Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба ҷои кори дипломӣ – ба ҷанги Сурия


Донишгоҳи техникии Ярославл
Донишгоҳи техникии Ярославл

5 донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи техникии Ярославл ба Сурия рафта, ба “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Яке онҳо – ҳамагӣ як моҳ қабл аз гирифтани дипломаш.

Дастикам 5 донишҷӯи тоҷики Донишгоҳи давлатии техникии Ярославл бо тарки таҳсил ба Сурия рафта, ба сафи ҷангиёни гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ҳамроҳ шудаанд. Яке аз ин донишҷӯён дар соли ниҳоии донишгоҳ мехонд ва мебоист имсол соҳиби диплом мешуд.

Рустам Мирзохоҷаев, раҳбари маркази фарҳангии “Сомониён”, бузургтарин ҷамъияти тоҷикони вилояти Ярославл рӯзи 8 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт: “Се нафар рафта буданд ва ҳамин рӯз аз мақомоти амниятии Русия хабар доданд, ки боз 2 тани дигар аз донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи техникии Ярославл ба сафи “Давлати исломӣ” пайвастаанд. Мо баъди рафтани се донишҷӯи аввал бо донишҷӯёни дигар мулоқот карда будем, ки фирефтаи ҳар навъ созмону гурӯҳҳо нашаванд. Ҳоло машварат шуд, ки боз як мулоқот бо донишҷӯёни тоҷики Донишгоҳи техникии Ярославл доир кунем.”

Гурӯҳе аз тоҷикони Ярославл
Гурӯҳе аз тоҷикони Ярославл

Дар шаҳру вилояти Ярославл то 5000 нафар аз Тоҷикистон ба сар мебаранд. Танҳо дар Донишгоҳи техникии Ярославл дар маҷмӯъ ҳудуди 150 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Ин донишгоҳ асосан муҳандисони риштаҳои мухталифи сохтмон, коркарди маъданҳо ва мошинсозиро омода мекунад.

Рустам Мирзохоҷаев мегӯяд, 5 донишҷӯеро, ки ба қавли мақомоти амниятии Русия, ба сафи “Давлати исломӣ” пайвастаанд, мешинохт: “Зоҳиран бачаҳои бад набуданд. Вале вақтҳои охир якбора сахт диндор шуданд ва риш ҳам монданд. Дар арафаи Наврӯз ман ҳамонҳоеро, ки ҳоло ба Сурия рафтаанд, ба иди Наврӯз даъват кардам. Вале онҳо гуфтанд, ки “мо тарафдори бас кардани чунин маъракаҳоем.” Гуфтанд, ки “Наврӯз иди мо нест.” Наомаданд билохира ба ҷашни Наврӯз. Маълум буд, ки таҳти таъсири тундравони мазҳабӣ қарор гирифтаанд.”

Қаблан Сергей Меднов, ёвари ректори Донишгоҳи техникии Ярославл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ба Сурия рафтани 3 донишҷӯи тоҷики ин мактаби олиро тасдиқ кард: “Ба мо ҳам аз ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия хабар доданд, ки се донишҷӯи шумо дар Сурия дар сафи ҷангиёни “Давлати исломӣ” меҷанганд. Онҳо ба сурати алоҳида, вале дар як фосилаи кӯтоҳ – аз миёнаҳои апрел то аввалҳои моҳи май – ғайб заданд.”

Масъулони Донишгоҳ ба далели муқаррароти қонун дар бораи маълумоти шахсӣ аз ифшои номи донишҷӯёни тоҷике, ки ба бовари мақомоти амниятии Русия, ба Сурия рафтаанд, худдорӣ мекунанд. Вале гуфтанд, ки онҳо дар бахши “хидматрасонии мошинҳо”-и риштаи автомеханикии Донишгоҳи техникии Ярославл таҳсил мекарданд.

Сергей Меднов, ёвари ректори ин донишгоҳ мегӯяд: “Ҳамааш бо баҳои хубу аъло таҳсил мекарданд ва аз ин рӯ, стипендия мегирифтанд. Бачаҳои хеле боодобу хушмуомила буданд. То ҳол дар донишгоҳ бовари касе намеояд, ки онҳо ба Сурия рафта бошанд. Дуи онҳо дар соли сеюм ва якеаш дар соли чорум таҳсил мекард. Хатмкунанда буд ва бояд як моҳ баъд кори дипломиашро ҳимоят мекарду соҳиби диплом мешуд. Вале ин ҳамаро партофту худро ба оташи кадом як ҷанги номаълум андохт.”

Дар Донишгоҳи техникии Ярославл мегӯянд, то ҳол рӯшан нест, ки донишҷӯёни тоҷикро кӣ ва бо чӣ василае аз роҳ задаву ба Сурия бурдааст? Масъулони донишгоҳ мегӯянд, асосан рӯи ду фарзия меандешанд: Яке, ба бовари онҳо, метавонад таъсири Интернет бошад, ки дар ин авохир ба як василаи умдаи ҷалби ҷангиёни нав ба сафи гурӯҳҳое, чун “Давлати исломӣ” табдил ёфтааст. Сергей Меднов аммо эҳтимоли таҳти таъсири тундравони исломие, ки дар атрофи масҷидҳои шаҳру вилояти Ярославл барои гурӯҳҳои террористӣ “гӯшт”-и тоза меҷӯянд, қарор гирифтани ин се донишҷӯи ҷавони аз шебу фарози зиндагӣ ноогоҳро сарфи назар намекунад.

Рустам Мирзохоҷаев
Рустам Мирзохоҷаев

Вале Рустам Мирзохоҷаев, раҳбари ҷамъияти тоҷикони Ярославл эҳтимоли дар масҷид ба сафи гурӯҳҳои тундрав ҷалб шудани донишҷӯёни тоҷикро рад мекунад: “Дар масҷиди Ярославл чунин гапҳо нест. Имоми масҷид баракс бо мо ҳамкорӣ мекунад, то ки намозгузорон фирефтаи чунин гурӯҳҳо нашаванд.”

Александр Ломов, ректори Донишгоҳи техникии Ярославл аз қабл изҳори нигаронӣ карда буд, ки шумори донишҷӯёни ҷалбшуда ба ҷанги Сурия метавонад бештар бошад. Ба гуфтаи ӯ, “танҳо дар нимаи моҳи сентябр, баъди бозгашти тамоми донишҷӯён аз таътили тобистона метавон ҳисобу китоб кард, ки чанд нафар ҳасту чанд нафар нест.”

Сергей Меднов мегӯяд, бо вуҷуди оғози соли нави таҳсил то ҳол на ҳамаи донишҷӯёни хориҷии донишгоҳ, аз ҷумла на ҳамаи толибилмон аз Тоҷикистон аз таътил баргаштаанд: “Вале ҳар рӯз шуморе бармегардад ва нигаронии мо камтар мешавад. Мо хеле умедворем, ки ғайр аз ин се нафар дигар ҳеҷ кадоме аз шогирдони мо ба доми тундравони исломӣ наафтода бошад. Онҳо дар синну солеанд, ки бояд фикри таҳсил ва барои худ сохтани ояндаи дурахшонеро кунанд, на фикри “ҷиҳод”-у “шаҳодат”-у дигар чизҳои беҳуда.”

Вале таъйид шудани хабари ба Сурия рафтани боз ду донишҷӯи дигар аз Тоҷикистон нишон медиҳад, ки нигаронии мақомоти донишгоҳ безамина набудааст.

Ин силоҳбадастон иддао доранд, ки аз Тоҷикистонанд ва дар Ховари Миёна меҷанганд
Ин силоҳбадастон иддао доранд, ки аз Тоҷикистонанд ва дар Ховари Миёна меҷанганд

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави ҷангист, ки дар соли 2014 қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ишғол карда, дар ин сарзаминҳо эълони “хилофат” кард. Ҷангиёни ин созмон бо қатлҳои бераҳмонаи асирону гаравгонҳо, аз ҷумла ба кушторҳои дастаҷамъӣ ва зинда ба зинда сӯзондану зери хок кардани асиронашон ном баровардаанд.

Бино ба ҳисобҳо, дар сафи ин созмон ҳазорон нафар аз саросари дунё, аз ҷумла чанд ҳазор аз кишварҳои Осиёи Марказӣ меҷанганд. Мақомоти Тоҷикистон шумори ҷангиён аз кишварро дар Ироқу Сурия беш аз 500 нафар баровард карда, мегӯянд, то имрӯз дар ҷангҳои Ховари Миёна тақрибан 50 нафар аз Тоҷикистон кушта шудаанд.

Дар Душанбе бар ин боваранд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон аксаран дар Русия ба сафи гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ, ба мисли “Давлати исломӣ” ҷалб мешаванд. Мисли ин панҷ донишҷӯи Донишгоҳи техникии Ярославл, ки ба гуфтаи масъули ин донишгоҳ, “фикри таҳсилу сохтани ояндаи дурахшон”-ашонро як сӯ гузошта, пой ба роҳи хатарноки ҷанг гузоштаанд.

XS
SM
MD
LG