вижаи пулис дар шаҳри Хуҷанд дар сентябри соли 2010, ки 4 куштаву зери 30 захмх ба ҷо гуззошт, расонаӣ шуд. Як сомонаи чирикиҳои чечен хабар дод, ки масъулияти ин ҳамларо Ансоруллоҳ ба дӯш гирифтааст.

Дар соли 2012 додгоҳи вилояти Суғд Акмал Каримов, зодаи шаҳри Истаравшан ва сокини Хуҷандро иҷрокунандаи ин ҳамлаи интиҳорӣ эълон кард ва 53 сокин, умдатан аз ноҳияи Истаравшан, ба шумули Фирдавс Каримов, бародари ӯро ба муҳлатҳои тӯлонии то 30 сол ба ҳабс маҳкум кард. Ба гуфтаи мақомот, Акмал Каримов аз соли 2009 бо иттиҳоми “одамрабоӣ” таҳти ҷустуҷӯи пулис қарор дошт ва ба Афғонистон фирор карда, дар урдугоҳҳои террористии Ҳаракати исломии Узбакистон таълим гирифтааст.

Мулло Абдуллоҳ Раҳимов
Мулло Абдуллоҳ Раҳимов

Мақомоти Тоҷикистон баъди кушта шудани Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, як фармондеҳи собиқи мухолифин дар водии Рашт дар апрели соли 2011 низ эълон карданд, ки аз пинҳонгоҳи охирини ӯ дар марзи байни ноҳияҳои Нурободу Рашт як парчами Ансоруллоҳро ҳам ёфтаанд. Гурӯҳи Мулло Абдуллоҳ ва Аловиддин Давлатов, мулаққаб ба Алии Бедакӣ аз сентябри соли 2010 то апрели соли 2011 қариб 8 моҳ ба нирӯҳои давлатӣ дар Рашт муқовимати пароканда, вале мусаллаҳона нишон доданд.

Ҳамин тавр, дар порёни моҳи май ва аввали июни соли равон додгоҳҳои вилояти Суғд 7 сокини Истаравшанро бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ансоруллоҳ аз 9 то 9,5 сол маҳкум ба зиндон карданд. Вакилони онҳо аммо мегӯянд, ки ин афродл дар асл узви ин гурӯҳ нестанд, балки, барои мисол, ду соҳибкор аз ин миён танҳо барои он маҳкум ба 9 соли зиндон шуданд, ки ба модари як нафари ҳамчун узви Ансоруллоҳ зиндонишуда яке 300 ва дувумӣ 500 сомонӣ кумак кардаанд.

Додситонии Суғд мегӯяд, аз соли гузаштаи 2013 ба ин сӯ дар шимоли Тоҷикистон 25 узви “Ансоруллоҳ” зиндонӣ шуда, бо изофаи гурӯҳи 53-нафарӣ аз Истаравшан, ки дар соли 2012 дастгир шуданд, шумори пайравони боздоштшудаи ин ҷунбиши ситезаҷӯ дар Суғд ба 78 мерасад, ки аксар аз Истаравшан будаанд.

Мақомоти Суғд аъзои “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро роҳандози таркиш дар бинои шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дар тирамоҳи соли 2010 медонанд, ки чаҳор куштаву наздики 30 захмӣ бар ҷой гузошт. Ба думболи ин таркиши маргталабона, шабакаи ношинохтае аз созмони мазкур бо нашри як нома дар шабакаи ҷаҳонӣ масъулияти ҳамларо бар дӯши худ гирифта буд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2012 “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро террористӣ эълон карда, фаъолияташро “ба хотири ҳифзи сохтори қонунӣ” дар қаламрави кишвар манъ карда буд. Ба гуфтаи мақомот, Амриддин Табаров - раҳбари гурӯҳи “Ансоруллоҳ” дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор дорад.

XS
SM
MD
LG