Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти вакил барои "тасарруф"-и беш аз $100 000


Алишер Файзуллоев. Акс аз торнамои Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ.

Алишер Файзуллоев. Акс аз торнамои Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ.

​Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ як вакили мудофеъро барои аз худ намудани беш аз 100 ҳазор доллари корафтодагон айбдор мекунад. Ҳоло парвандаи Алишер Файзуллоев ба Додгоҳи Душанбе ирсол шудааст.

Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон Алишер Файзуллоев -- вакили мудофеи Анҷумани адвокатҳои “Ҳамкорӣ” дар Душанберо ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт ва алайҳи ӯ парванда боз намудааст. Оқои Файзуллоев барои ба бовари сокинон даромадану аз они худ намудани бештар аз 100 ҳазор доллари корафтодагон муттаҳам мешавад.

То кунун наздикон ё вакили мудофеи Алишер Файзуллоев дар мавриди ин қазия изҳори назар накардаанд. Вале як намояндаи Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, парвандаи ӯро баъд аз тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба додгоҳи Душанбе ирсол кардаанд.

Эркин Назаров - намояндаи дафтари матбуоти Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ гуфт, феълан Алишер Файзуллоев дар боздоштгоҳи муваққати Оҷонсӣ нигоҳдорӣ мешавад. Вай меафзояд, “тайи се соли охир Файзуллоев ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон дар мавриди кӯмаки ҳуқуқӣ бо ҳар баҳона маблағи онҳоро аз худ намудааст.”

Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ ба унвони мисол аз қазияи Людмила Порхуллоева, як сокини кӯҳансоли Душанбе, ёдоварӣ мекунад, ки дар пайи муроҷиат барои дарёфти ёрӣ аз Алишер Файзуллоев манзили истиқоматияшро аз даст додааст.

Людмила Порхуллоева

Людмила Порхуллоева

“Порхуллоева баъди муноқиша бо духтараш барои манзили зист, ба адвокат Файзуллоев муроҷиат мекунад. Вай хоҳиш мекунад, барои ӯ парастори қонунӣ пайдо кунанд. Вакили мудофеъ ҳуҷҷатҳои манзили истиқоматии зани солхӯрдаро гирифта, 24 сентябри 2013 ба МБТИ (корхонаи фаръии бақайдгирии санадҳои техникӣ) меравад ва бо имзои сунъии соҳиби манзил хонаро ба номи ҳамсари худаш сабт мекунад”,-омадааст дар иттилоияи Оҷонсӣ, ки 23 январ чоп шуд.

Дар ин иттилоия гуфта шудааст, “Людмила Порхуллоеваи 73-сола қаблан ба вакили мудофеъ ваъда медиҳад, агар парастор хуб аз ӯ муроқибат намояд, манзили зисташро бо роҳи қонунӣ барои ӯ мегузорад. Бо ҳамин васила, адвокат Алишер Файзуллоев бо гумроҳ намудани зани солхӯрда санаи 9 октябри соли 2014 манзили истиқоматии се ҳуҷрагии ӯро ба як сокини дигари пойтахт дар ивази 55 ҳазор доллар фурӯхта, маблағро барои эҳтиёҷи худ сарф кардааст.”

Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ мегӯяд, Алишер Файзуллоевро бо Людмила Порхуллоева рӯ ба рӯ кардаанд ва ӯ дар ҷавоб ба суолҳои зани солхӯрда “лол” мондааст. Ин ниҳод Файзуллоевро ба истифода аз мақоми адвокатӣ ва сохтакории санадҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон низ муттаҳам мекунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG