Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти Юсуфи 25-сола барои “қасди сафар ба Сурия”


Юсуф Ҳакимзода 20 рӯзи охир дар боздошт ба сар мебарад
Юсуф Ҳакимзода 20 рӯзи охир дар боздошт ба сар мебарад

Мақомоти интизомии вилояти Хатлон як ҷавони сокини ноҳияи Ёвонро боздошт кардаанд, ки қасди сафар ба Сурия ва иштирок дар ҷангҳои ин кишварро дошт.

Мақомоти интизомии вилояти Хатлон як ҷавони сокини ноҳияи Ёвонро боздошт кардаанд, ки қасди сафар ба Сурия ва иштирок дар ҷангҳои ин кишварро дошт. Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар вилояти Хатлон дар нисбати Юсуфи Боймуҳаммади Ҳакимзода – сокини 25-солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Ёвон, ки собиқ донишҷӯи коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа аст, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Як манбаъ аз раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар ин вилоят рӯзи чоршанбеи 26 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Юсуфи Ҳакимзода баъди он боздошт шуд, ки як шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар марзи Туркия боздошт шуда буд, зидди ӯ шоҳидӣ додааст.

Боздошти Юсуфи 25-сола барои “қасди сафар ба Сурия”
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:17 0:00

Ба таъкиди ин манбаъ, Юсуфи Ҳакимзода ду соли пеш бо қасди мардикорӣ ба Русия рафта ва онҷо дар пайи як ҷанҷол ба 2 соли зиндон маҳкум шуд. Ҳафт моҳ пеш ӯ аз зиндон раҳо шуда ба Тоҷикистон баргашт. Аммо 20 рӯзи пеш яке аз се ҳамроҳони зиндонии ӯ аз ҷониби мақомоти Туркия барои қасди сафар ба Сурия боздошт шуданд. Дар бозпурсиҳо ин нафар гуфтааст, ки онҳо се нафаранд ва яке аз онҳо Юсуфи Ҳакимзода аст, ки мехоҳад ба Туркия ва баъдан ба Сурия «барои ҷиҳод» равад. Ин ҷавон аввалҳои моҳи август дастгир шуда ҳоло дар як боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе нигаҳдорӣ мешавад.

Айни замон, наздиконаш ӯро як шахси бегуноҳ меноманд ва таъкид мекунанд, ки “бо он ки вай намоз мехонд, аз дину “ҷиҳод” ҳеҷ гоҳ сӯҳбат

Хадича Абдураҳимова
Хадича Абдураҳимова

намекард”. Хадича Абдураҳимова, модари Юсуф, ки дар ҳавлии худ дар деҳаи Пахтакори ноҳияи Ёвон сӯҳбат мекард, гуфт, писараш ҳафт моҳи пеш аз зиндон озод шуд ва аз Русия ба ватан баргашт. Ба хотири он ки Юсуф дигар ба Русия наравад, ӯро шаш моҳ пеш хонадор карданд ва ин ҳама моҳҳо вай ҳамеша бо модар ва бародараш дар корҳои саҳро кӯмак мекард. Ба гуфтаи модар, писар ният дошт рӯзи 20 август ҳуҷҷатҳояшро дар коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа барқарор ва таҳсилашро дар ин муассиса идома диҳад.

Ҳоло модар мегӯяд, ки бист рӯзи пеш мақомот писарашро аз хона бурданд ва то ҳанӯз дақиқ нест, ки воқеан ҳам Юсуф нияти ба Сурия рафтан дошт ё на. Вай гуфт, ки писараш як сол дар коллеҷи тиббӣ хонд ва баъд ният кард, ки ба Русия рафта кор кунаду хонаро таъмир карда зан гирад. Вале дар он ҷо, ба гуфтаи модар, ба доми одамони бад афтод ва ӯро бо гумони авбошӣ ду сол дар зиндон маҳкам карданд. «Агар писари ман Сурия рафтан мехост, магар дубора барои таҳсил ҳуҷҷатҳояшро дуруст мекард?», мепурсад модар. Вай гуфт, ки вақте шавҳараш барои дидани Юсуф рафтааст, аз ӯ фаҳмидааст, ки ӯро бо иттилои ҷавоне, ки аз марз боздошт ва ба Тоҷикистон оварда шудааст, дастгир кардаанд. Модар мегӯяд, аз ин беш чизе намедонад, вале ба

Баҳодур, бародари Юсуф Ҳакимзода
Баҳодур, бародари Юсуф Ҳакимзода

бегуноҳии фарзандаш мутмаин аст. Наздикони Юсуф мегӯянд, ин писар саводу фаҳмиши хуб дорад ва ҳамеша орзуи табиб шуданро дошт. Баҳодур, бародари ягонаи Юсуф низ аз боздошти бародараш нораҳат аст. Аммо вай гуфт, Юсуф пас аз бозгашт аз Русия тағйир ёфта, кӯшиш мекард танҳо бошад ва ҳамеша афсурдаву парешонхотир менамуд.

Ҳанӯз маълум нест, ки Юсуф Ҳакимзода аз рӯи кадом модда боздошт шудааст. Қонунҳои Тоҷикистон барои ширкатдорони ҷангҳои хориҷӣ аз 12 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Вале барои ҷинояте, ки анҷом нашудааст, муҷозот пешбинӣ нашудааст. Модар гуфт, ки писараш, зоҳиран, ба адвокат дастрасӣ надорад ва аз рӯи баёноти афроди дигар боздошт шуда, эҳтимолан бо ин нафарон дар ҷараёни бозпурсиҳо рӯбарӯ мешавад.

Боздошти Юсуфи Ҳакимзода, ҷавони 25-солаи тоҷик дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомот, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сафи гурӯҳи ба ном “Давлати исломӣ” дар ҳудуди Ироқ ва Сурия меҷанганд, беш аз 500 нафар будааст. Мақомот мегӯянд, то имрӯз беш аз 150 нафари онҳо кушта шудаанд. Ҳоло тибқи иттилои расмӣ 7 донишҷӯ аз Русия ва 11 донишҷӯи мактабҳои олӣ ва касбии Тоҷикистон ба гурӯҳи «Давлати исломӣ» пайвастаанд.

XS
SM
MD
LG