Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

18 сол ҳукми зиндони яке аз қотилони Салоҳиддин Азизов


Никита Тихонов
Никита Тихонов

Додгоҳи шаҳри Маскав раҳбари гурӯҳи миллатгароёнеро, ки аз ҷумла ба қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов айбдор мешаванд, ба 18 соли зиндон маҳкум кард.

Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 24 сентябр Никита Тихонов, раҳбари гурӯҳи миллатгароёнеро, ки аз ҷумла ба қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов айбдор мешаванд, бо ҷурми 6 куштор ва 2 қасди куштор ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Айбдоркунанда аз додрас Андрей Коротков барои ин раҳбари гурӯҳи мавсум ба “Боевая организация русских националистов" (БОРН), ки алакай бо ҷурми қатли вакили мудофеъ Станислав Бабуров ва хабарнигори "Новая газета" Анастасия Бабурова ба ҳабси абад маҳкум шудааст, 20 соли зиндон хоста буд.

Никита Тихонов дар як силсила ҷиноёт - аз таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ то куштор дар заминаи адовати қавмӣ, роҳзанӣ, ҳифз ва истифодаи ғайриқонунии силоҳ, ширкат дар силсилаи ҷиноятҳо ва қатли беш аз 2 нафар - айбдор шинохта шуд.

То имрӯз аз 9 узви мушаххасшудаи БОРН, ки дар солҳои 2008-2010 дастикам 10 нафарро дар заминаи адовати миллӣ куштаанд, 8 нафараш боздошт шуда ва якеи дигар, ки дар ҳоли фирор ба сар мебурд, дар Украина бар асари таркиши норинҷак(граната) кушта шудааст.

Никита Тихонов дар ҳоле ба иловаи ҳукми ҳабси абадаш боз ба 18 соли зиндон маҳкум шуд, ки Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 22 сентябр хабар дод, ки таҳқиқи парвандаи Иля Горячев, мулаққаб ба "Студент", яке аз дигар аз раҳбарони созмони ифротии қавмгарои мавсум ба “Боевая организация русских националистов" (БОРН)-ро ба анҷом расондааст. Иля Горячев ба даст доштан дар чандин куштори пурсарусадои дар заминаи адовати қавмӣ анҷомшудаи солҳои охир дар Русия, аз ҷумла дар қатли адвокати маъруф Станислав Маркелов, хабарнигори «Новая газета» Анастасия Бабурова, антифашистҳои шинохтаи Русия Иля Ҷапаридзе ва Фёдор Филатов ва ҳам дар куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди Тоҷикистон Салоҳиддин Азизов айбдор мешавад.

Сари Салоҳиддинро кадом скинҳед бурид? "Студент"? Тихонов? Ё Коршунов?

Иля Горячев - гумонбари асосӣ дар қатли Салоҳиддин Азизов
Иля Горячев - гумонбари асосӣ дар қатли Салоҳиддин Азизов

Николай Полозов - вакили мудофеи Иля Горячев рӯзи 22 сентябр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, Иля Горячев ҳамаи ин иттиҳомотро рад мекунад. Полозов гуфт, «тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноии алайҳи Горячев ба анҷом расида, ӯ дар ҳоли ҳозир таҳти бозпурсиҳо қарор дорад. Баъди ин мо ба мутолиаи парванда, ки аз 40 ҷилд иборат аст, оғоз мекунем, аммо Горячев мегӯяд, ки бегуноҳ аст ва дар ин кушторҳое, ки ба гарданаш задаанд, даст надорад.»

Николай Полозов мегӯяд, Горячев як сиёсатмадори қавмгарост, на қотил. Ба гуфтаи Полозов, Горячев ба ҳайси раҳбари "Русский образ" хеле фаъолона дар ташкили консертҳо барои "Русский марш" ва ҳамин тавр, дар маъракаҳои сиёсии таҳти назари Кремл ширкат мекард. Полозов мегӯяд, шаҳрванди тоҷик Салоҳиддин Азизовро на Горячев, балки Никита Тихонов ва Алексей Коршунов - ду узви дигари БОРН куштаанд. Коршунов қаблан прапоршики ФСБ - Хадамоти амнияти Русия - будааст.

Никита Тихонов ва Евгения Хасис дар додгоҳ
Никита Тихонов ва Евгения Хасис дар додгоҳ

Раҳбари созмони қавмгароён тибқи чанд моддаи Кодекси ҷиноии Русия – “таъсиси созмони ифротӣ”, “таъсиси банда”, “қатли беш аз 2 нафар” ва “гардиши ғайриқонунии силоҳ” – ба масъулият кашонда шудааст. Иля Горячев, ки чанд сол дар ҳоли фирор ба сар мебурд, дар моҳи майи соли 2013 дар Сербистон боздошт ва аз онҷо ба Русия истирдод шуд. Ӯ ҳанӯз дар моҳи феврали соли 2013, бар асоси шаҳодати шарикони қаблан боздоштшудааш аз шумори раҳбарони БОРН, бо шумули Никита Тихонов ва ҳамсари граждании ӯ Евгения Хасис низ ба даст доштан дар ин кушторҳои пурсарусадо айбдор шуда буд.

Матбуоти Русия, аз ҷумла Lifenews хабар додаанд, ки Тихонов дар ивази ҳамкорӣ бо тафтишот ва “фурӯхтан”-и шарикони собиқаш мехоҳад худро аз ҳукми ҳабси умрбод халос кунад. Тихонов алакай барои даст доштанаш дар қатли адвокат Маркелов ва хабарнигор Бабурова ба ҳабси умрбод маҳкум шудааст, вале интизор меравад, додгоҳи вилояти Маскав рӯзи 24 сентябр ҳукми ӯ дар чорчӯби парвандаҳои дигари кушторро эълон кунад. “Боевая организация русских националистов" (БОРН) дар маҷмӯъ дар беш аз 10 куштор дар заминаи адовати қавмӣ айбдор мешавад.

Иля Горячев дар соли 2003 бо таъсиси гурӯҳи “Русский образ” дар муҳити қавмгароёни Русия пайдо шуд. Ибтидо ин гурӯҳ танҳо маҷаллаеро бо айни ном нашр мекард, вале аз соли 2007 ба як гурӯҳи тундрави қавмгаро табдил ёфт. Исми Горячев дар соли 2009 дар роибта ба қатли Маркелов ва Бабурова мавриди таваҷҷӯҳи мақомоти тафтишотӣ қарор гирифт. Гуфта мешуд, ки дар ин куштор Иля Горячев, мулаққаб ба “Студент”, Никита Тихонов, Евгения Хасис ҳамчунин нафаре бо номи Михаил (Моня) даст дошта метавонанд. Бино ба фарзияи тафтишот, Горячев таъминкунандаи силоҳ ва Михаил як навъ пули иртибот байни ӯву Тихонов буд. Тафтишот Горячевро идеолог ва ташкилкунандаи асосии БОРН медонист, вале он замон далоили кофие дар мавриди даст доштани ӯ дар куштор ба даст наомад ва ӯ аз Русия фирор кард.

Вале Тихонов баъди маҳкум шуданаш ба ҳабси абад шаҳодат дод, ки ташкилкунандаи куштор Горячев буд ва туфангчаеро, ки аз он Маркелов ва Бабуроваро куштанд, маҳз Горячев ба ӯ дода буд.

Дар ҷараёни тафтиш маълум шуд, ки Горячев ташкилкунандаи асосии чандин куштори дигари пурсарусадо, аз ҷумла қатли ваҳшиёнаи шаҳрванди он замон ҳамагӣ 22-солаи Тоҷикисттон Салоҳиддин Азизов дар моҳи декабри соли 2008 будааст.

Бори аввал дар бораи боздошти аъзои ин гурӯҳи қаттол нашрияи “Новая газета”-и чопи Маскав дар моҳи апрел хабар дод ва гуфт, аъзои гурӯҳи БОРН (Боевая организация русских националистов – Созмони ҷангии қавмгароёни рус) ба як силсила қатлҳои пурсарусадои солҳои охир, аз ҷумла қатли вакили мудофеъ Станислав Маркелов ва журналисти “Новая газета” Анастасия Бабурова, додрас Эдуард Чувашов, антифашист Иван Хуторской ва муҳоҷири тоҷик Салоҳиддин Азизов айбдор мешаванд. Ин қатлҳоро як чиз ба ҳам муттаҳид мекард – ҳамаи онҳо, ба ақидаи муфаттишон, сирф дар заминаи адовати миллӣ анҷом шудаанд.

Дар маҷмӯъ аз 9 узви мушаххасшудаи ин банда то имрӯз 8 нафараш боздошт шуда ва баъди ҳабс аксаран ба ҷиноёти кардаи худ иқрор кардаанд. Аз бандаи қотилони БОРН якеи дигар дар Украина ҳангоми сайругашт бар асари таркиши тасодуфии норинҷак ҳалок шуда, охирин нафараш Иля Горячев буд, ки моҳи май аз Сербистон ба Русия истирдодаш карданд.

Сари буридаи Салоҳиддин ба кӣ даркор шуд?

“Новая газета”, ки хабарнигораш Анастасия Бабурова дар январи соли 2009 тасодуфан бо вакили мудофеъи маъруф Станислав Маркелов ҳадафи тири қавмгароён шуд, 5 сол боз ҷараёни тафтишотро мӯшикофона пайгирӣ мекард. Дар матлаби ҷамъбастии ин нашрия аз моҳи апрел бо иқтибосҳо аз парвандаи ҷиноӣ дар бораи дастикам 10 куштор аз сӯи аъзои бандаи БОРН ба раҳбарии Никита Тихонов ва ҳамсари ӯ Евгения Хасис гузориш шудааст.

Салоҳиддин Азизов
Салоҳиддин Азизов

Нашрия аз парвандаи ҷиноии ин банда дар мавриди чигуна кушта шудани Салоҳиддин Азизов низ иқтибос овардааст: “Рӯзи 6 декабри соли 2008 Коршунов А.С., Паринов А.И., Тихонов Н.А., Горячев И.В. и дигар афроди аз тарафи тафтишот мушаххасношуда дар заминаи адоват ва хусумати идеологӣ як корду як корди мачете ва пистолети травматикии «Оса»-ро бо дастикам 4 тир ба ҳайси силоҳ истифода бурда, дар як ҷангалзор дар наздикии шаҳраки Битетси ноҳияи Ленинои вилояти Маскав Азизов С.М.-ро куштанд.”

Ба навиштаи “Новая газета”, ба фарқ аз дафъаҳои дигар, ки ҷангиёни БОРН афроди аз лиҳози идеологӣ барояшон “бегона”-ро барои ягон амали мушаххасе, ки ба ин қавмгароён хуш намеомад, мекуштанд, Салоҳиддин Азизов як гастарбайтери оддӣ буд. Нашрия ҷузъиёти ин ҷинояти мудҳишро низ рӯи саҳифааш овардааст, ки ҳатто аз хонданаш дар бадани одам ларза медарояд: “Вақте ки баъди ҳамла Азизов аз ҳуш рафт, сарашро буриданд. Баъди ин, азбаски намедонистанд, бо сар чӣ кор кунанд, сари мақтулро ба манзили Тихонов бурданд. Он дар яхдони Тихонов чанд рӯз нигоҳ дошта шуд. То замоне ки ба зеҳни қотилон фикре омад, ки онро бурда намоишкорона дар назди ҳукумати шаҳри Можайск партоянд. Маҳз аз тарафи БОРН дар бораи ин “амали сиёсӣ” баёнияҳо нашр шуда буд. Суоле пеш меояд: наход ин бачаи айнакдори соҳибмаълумот - Иля Горячев – бо корди мачете бадани одамро пора-пора кунад? Ӯ – на, вале нафаре даркор буд, ки ин “амал”-ро фикр кунад. Ин қазия тақрибан тафтиш нашудааст.”

Салоҳиддин Азизови 20-сола, ки дар амбори меваҷоти Покровское ҳаммолӣ мекард, шаби 5 ба 6 декабр, ҳамроҳ бо ҳамватани он замон 22-солааш Ҷамолиддин Алиев дар роҳи бозгашт аз ҷойи кор дар ҷангалзори атрофи рустои Жабкино ҳадафи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ бо туфангчаҳои пневматикӣ қарор гирифт. Шарики Салоҳиддин бо вуҷуди тир хӯрдан аз чаккаи сар тавонист фирор кунад ва хабари ҳамларо ба ҳамватанонаш бирасонад.

Падари Салоҳиддин
Падари Салоҳиддин

Хешовандони Салоҳиддин Азизов баъди чанде аз ҷойи ҳодиса танҳо ҷасади бесари ӯро пайдо мекунанд. Сари буридаи мақтул баъди чанд рӯз аз як қуттии ахлот дар ҳошияи идораи ҳукумати як минтақаи шаҳри Маскав ёфт шуд. Пас аз ду рӯз қотилон тавассути почтаи электронӣ акси сари буридашудаи Салоҳиддинро ба чанд дафтари дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла ба Дафтари ҳуқуқи башари Маскав ва маркази «Сова» фиристоданд. Масъулияти қатли ваҳшиёнаи муҳоҷири тоҷикро гурӯҳи мавсум ба БОРН - Созмони ҷангии қавмгароёни рус - бар дӯш гирифта, ин кушторро рамзи муборизаи худ алайҳи ишғоли Русия аз сӯи мардуми ғайр номид.

Ин сӯҳбати видеоӣ бо падари Салоҳиддин Азизов - Муҳаббатшоҳро хабарнигори Озодӣ баъди маросими дафни ӯ дар зодгоҳаш - ноҳияи Шаҳритӯс - сабт кардааст. Муҳаббатшоҳи азиз 6 сол пеш мегуфт, ки "то кай мардуми мо дар ғарибӣ хору зор мегардад, чаро дар Ватан ҷойи кор надоранд?" Суоле ки то имрӯз ҳамчунон доғ ва бепосух боқӣ мондааст...

Муҳаббатшоҳи Азиз
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Ҳар рӯз дар Русия дастикам 3 тоҷик мемирад

Дар Русия бино ба ҳисобҳо, аз 1 то 1,5 миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд. Ҳамасола аз Русия ба Тоҷикистон тобути беш аз 1000 муҳоҷири тоҷикро меоранд, яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз дар ин кишвар дастикам 3 тоҷик ҳалок мешавад. Бархе бар асари тасодум, ё маризӣ ваё ягон фалокат дар ҷои кор ва бархе ҳам – дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳҳои қавмгаро.

Хуршеда Султонова
Хуршеда Султонова

Аммо қатли ваҳшиёнаи қариб 6 сол пеши Салоҳиддин Азизов дар қатори куштори Хуршеда Султоноваи 9-сола, ки дар таърихи 9 феврали соли 2004 дар Санкт-Петербург дар пеши чашмони падараш кушта шуд, ва қатли низ мудҳиши Шоҳҷон Раҳматшоеви 32-сола, ки шаби 26 декабри соли 2013 дар Маскав сари ӯро ҳам мисли Салоҳиддин Азизов аз танаш ҷудо карданд, аз пурсарусадотарин мавридҳои қатли шаҳрвандони тоҷик дар Русия эътироф шудаанд.

Ин се маврид мавҷи бавижа шадиди интиқодҳо дар матбуоти Тоҷикистонро ба бор овард ва мақомоти Душанбе ҷомиаро таскин медоданд, ки ҷараёни тафтиши ин парвандаҳоро зери назари худ мегиранд. Волии вақти Петербург Валентина Матвиенко ҳам дар мазҳари ом ҳатман пайдо кардану ба зиндон шинондани қотилони Хуршедаи маъсумро ваъда дода буд. Вале ба фарқ аз қазияи Салоҳиддин Азизов, ки қотилонаш баъди қариб 6 сол ба додгоҳ мераванд, қотилони Хуршеда Султонова ва Шоҳҷон Раҳматшоевро то ҳол наёфтаанд.

XS
SM
MD
LG