Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, созмонҳои байнулмилалии террористӣ барои омодагӣ ба густариши фаъолиятҳои худ дар Осиёи Марказӣ иттиҳод мебанданд.

Намояндаи Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Тоҷикистон (КДАМ), сарҳанг Умед Назаров, рӯзи 12-уми июн дар мизи мудаввари коршиносони Русия ва Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, дар ҳоли ҳозир, раванди бармалои таҷаммӯи гурӯҳҳои созмонҳои террористӣ дар вилоятҳои шимоли ҳаммарз бо ИДМ-и Афғонистон мушоҳида мешавад.

Вай афзуд, созмонҳое назири ҲИУ, «Ансоруллоҳ», «Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундулхалифа» ва гурӯҳҳои толибони маҳаллӣ, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Имом Соҳиб, Дашти Арчӣ, Чаҳордара, Дарқад, Хӯҷа Ғор, Янги Қалъа, Ҷирм, Юмгон, Арганҷхоҳ ва Вардуҷи вилоятҳои Қундузу Тахор ва Бадахшони Афғонистон фаъолияти худро нерӯ мебахшанд.

Умед Назаров ҳамчунин ба забт шудани ноҳияи Юмгон аз сӯи Толибон дар таърихи 21 май ишора карда, афзуд, «коршиносони КДАМ ин ҳодисаро то ҷое барҷаста меҳисобанд, зеро вулусволии Юмгон на фақат як қисмати Бадахшон аст, балки ин маконест, ки барои ҳар як тоҷик арзиши фарҳангӣ – таърихӣ дорад. Ин ҷо классики адабиёти форсу тоҷик Носири Хисрав зиндагӣ мекард ва ин ҷо ҳам оромгоҳи ӯст.»

Рӯзи 21 май ҳамчунин дар шаҳри Хоруғи Бадахшони Тоҷикистон низ ошӯбе сар зад, ки бино ба иттилои расмӣ, дар пайи боздошти қочоқбарон ва бино ба иддаои сокинони шаҳр, ҳамлаи пулис ба ҷавонони маҳаллӣ, иттифоқ афтод. Дар ин даргириҳо 4 сокини Бадахшон ва як маъмури пулис ба ҳалокат расиданд.

9 июни соли равон нерӯҳои амниятии Афғонистон дар ҳудуди вилояти Қундуз ду шаҳрванди узбактабори Тоҷикистон – Комил ва Умарро боздошт карданд. Мақомоти амниятии Тоҷикистон мегӯянд, вақтҳои охир дар ноҳияҳои марзии Афғонистон гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки ҳарчӣ бештар ҷавонони намояндаи як миллатро ба сафҳои худ ҷалб мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, муовини сафири Афғонистон дар Душанбе нигарониҳои ҷониби Тоҷикистон дар мавриди таҷаммӯи гурӯҳҳои террористиро бепоя хонда, гуфт, ин маълумот воқеият надорад. Муҳаммадовуд Иброҳимхел ба Радиои «Озодӣ» гуфт, зоҳиран, талоше сурат мегирад, ки ҳодисаҳои ҷузъӣ бузург нишон дода шаванд:

«Ин созмонҳо ҷое надоранд, ки садҳо нафар шуда, дар ягон қарияи ягон вилоят ҷои амне дошта бошанду он ҷо пинҳон шаванд. Ҷои амн, паноҳгоҳҳо, марокизи тамвилу омӯзиши онҳо Покистон аст. Дар Афғонистон чунин ҷое надоранд, ки ором бошанду пойгоҳ бисозанд, зеро нерӯҳои амниятии Афғонистон то 95 дарсади кишварро таҳти контрол доранд. Як чанд вулусволие ҳаст, ки воқеан дар дасти онҳост, аммо онҳо на дар шимол, балки дар ҷанубанд.»

Аммо намояндаи масъули КДАМ-и Тоҷикистон мегӯяд, афзоиши шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин дастаҳо баёнгари он аст, ки, ки ҳадафи онҳо танҳо ҷанг дар Афғонистон нест. Ҳамчунин ҳамлаи Толибон ба марзбонони Туркманистон, ки се марзбони туркманро кушта ба ҷой гузошт далели ин аст, ба фарқ аз солҳои пеш ситезаҷӯён нақшаи ҳамла ба Осиёи Марказиро низ дар сар мепарваранд.

Ваҳиди Мужда, собиқ масъули Вазорати корҳои хориҷии Толибон дар умури Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Русия мегӯяд, тарҳи ҳамла ба Осиёи Марказӣ ҳанӯз аз солҳои 80-уми асри гузашта дар бархе аз доираҳои низомии Покистон омода шуда, то ҳол аҳамияти худро аз даст надодааст. Вай афзуд, нерӯҳои Афғонистон ҳоло ҳам вазъро назорат карда наметавонанд ва гумон намеравад, ки баъд аз хуруҷи нерӯҳои байнулмилалӣ тавонмандии онҳо бештар шавад:

«Покистон се-чор сол аст, ки Афғонистонро ба тӯпу рокет мезанад, аммо нерӯҳои афғон тавоне надоранд ҷилави онҳоро бигиранд. Ин, ки онҳо қавӣ шудаанд, таблиғоте беш нест, ки дар расонаҳо пиёда мешавад. Ҳоло вақт аст, ки кишварҳои минтақа – Русия, Эрон, Чин, Ҳиндустон ва Осиёи Марказӣ дар як конфронси байнулмилалӣ ба маслиҳат нишинанд ва ба як қарордоди байнулмилалӣ бирасанд. Вагарна дер мешавад.»

Сарҳанг Умед Назаров низ аз кишварҳои ИДМ даъват кард, ки бар пояи санадҳои байнулмилалӣ ва имкониятҳои мавҷуда барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон кӯмак кунанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон 1400 километр марз дорад ва чанд бахши он дар минтақаҳои кӯҳистониест, ки ҳифзи онҳо ҳамеша, ҳатто дар замони Шӯравӣ мушкил буд. Аммо масъули КДАМ мегӯяд, ҳоло фанновариҳои пешрафта ва таҷҳизоти махсус имкон медиҳанд, ки дидбонии марз дар шароити баландкӯҳ муассир бошад ва таҳкими марз умеди ваҳшатафканонро ба убури он коҳиш диҳад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG