Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

30 рӯзи асорати Аловуддин дар Афғонистон (ВИДЕО)


Аловуддин Салоҳуддинов
Аловуддин Салоҳуддинов

Аловуддин Салоҳуддинов, соҳибкори тоҷик, ки як моҳ дар асорати як гурӯҳи одамрабоён дар Афғонистон қарор дошт, дар гуфтугӯи ихтисосӣ бо Озодӣ аз ин саҳифаи сиёҳи зиндагиаш қисса кард.

Мақомоти Афғонистон чанде қабл аз боздошти хатарноктарин ҷинояткори таърихи имрӯзи кишварашон шахсе ба номи “Раис Худойдод” хабар доданд. Ба гуфтаи мақомот, ин нафар бо одамрабоӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҳамлаи мусаллаҳона ба тоҷирону мансабдорон ва дигар омоли ҷиноӣ машғул буд ва шабакаи бузургаш ҳатто дар Тоҷикистон фаъолият мекард.

Аловуддин Салоҳуддинов, соҳибкори тоҷик, яке аз ҳамон тоҷиронест, ки ба доми ин шабака афтода, 30 рӯз дар асорати одамрабоён қарор дошт. Ӯ дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ қисса кард, ки чӣ тур ба Афғонистон рафт ва ба асорат афтод:

- Ман дар Афғонистон як – ду шарики тиҷоратӣ доштам, ки бо онҳо равуо мекардам. Аммо як соли пеш дар Бандари Шерхон бо як ҷавони афғон ошно шудам, моҳе қабл дар Душанбе меҳмон ҳам шуда буд. Ӯ худро тоҷир муаррифӣ намуд. Ҳамсуҳбат будем, вале ягон додугирифти тиҷорӣ надоштам. Вақтҳои охир тахмин чордаҳ - понздаҳ бор занг зада, боисрор талаб мекард, ки ба Афғонистон биёям, то як қарордод имзо карда, ба ҳамкорӣ шуруъ намоем. Ҳамин тавр, рӯз 26 апрел аз роҳи марз ба самти Афғонистон сафар кардам.

- Тани танҳо, ё касе бо Шумо буд?

- Танҳо худам ба роҳ баромадам. Ин одам аз ман хоҳиш карда буд, ба Кобул наздик шудам, занг занам. Чун ба Кобул наздик шудам, ба ӯ занг задам...

- Кадом маҳал, кадом вилоят буд?

- Шаҳри Чоряккор, маркази вилояти Парвон. Ин одам хоҳиш кард, ки он ҷо аз мошин фароям ва ӯро мунтазир шавам. Гуфт, ки ҳамон ҷо меҳмони нафаре ба номи Ҳоҷӣ мешавем ва субҳ ба Кобул меравем. Гуфт, дар қаҳвахонаи “Панҷшер” – и Чоряккор мунтазир шавам. Гуфт, ним соат пас меояд, аммо ман ӯро се соат мунтазир шудам. Торик шуда буд. Ӯ бо ҳамроҳии нафаре омад. Ба мошин нишастем ва ба самти теппаҳо роҳ пеш гирифтем. Ман пурсидам, ки дар ин новақт зарурати меҳмонӣ нест. Аммо исрор кард, ки бояд равем, Ҳоҷӣ моро интизор аст. Аммо баробари болои теппа баромаданамон ду силоҳбадаст мошини моро доштанд. Яке бо либоси мулкӣ таппонча дошт ва дигаре бо либоси низомӣ – автомати “Калашников”. Ба он ду эътиборе надода, ба сӯи ман омаданд. Маро аз мошин фароварда, ҳуҷҷатҳову сумкаам ва ҳамаи пуламро гирифтанд. Чашмонамро бо скотч баста, дигарбора ба мошин савор карданд. Мили таппончаро ба сарам рост карда буданд.

- Рафиқатон куҷо шуд?

- Вақте биниву чашмонамро бо скотч бастанд, нафасгирӣ мушкил шуд. Гуфтам, нафас кашида наметавонам, аммо онҳо ду маротиба бо таппонча ба сарам заданд ва гуфтанд: “Хап кун, ки мекушемат!” Скотчро каме бардоштам ва ба қирраи чашм дидам, ки ҳамроҳи ман – Ҳоҷӣ Абдуқаҳҳор ду даст ба миён дошта, манзараро тамошо мекард. Ман фаҳмидам, ки ҳадафи ин қадар исрори ӯ маҳз афтондани ман ба дасти одамрабоён будааст. Ҳамин тавр, мо роҳамонро ба самти куҳ идома додем...

- Шумо чизеро намедидед?

- Не, чизеро намедидам, зеро аввал бо латта, пас бо скотч чашмонамро баста буданд. Маро ба як таҳхона, як оғилчаи хурд бурда партофтанд. Ҳамин тариқ, ман як моҳи расо бо дасту по ва чашмони баста, дар вилояти Парвон, мегуфтанд, ки дараи Ғурбанд бандӣ шудам.

- Дар он ҷо чӣ гузашт? Боз чиҳо аз ин ҳодиса барои Шумо рӯшан шуд?

- Субҳи рӯзи дигар аз он ҷо маро ба як хонаи дигар бурданд. Он ҷо ба ман гуфтанд, ки ту ба дасти Толибон афтодаӣ ва онҳо барои ту пули калон хоҳанд хост. Аммо дақиқан, инҳо на Толиб, балки одамдуздон буданд.

- Абдуқаҳҳор куҷо шуд?

- Абдуқаҳҳор ҳамон рӯз пайдо шуд. Бо лобаву зорӣ ва гиря даромада, гуфт, ки акаи Аловуддин инҳо маро мекушанд, ту бояд 500 ҳазор доллар пайдо кунӣ. Сипас, як нафари дигар ба воҳима даромада омад, ки мегуфтанд, Мавлавӣ Шунгул раҳбарашон аст. Ман ба ӯ гуфтам, ки як нафари мусофир ҳастам, кори харобе дар ҳаққи шумо накардам, чаро бо ман чунин рафтор мекунед? Хап шав, гуфта, бо қундоқи автомат заданд...

- Ягон ном гирифта намешуд?

- Ном нест. Ман ягон касро намебинам, торикистон. Гуфтанд, то рӯзи ҷумъа бояд пул пайдо кунӣ, вагарна кушта мешавӣ ва мурдаатро ҳам касе пайдо карда наметавонад. Бояд се лак (300 ҳазор) доллар пайдо кунӣ. Робитаи телефонӣ ҳам набуд. Рӯзи дигар ба ман телефонро доданд ва бо як ҳамкори афғонам суҳбат кардам. Ӯ бетафовут буд. Гуфт, ки як – ду рӯз фикр мекунад. Сипас, телефони хонаро додам. Пайваст карданд. Оилаам гирён шуд, ки ду рӯз шуд, чаро аз Шумо хабаре нест. Ман гуфтам, сиҳату саломатам, аммо ба дасти Толибон афтодаам, инҳо 300 ҳазор доллар мехоҳанд, пул ёбед ва маро озод кунед.

- Ба ҳамин алоқа қатъ шуд?

- Телефонро қатъ карданд. Чун мақсад ҳам ҳамин буд, ки ман паёми онҳоро ба хона фиристам. Аммо баъдтар фаҳмидам, ки худи онҳо бо оилаам дар тамос шуда, ҳар рӯз таҳдид мекардаанд, ки ана, дасти ҳамсаратро қатъ мебуррем, ана, аз китфаш мепарронем ва ӯро азият медиҳем.

- Дар асл Шуморо азият медоданд ва латукӯб ё дар ҳаққатон бадрафторӣ мекарданд?

- Не, латукӯб ва бадрафторӣ намекарданд, аммо дар шароити хеле вазнин нигоҳ медоштанд. Дар таҳхона, ки ҳатто тиреза надошт, нафасгирӣ мушкил буд. Дар ҳамин 30 рӯз на рӯшноиро дидам, на офтобу на рӯи касеро. Ҳамин ки чашмонам ё дастонам дард мекардам, рӯймолро суст мекардам ё дастбандро, ки ҳамон лаҳзаҳо таҳдид мекарданд ва як зарбаи сабук мехӯрдам. 30 рӯз ба дасту пои баста дар як ҷо менишастам. Баъзан дастонамро ба пушт мебастанд. Ин як дарди умуман тоқатфарсо аст. Китфонам месӯхтанд.

- Вақте гӯшҳоятонро пахта зада буданд, чизеро мешунидед?

- Хеле ба сахтӣ. Ончунон пахтаро дар гӯшҳоям сахт, карда буданд, ки гӯям бовар намекунед. Пас аз 25 рӯзи озод шуданам, вақте дарди гӯш азиятам медод, пеши духтур рафтам ва ӯ аз гӯшам ду пора пахта кашида баровард. Дигар ин, ки онҳо пеши ман суҳбат намекарданд. Агар мекарданд ба забони дигар.

- Бо кадом забон?

- Бештар бо забони пашту суҳбат мекарданд. Як нафар бо ман ба тоҷикӣ суҳбат мекард. Ду нафари дигар ба пашту ҳарф мезаданд ва ҳарфҳои заруриро ба тоҷикӣ мегуфтанд.

- Аз рӯи суханони шумо маълум мешавад, ки онҳо Шуморо барои пул гаравгон гирифта буданд. Медонистанд, ки пули калон доред? Умуман, ҳамин пулро Шумо доштед ё доред? Агар як нафари фақир бошад, албатта, ӯро ихтитоф намекарданд...

- Абдуқаҳҳор ба онҳо ин маълумотро дода буд, ки ман он қадар тиҷорати бузург ва ин қадар маблағро ҳам надорам. Аммо ба ҳамон Мавлавӣ мегуфт, ки ҳамкорони ман дар Кобул ин пулро доранд.

- Қаблан дар корҳои ӯ ягон шубҳа накарда будед?

- Бале, чанд шубҳа буд. Худро тоҷир мегуфт, аммо тиҷорати маълум надошт. Лаҳҷаи тоҷикиро хуб медонист. Маълум буд, ки ба Тоҷикистон хеле зиёд омада, меравад. Ҳатто бори охир бо дигар ном ва шиноснома омада будааст. Ё занг мезад, ки дар Покистон семент ёфтааст ба нархи арзон. Рафиқонам мегуфтанд, ин як нархи хеле шубҳаангез аст. Ба Покистон нарав. Аммо дар ниҳоят ман ба доми ӯ афтодам.

- Хуб, баъд чӣ шуд? Рӯзҳоро чӣ тавр мегузарондед? Чӣ мехӯрдед?

- 24 соат бегоҳ, ки мешуд, субҳро интизор мешудам, субҳ, ки мешуд, Худо мегуфтам, ки нисфирӯзӣ шавад ва нисфирӯзӣ дуо мекардам, ки зудтар шаб шавад. Рӯи кати чӯбин бо дасту пои маҳкам баста, аз ҷо намеҷунбидам. Дар пешам дар як кӯзаи пластикӣ об, як сатилча барои пешоб кардан буд. Ҳар рӯз як нони хушк медоданд. 30 рӯз хӯроки гармро надидам. Фақат обу нон буд. Аз ҷоям ҳатто намехестам.

- Ягон бори дигар бо хонаатон тамос гирифтед?

- Танҳо як маротибаи дигар. Ба хона занг задам ва фаҳмидам, ки оилаам ба Кобул омадааст. Он вақт хулоса кардам, ки ёру дӯстон барои озодии ман тапу талош доранд. Дигар тамосе бо дунё надоштам. Дар як таҳхонаи торик маро нигоҳ медоштанд. Аммо дар ин муддат тахмин шаш маротиба маро аз ҷой ба ҷое мебурданд. Як ҷой бурда буданд, ки заминаш лойу нам буд. Маро рӯи он партофтанд. 6 – 7 рӯз дар ҷое будам, ки дар 200 – 300 – метрии ҷойи нигаҳдории ман амалиёти ҷангӣ ҷараён дошт. Садои чархболҳои низомиву рокетандозҳо ва автомат ба гӯш мерасид. Хеле даҳшатнок буд. Соатҳои 12 - шаб маро ба бағочи мошин бор карда, мебурданд. Фосила байни ҳавлиҳо аз 10 – 15 дақиқа, 10 – 15 километр зиёд набуд. Хулоса кардам, ки маро дар як маҳал аз ҷое ба ҷое мекӯчонанд.

- Ба ҷуз Шумо дар он ҷойҳо дигаронро ҳам нигоҳ медоштанд?

- Намедидам, аммо ҳис мекардам, ки дар он ҳавлиҳо ба ҷуз ман дигарон ҳам ҳастанд. Фақат мо якдигарро намедидем ва намешунидем. Аввал ин, ки гӯшҳоямон сахт баста буданд, дигар ин, ки хеле паст суҳбат мекардем. 30 рӯз рӯи касеро надидам, аммо ҳис мекардам, ки дар он ҳавлиҳо ман танҳо нестам.

- Дар суҳбатҳо бо Шумо ҳам касе намегуфт, ки бо Шумо боз касе ҳаст?

- Баъзан посбонҳо ба дуздӣ бо ман суҳбат мекарданд ва мегуфтанд, ки ту танҳо нестӣ. Ба ин ҳавлиҳо садҳо нафар омада, мераванд. Агар пайса диҳанд, ҳарфе нест, озод мешаванд, агар не, кушта хоҳанд шуд.

- Кай Шуморо озод карданд?

- Азбаски дастрасӣ ба тақвим надоштам, бо ангуштонам рӯзу ҳафтаҳоро мешумурдам. Пас аз як муддат муносибаташон бо ман хуб шуд. Баъдтар фаҳмидам, ки аллакай барои ман пул гирифтаанд. Маро 26 май озод карданд.

- Озодии Шумо чӣ тур сурат гирифт?

- Як нафаре буд, ки посбони асосии ман буд ва бо ман муомилаи хуб дошт. Гоҳо дастонамро озод мекард, мегуфт, мусофир ҳастӣ, хуб ранҷ кашидӣ, истироҳат кун. Ҳатто як – ду маротиба нагузошт, ки маро зананд. 26 май қарибиҳои бегоҳ ҳамон бача даромад ва гуфт, ки ака, худат озод ҳастӣ, мавлавӣ раҳм кард, гуфт, ки мусофир аст, ранҷ дидааст, озодаш кунед. Ман бовар накардам. Ҷисману руҳан абгор шуда будам. Гирён шудам, илтимос кардам, ки агар куштанӣ ҳастед, ҷое мурдаамро партоед, то маро пайдо кунанд ва ба ватанам бурда гӯронанд. Вай гуфт, на, ҷиддӣ мегӯям, ту воқеан озод шудӣ. Завлонаҳои дасту поямро кушод, аммо гуфт, чашмонатро боз намекунам. Гуфт, либосҳоят гум шудаанд, аммо сумкаву шиносномаамро дод. Ба бағочи мошин бор кард ва гуфт, ки туро ба самти Қундуз мебарем, агар ба Кобул барем, онҳое, ки туро оварданд, туро хоҳанд кушт. Соатҳои 8 – и бегоҳ ба роҳ баромадем. Мошин бо суръати баланд пеш мерафт. Танҳо ҷое садои мошинҳои боркашро шунидам ва хулоса кардам, ки нақби Соланг аст. Пас аз чанд муддат мошин якбора истод. Ҳамон ҷавон маро фароварда, гуфт, ки як соат аз ҷой нахезам, вагарна кушта мешавам. Ман ҳам итоаткорона нишастам.

- Як соат?

- Бале, вақте ба худ омадам, ки сагҳо ҳамла карданд. Ба сӯи онҳо санг партофтам. Хостам аз ҷой хезам, натавонистам, афтидам. Дубора хестам, аммо ба китфи чап афтидам. Чанде дигар хобидам ва чашмонамро боз карда, ба роҳ нигаристам. Мошине наменамуд. Ба осмон нигаристам, ки пур аз ситора буд. Хуш шудам, ки зиндаам ва озод шудаам.

- Шуморо дар ягон маҳал ё сари роҳ поён карда буданд?

- Бале, қарибии Душӣ ном маҳалли вилояти Бағлон, назди як масҷиди навсохт буд. Вақте ба худ омадам, дар интизори мошин нишастам. Мошинҳои боркаш умуман намеистоданд. Аз мошинҳои хурд паноҳ мебурдам, мабодо дузд набошанд, гуфта. Ниҳоят як “сервис” – автобус истод, маро то Пули Хумрӣ бурд. Пул талаб кард, вазъро фаҳмондам, “ба хайр аст!” гуфт. Аз он ҷо ба Қундуз рафтам. Аз Қундуз ба Шерхон - Бандар худро расондам. Муҳлати визаам се рӯз гузашта буд. Аммо он ҷо як корманди гумрук вақте номамро фаҳмид, ба ҷое занг зад, ки ҳамон нафар, яъне ман, ҳамин ҷоям. Боз ба андуҳ афтодам, ки магар дигарбора ба дасти дуздон афтидам. Се – чор нафар омада, маро ба Қундуз бурданд. Хушбахтона, кормандони амнияти миллии Афғонистон будаанд. Онҳо ба ман хӯроку либос доданд ва бо дархости Раёсати амнияти миллии Афғонистон бо муҳофизи бисёре маро ба Кобул интиқол доданд.

- Дар Кобул ба Шумо аз қазияатон чӣ рӯшан шуд?

- Маро дар Раёсати амнияти миллии шаҳри Кобул бозпурсӣ карданд. Ҳама ҳодисаро нақл кардам, бахусус аз маҳалли нигаҳдориам зиёд пурсиданд. Вақте пурсиданд, ки чаро туро озод карданд, ҷавоб додам, ки як мавлавӣ будааст ва ӯ ба ман раҳм кард. Гӯё, ки ба қаҳр омад ва як баста парвандаи маро рӯи миз гузошта гуфт: барои озодии ту Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Раёсати амнияти милли мо як моҳ шабу рӯз кор карданд. Ман аз ин ду ниҳод, ҳамчунин раёсати амнияти миллии шаҳри Кобул хеле сипосгузорам, ки барои озодии ман кӯшиш карданд, бахусус як хоҳар, ки бо ҳамроҳии ҳамсари ман барои таслим кардани маблағ ба назди одамрабоён рафта буд.

- Яъне пуле, ки одамрабоён талаб карда буданд, пардохт шудааст?

- На ҳамаи он, аммо қисман.

- Мо шунидем, ки барои озодиятон 100 ҳазор доллар додаанд...

- Не, ин қадар ҳам не, аммо маблағи қобили мулоҳиза аст.

- Шумо гуфтед, ки Абдуқаҳҳор аз назди як ҳамкоратон дар Кобул ба Шумо занг зад. Онҳо бо ҳам робитае доштаанд?

- Воқеан, худи ман ҳам шубҳаҳое сари ҳамкоронам пайдо кардаам. Аммо азбаски ҳоло тафтишот идома дорад, чизе гуфта наметавонам.

- Шумо бо онҳо чӣ ҳамкорӣ мекунед?

- Ман дар шаҳри Қӯрғонтеппа як корхонаи собун дорам. Қисмати бузурги саҳмияҳои он - 80 дарсад ба як тоҷири афғон ва бақия 20 дарсад ба ман тааллуқ дорад.

- Рабуда шудани Шумо ба ин ҳамкориатон рабте дорад?

- Вақте ман дар асорат будам, ҳамкорони афғони ман ба хона омада, аз ҳамсарам забонхат гирифтаанд, ки маблағи озодии маро месупоранд, аммо агар мо онро пардохта натавонем, ҳамон 20 дарсади саҳми ман аз онҳо мешавад. Ин нукта маро ба шак овардааст, зеро саҳми ман амалан 200 - 250 ҳазор доллар қимат дорад.

- Вақтҳои ахир хабар паҳн шуд, ки дар Афғонистон як ҷинояткори маъруф ба номи “Раис Худойдод”, ки шабакаи бузурги одамрабоёнро роҳбарӣ мекардааст, боздошт шудааст. Оё ин ҳамон гуруҳ аст, ки Шуморо рабуда буд?

- Дар бораи Худойдод ман чизе намедонам, ман умуман касеро ба ҷуз Абдуқаҳҳор аз ин гуруҳ намешиносам. Аммо чанде қабл як шиносам, ки дар раёсати амнияти миллии Кобул кор мекунад, ба ман занг зада гуфт, раҳбари ҳамон одамрабоёнро боздошт кардаанд ба номи Худойдод. Абдуқаҳҳор ҳам одами ӯ будааст. Ду шарики ӯро ҳам боздошт кардаанд. Дар қазияи ман суолҳои беҷавоб зиёданд, аммо фақат боздошт шудани Абдуқаҳҳор ба ҳама саволҳо ҷавоб медиҳад.

- Мегӯянд, сабаби боздошти Шумо ин аст, ки Шумо бо тиҷорати маводи мухаддир сарукор доред ва ё аз кадом як тоҷири афғон қарздор ҳастед. Ин дуруст аст?

- Вақте кас дармонда шуд, ҳама соҳиби гап мешавад. Агар ман ба ин корҳои ношоиста ва ифлос даст мезадам, мақомоти қудратӣ, албатта, хабар меёфтанд ва маро муҷозот мекарданд. Ман ба ин корҳо аслан машғул нестам.

- Ҳоло саломатиатон чӣ тур аст?

- Дар қиёс бо рӯзҳои асорат беҳтарам, аммо қалбу меъдаам мушкил пайдо кардаанд. Устухонҳои дасту поям то ба ҳол месӯзанд. Моҳҳои аввал аз камтарин сухан гиря мекардам. Ҳоло гоҳо он ҳамаро хоб мебинам ва хотираҳо зинда мешаванд...

XS
SM
MD
LG