Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: “Қаҳрамон тоҷиру истеъмолгари нашъа аст, на санъаткор” (ВИДЕО)


Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ боздошти Қаҳрамони Шарифзодро таъйид карда, аммо гуфтаанд, ӯ дар қайди онҳо на овозхон, балки истеъмолгару фурӯшандаи маводи махаддир сабт шудааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон боздошти Қаҳрамони Шарифзод, як сокини кишвар дар Русияро, ки ба унвони овозхон муаррифӣ мешавад, тасдиқ карда, аммо гуфтааст, “ӯ ба санъати тоҷик ягон муносибат надорад”. Оқои Шарифзода дар пайи амалиёти ниҳодҳои интизомии Русия ба ҷурми фурӯши маводи мухаддир дар шаҳри Перми ин кишвар боздошт шуда буд.

Вазорати корҳои дохилӣ аз Қаҳрамони Шарифзод зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон ном бурда афзудааст, “ӯ дар қайдҳои махсуси ВКД ҳамчун истеъмолкунанда ва фурӯшандаи маводи махаддир мегузарад”.

"Ба ҳероинфурӯшии Қаҳрамон бовар надорем"

Наздикон ва ҳамкорони Қаҳрамони Шарифзод, овозхони боздоштшуда бо иттиҳоми қочоқи ҳероин дар Русия, хостори таҳқиқи одилонаи парвандаи ӯянд. Ба қавли онҳо, овозхони тоҷик танҳо ният дошт, ки дар Русия кор карда, клипи навашро омода кунад.

Нигора Шарифова, хоҳари бузурги Қаҳрамони Шарифзод, ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш ба манзури омода кардани клип ба Русия рафта буд ва ин хабарҳо, ки дар борааш нашр мешаванд, сиҳат надоранд. Вай афзуд: “Ҳар инсон душмани худро дорад. Ҳастанд онҳое, ки аз пешравиҳои як каси дигар хуш нестанд. Додари ман – Қаҳрамон - аслан ба ин корҳо сарукор надошт. Бештар дар фикри эҷодиёти худ буд. Мегуфт, мехоҳад як овозхони хуб шавад. Ӯро бо сохтакорӣ, бо “подстава” боздошт кардаанд.”

Исмоили Шарифзод, овозхон ва яке аз рафиқони Қаҳрамон, низ рӯзи 18 сентябр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ба ҳақиқати ин хабар шак дорад: “Бовар кунед, ҳозир худ ин хабарро шунида, дар ҳайрат мондам. Ӯ чунин як ҷавон набуд. Чанд рӯз пеш дар “Одноклассники” ҳам сӯҳбат карда будем, ки мегуфт, ҳолаш хуб аст. Қаблан ҳам ҳар ҷо менишастем ва дар тӯю сур ширкат мекардем, хеле бачаи бо салому алейки хубу боэҳтиром буд”.

Қаҳрамони Шарифзод аз ҷумлаи чавонони бешуморест, ки солҳои ахир пой ба саҳнаи мусиқии попи тоҷик гузоштаанд ва то ба имрӯз ҳудуди панҷ клип, ба шумули "Оре", "Баҳори гулфишон" ва "Ҳеле ёрум" – ро метавон дар шабакаҳои интернет тамошо кард. Ин клипҳо бо сифати баланд дар формати HD сабт шуда, ҳар кадом аз 700 то 900 тамошобин доштааст.

Ду клипи Қаҳрамони Шарифзодро коргардони клипсоз Шӯҳрат Сафаров омода кардааст. Ба қавли ахирӣ, муносибатҳояш бо Қаҳрамон сирф корӣ буданд ва дар ӯ рафтори ягон рафтори хосеро мушоҳида накардааст: “Он кас пеши ман, ки хеле масруфам, фақат барои кораш меомад. Як- ду клип ҳам, ки кардем, супоришро ӯ мекарду корро - ман. Вақтҳои охир, бояд як клипи дигарро мекардем, ки наомад. Дигар ман ҳам дар фикри ӯ нашудам. Ҳоло дар борааш, ки хуб буд, ё бад, умуман, кӣ буд, чизе гуфта наметавонам, чун нону намакхӯр низ ҳастем.”

Қаҳрамони Шарифзод зодаи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ буда, 36 сол дорад. Ба саҳна ду сол пеш омада, то ба ҳол дар ҷустуҷӯи ҷойгоҳ буд. Ҳамсӯҳбатони мо мегӯянд, ягон вижагии фавқулодда дар санъат надошт, аммо сахт мекӯшид ва дар роҳ расидан ба ҳадаф мустаҳкам буд.

Шоираи Раҳимҷон, шоира ва оҳангсози тоҷик, ки барои Қаҳрамони Шарифзод оҳанг ва матн омода мекунад, мегӯяд, дар пардохти пули кор аз тарафи Қаҳрамон ӯ кадом саховати вижаеро мушоҳида намекард, аммо мушкили молӣ ҳам надошт: “Вале вақтҳои охир ҳис мешуд, ки зиёд мушкили молӣ ҳам дорад. Мо бояд бо ӯ як таронаи нав ба номи “Шишаи зеҳн” – ро сабт мекардем ва клипи таронаи “Манижа” – ро, ки ба Манижа Давлатова бахшида шудааст, ба навор мегирифтем. Ӯ якбора ғайб зад. Охирин бор аз Перм занг зад ва гуфт, ки бо зану бачааш ин ҷост ва ҳам мушкиле дорад, ки бародарашро боздошт кардаанд ва бояд барои ӯ адвокат бояд пайдо кунад. Аммо ба ин ки ӯ бо тиҷорати маводи мухаддир машғул бошад, шак дорам, зеро вай дар Қӯрғонтеппа тиҷорати хуб дошт.”

Худи Қаҳрамони Шарифзод соле пеш ба барномаи "Падида"-и яке аз шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон гуфта буд, ки ба касби овозхонӣ муҳаббати беандоза дорад ва "ҳеҷ гоҳ ин касбамро паст заданӣ нестам." Ӯ дар ин мусоҳиба бидуни ҷузъиёти зиёд гуфта буд, ки ба тиҷорат низ машғул аст. Ин мусоҳибаро инҷо метавонед тамошо кунед:

Дар Русия тайи 20 соли ахир садҳо шаҳрванд Тоҷикистон боздошт мешаванд, аммо бори аввал, дар миёни онҳо як нафарро овозхон муаррифӣ мекунанд.

Расонаҳои Русия навиштаанд, ки овозхони тоҷик ва хешованди шарикаш дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Перм ҳангоми фурӯхтани бастаи навбатии иборат аз 100 грамм ҳероин дастгир шудаанд. Ин нукта бештар ҳамсуҳбатони мо аз ҷумлаи ҳамкорон ва наздикони Қаҳрамони Шарифзодро ба шубҳа бурдааст, зеро кӯча ба кӯча гашта, ҳероин фурӯхтан як далели ғайримантиқӣ аст. Аз ин хотир, онҳо аз мақомоти Русия мехоҳанд, то мӯшикофона ба ин қазия расидагӣ кунанд.

Хабари боздошти Қаҳрамони Шарифзодро рӯзи 17 сентябр Хадамоти федеролии назорати маводи мухаддири Русия дар вилояти Перм бо нашри як видео дар шабакаи Ютюб пахш кард. Ин видеоро инҷо тамошо кунед:

Мақомоти Русия Қаҳрамони Шарифзодро аз рӯи моддаи 228.1 – и Кодекси ҷиноии кишвар – фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддр муттаҳам медонанд ва дар ҳоли собит шудани ҷурмаш ӯро аз 8 то 15 соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст.

XS
SM
MD
LG