Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аз Русия дар бораи эҳтимоли пайвастани боз як донишҷӯи тоҷик ба сафи гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия хабар расид.

Нашрияи “Наша газета”-и чопи Екатеринбурги Русия менависад, Зиннатуло Бақоев, донишҷӯи 18-солаи УрФУ – Донишгоҳи федеролии Урал, ки аз 17 март ба ин сӯ ғайб задааст, ба эҳтимоли ғолиб, ба Сурия рафтааст.

Зиннатуллоҳ Бақоев, ки 23 ноябри соли 1996 дар шаҳри Истаравшан ба дунё омадааст, дар УрФУ донишҷӯи соли аввал буд ва ба гуфтаи устодонаш, бо баҳои аъло таҳсил мекард.

Яке дигар аз донишҷӯёни тоҷики ин донишгоҳ рӯзи 3 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “Зиннатулло Бақоев якбора бедарак шуд. Ӯ одами диндору намозхон ва камгап буд. На арақ менӯшиду на сигор мекашид. Барои адои намоз масҷид мерафт. Ман, ростӣ, чанд рӯз баъд хабар ёфтам, ки ӯ ғайб задааст. Вале фикр мекунам, имкон дорад, ки ӯ ба гапи касе фирефта шуда, ба Сурия рафта бошад.”

Вале як донишҷӯи дигаре, ки низ Зиннатуллоҳро хуб мешинохтааст, ба Озодӣ гуфт, ба хабари ба Сурия рафтани ӯ бовар намекунад: “Ҳоло касе гум шавад, мегӯянд, шояд Сурия рафта бошад. Хусусан агар намозхону масҷидрав бошад. Зиннатуллоҳ ботинан одами ҷангҷӯ набуд.”

Устодони донишгоҳи федеролии Урал низ дар сӯҳбат бо “Наша газета” Зиннатуллоҳ Бақоевро як толибилми орому рафтораш намунавӣ тасвир кардаанд. Вале ҳамхонаи ӯ дар хобгоҳ Содиқхон гуфтааст, ки рӯзи 17 март ӯ чизе нагуфта, сару либосашро ҷамъ карда рафт.

Пулиси Екатеринбург расман ба Сурия рафтани ин донишҷӯи тоҷикро тасдиқ ё рад намекунад ва мегӯяд, ҷустуҷӯи ӯ то ҳол идома дорад. Дар сомонаи sadoitojikon.com исми Зиннатуллоҳ Бақоев то ҳол дар байни афроди дар Русия гумшуда истодааст.

Аммо хабари ғайб задан ва эҳтимолан ба Сурия рафтани боз як донишҷӯи тоҷик дар ҳолест ки қаблан ҳам дар бораи таҳсилро дар донишгоҳҳои Русия тарк кардану барои пайвастан ба гурӯҳҳои тундраве, чун “Давлати исломӣ” ба Ховари Миёна рафтани донишҷӯёни тоҷик гузориш шуда буд.

Донишгоҳи техникии Ярославл

Донишгоҳи техникии Ярославл

Аз ҷумла дар ибтидои моҳи сентябр хабар омад, ки дастикам 5 донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи давлатии техникии Ярославл бо тарки таҳсил ба Сурия рафта, ба сафи ҷангиёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шудаанд. Яке аз ин донишҷӯён дар соли ниҳоии донишгоҳ мехонд ва мебоист имсол соҳиби диплом мешуд.

Рустам Мирзохоҷаев, раҳбари маркази фарҳангии “Сомониён”, бузургтарин ҷамъияти тоҷикони вилояти Ярославл рӯзи 8 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Се нафар рафта буданд ва ҳамин рӯз аз мақомоти амниятии Русия хабар доданд, ки боз 2 донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи техникии Ярославл ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Ман онҳоро мешинохтам. Зоҳиран бачаҳои бад набуданд. Вале вақтҳои охир якбора сахт диндор шуданд ва риш ҳам монданд. Дар арафаи Наврӯз ман ҳамонҳоеро, ки ҳоло ба Сурия рафтаанд, ба иди Наврӯз даъват кардам. Вале онҳо гуфтанд, ки “мо тарафдори бас кардани чунин маъракаҳоем.” Гуфтанд, ки “Наврӯз иди мо нест.”

​ ​Дар Донишгоҳи техникии Ярославл дар маҷмӯъ ҳудуди 150 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Ин донишгоҳ асосан муҳандисони риштаҳои мухталифи сохтмон, коркарди маъданҳо ва мошинсозиро омода мекунад.

Насим Наботов

Насим Наботов

Ҳамин тавр, дар моҳи июн дар бораи дар Сурия бар асари таркиши мина кушта шудани Насим Наботов -- сокини 28-солаи ноҳияи Фархор гузориш шуда буд. Насим қабл аз рафтанаш ба ҷанги Сурия дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав ба номи Ломоносов таҳсил мекард.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави ҷангист, ки дар соли 2014 қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол карда, дар ин сарзаминҳо эълони “хилофат” кард. Ҷангиёни ин созмон бо қатлҳои бераҳмонаи асирону гаравгонҳо, аз ҷумла ба кушторҳои дастаҷамъӣ ва зинда ба зинда сӯзондану зери хок кардани асиронашон ном баровардаанд.

Бино ба ҳисобҳо, дар сафи ин созмон ҳазорон нафар аз саросари дунё, аз ҷумла чанд ҳазор аз кишварҳои Осиёи Марказӣ меҷанганд. Мақомоти Тоҷикистон шумори ҷангиён аз кишварро дар Ироқу Сурия беш аз 650 нафар баровард карда, мегӯянд, то имрӯз дар ҷангҳои Ховари Миёна тақрибан 150 нафар аз Тоҷикистон кушта шудаанд.

Дар Душанбе бар ин боваранд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аксаран дар Русия ба сафи гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ, ба мисли “Давлати исломӣ” ҷалб мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG