Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳотамхон то ҳол аз Афғонистон барнагаштааст


Марзи Шӯрообод

Марзи Шӯрообод

Як сокини Шӯрообод, ки аз сӯи силоҳбадастони афғон рабуда шуда буд, баъди раҳоияш низ дар Афғонистон мемонад. Мақомоти афғон мегӯянд, Ҳотамхон Назриев бояд дар мурофиаи гаравгонгирон шаҳодат бидиҳад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ду моҳ пеш рабуда шуда буд, бо вуҷуди раҳоӣ аз дасти гаравгонгирон то анҷоми баррасии парвандаи афроди гаравгонгир дар Афғонистон мемонад.

Ҳотамхон Назриев, шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистонро афроди “Раис Худойдод”, ки мақомоти Афғонистон “хатарноктарин ва моҳиртарин дузди таърихи муосири ин кишвар” тасвираш кардаанд, аз деҳаи Овиёи ноҳияи Шӯрообод рабуда буданд ва акнун натанҳо одамрабоён, балки раҳбари онҳо Худойдод низ боздошт шудаанд.

Як мақоми баландпояи идораи амнияти вилояти Тахори Афғонистон бидуни бурдани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, дар пайи як амалиёт чаҳор нафар гаравгонгиронро боздошт намуда, аз дасти онҳо шаҳрванди Тоҷикистонро раҳо карданд, вале ин нафар то анҷоми мурофиаи гаравгонгирон дар Кобул нигаҳдорӣ хоҳанд шуд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз раҳо шудан ва ба ватан баргаштани Ҳотамхон Назриев хабар дода буданд. Аммо мақоми амниятии Тахор мегӯяд, “Ҳотамхон бояд дар додгоҳ алайҳи гаравгонгирон шоҳидӣ диҳад ва пас аз эълони ҳукм ба Тоҷикистон бозпас баргардонида мешавад.”

Бори аввал аст, ки афроде, ки дар гаравгонгирии як шаҳрванди Тоҷикистон даст доранд, боздошт ва ба додгоҳ кашида мешаванд. Ин мақоми амниятии вилояти Тахори Афғонистон мегӯяд, чаҳор нафари боздоштшуда аз як шабакаи ҷиноии гаравгонгироне буданд, ки дар марзи Тахори Афғонистон ва Шӯроободи Тоҷикистон фаъолият мекарданд ва бо гурӯҳи “Раис Худойдод” пайванд доштаанд. Ҳадафи ин гурӯҳ,ба гуфтаи ин мақоми амниятии Афғонистон, “интиқоли маводи мухаддир ва гаравгонгирӣ ба хотири ба даст овардани сармояи муфт” будааст.

Ҳамсӯҳбати мо меафзояд: “Мо дар ин самт ба мақомоти Тоҷикистон ҳамкорӣ кардем ва чанде аз афроди ин гурӯҳро он ҷо низ боздошт карданд. Чунин ҷиноёт, ки ба эътибори Афғонистон садама мезанад, бояд коҳиш ёбад. Мо ҷавони дар гаравбударо сиҳату саломат озод кардем ва бароятон ваъда медиҳам, ки мурофиаи додгоҳӣ дар марҳилаи поёнӣ қарор дорад ва ба зудӣ ин ҷавон ба кишвари Тоҷикистон бармегардад.”

Ин мақоми амниятии Тахор дигар аъзои боздоштшудаи гурӯҳро Одина, Фирӯз, Баҳриддин ва Раҳим ном бурд.

Ин дар ҳолест, ки пайвандони Ҳотам Назриев дар Тоҷикистон аз сарнавишти ӯ нигаронанд. Бародари ӯ Аҳмад Назриев мегӯяд, 15 рӯз пеш, вақте бародараш озод шуд, бо ӯ тамос дошт, вале ҳоло аз ҳолаш ҳеҷ хабаре надорад: “Дигар ҳеҷ тамосе надорем, ки чӣ ҳол дорад. Гуфтанд, ки вазъияташ хуб асту хуб нигаҳдорӣ мешавад ва пас аз суд кардани гаравгонгирон ба Тоҷикистон меояд. Дигар на ба мо телефон мекунанд ва на хабаре мерасонанд.”

Ҳангоми тамос Ҳотам ба бародараш гуфтааст, ки ҳамон шаби рабуда шуданаш ӯро аз марз гузаронида, дар дохили Афғонистон пинҳон кардаанд.

Масъулони сафорати Тоҷикистон дар Кобул мегӯянд, аз ҳоли ин шаҳрванд бохабаранд. Шарофиддин Имомов, сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар як сӯҳбати кӯтоҳ гуфт, ин шаҳрванд дар ҷои амн нигаҳдорӣ мешавад ва намояндагони сафорат пайваста аз аҳволаш хабар мегиранд.

Мурофиаи ин гурӯҳи гаравгонгир дар ҳоле дар Кобул ҷараён дорад, ки мақомоти амниятии Афғонистон мегӯянд, шаби 14-уми сентябр маъруфтарин одамрабо бо тахаллуси “Раис Худойдод”-ро боздошт карданд. “Раис Худойдод”, ки аз ҷониби мақомоти амниятии Тоҷикистон барои гаравгонгирӣ ҷустуҷӯ мешуд, ба гуфтаи мақомоти афғон, шабакаи бузургеро дар дохил ва берун аз хоки Афғонистон идора мекардааст.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон ҳам ба тозагӣ аз кушта шудани дигаре аз гаравгонгирон - Салам валади Мукофот - сокини улусволии Хоҳони Бадахшон, ки дар куштори сарбози нерӯҳои марзбонӣ ва гаравгонгирии сокинони маҳаллӣ даст доштааст, хабар доданд. Аммо гуфта мешавад, кушта шудани Салам ва боздошти “Раис Худойдод” поёни кор нест, зеро ҳанӯз 3 гурӯҳи дигар, ки дар гузашта дар гаравгонгирӣ даст доштанд, дар мавзеҳои дастнораси Шӯрообод ҳамчунон тохтутоз мекунанд.

XS
SM
MD
LG