Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Домулло Амриддин"-ро Интерпол ҷустуҷӯ дорад


Аз аз як навори соли 2011 гирифта шудааст, ки дар он ин гуруҳ худро афроди гуруҳи "Ансоруллоҳ" мехонданд.
Аз аз як навори соли 2011 гирифта шудааст, ки дар он ин гуруҳ худро афроди гуруҳи "Ансоруллоҳ" мехонданд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки Амриддин Табаров, раҳбари гурӯҳи «Ансоруллоҳ» дар ҷустуҷӯи пулиси байналмилалӣ қарор дорад.

Ҷӯрахон Зоиров - сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълон кард, ки Амриддин Табаров - раҳбари гурӯҳи “Ансоруллоҳ”-ро пулиси байналмилалӣ ҷустуҷӯ мекунад.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Амриддин Табаров соли 1993 аз хоки Афғонистон ба посгоҳи марзии шумораи 12 нируҳои марзбонии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ҳамла кардааст. Баъд аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ Табаров шарту шароити мувофиқатномаҳои сулҳро қабул накарда ва ба узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон шомил мешавад ва баъдтар аз узвияти ин ҷунбиш низ баромад ва гурӯҳи худро бо номи “Ансоруллоҳ” ташкил кард, то бар зидди ҳукумати кунунии Тоҷикистон мубориза барад.

Аммо номи Амриддин Табаров, маъруф бо "Домулло Амриддин" баъд аз он бори дигар сари забонҳо уфтод, ки ҳини амалиёти нерӯҳои ҳукумати Тоҷикистон дар водии Рашт дар авоили соли 2011, аз афроди гурӯҳи Мулло Абдулло парчами ҷамоати "Ансоруллоҳ» кашф шуд.

Мулло Амриддин ҳудуди 60 сол дорад ва зодаи деҳаи Ғуломони ноҳияи Нуробод буда, танҳо як сол дар ҳайати Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон дар Афғонистон будааст. Ин ҳаракат дар Афғонистон соли 1993 таъсис ёфта, тамоми ҳизбу гурӯҳҳои мухолифи ҳукуматро дарбар мегирифт ва дар пайи имзои Созишномаи сулҳ фаъолияташро қатъ кард.

Ба дунболи мухолифатҳояш дар Афғонистон бо раҳбарони вақти Ҳаракати наҳзати исломӣ, вай ба Покистон рафт ва аммо замоне, ки дар Покистон ба сар мебурд, бо ҷомиаҳои дигар робита пайдо кард ва аз раванди сулҳ бо ҳукумати Тоҷикистон низ чандон розӣ набуд. Далели дигари мухолифатҳои Мулло Амриддин бо раҳбарони Иттиҳоди нирӯҳои мухолифини тоҷик Ризвон Содиров будааст, чун Мулло Амриддин шахсан бо Ризвон хусумат дошт ва аз Саид Абдуллоҳи Нурӣ мехост, ки ӯро қабул накунад

Солҳои 1995-1996 Мулло Амриддин дар минтақаи Бабуи наздики шаҳри Пешовари Покистон зиндагӣ карда, саргарми ақидаҳои «Ҷамоати такфир» буд. Соли 1998 ҳангоми яке аз амалиётҳои ҳукумати Покистон алайҳи «Ҷамоати такфир» фарзанди Мулло Амриддин ҳам кушта шуд.

Роҳи Мулло Амриддин ба Афғонистону Покистон мустақим аз Душанбе набудааст. Қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ, ӯ барои таҳсил ба Миср рафт ва соли 1993 ба Афғонистон омада, ба Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон пайваст. Пас аз ихтилоф бо раҳбарони ИНОТ ба Покистон рафта, соли 1997 бо кӯшишҳои Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба Теҳрон ва аз он ҷо ба Тоҷикистон оварда мешавад. Аммо соли 1999 дар пайи як ихтилоф бо Зубайд ном қумондони мухолифон аз Нуробод, дигарбора ба Покистон бармегардад.
XS
SM
MD
LG