Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Се рӯзе, ки ба се сол расид


Мавзеи наздисарҳадӣ дар ноҳияи Шӯроободи Тоҷикистон дар наздикии марз бо Афғонистон (акс аз бойгонӣ).

Мавзеи наздисарҳадӣ дар ноҳияи Шӯроободи Тоҷикистон дар наздикии марз бо Афғонистон (акс аз бойгонӣ).

Шаҳрванди Афғонистон, ки мехост таъҷилан аз Душанбе дар давоми се рӯз ба зодгоҳаш барои иштирок дар маросими тӯи бародараш биравад, се соли дигар дар Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Ҳангоми боздошт аз ҷониби сарҳадбонон дар марзи Шӯрообод Насрулло валади Қурбонмуҳаммад, ки дар Душанбе кору фаъолият мекард, гуфтааст, барои тамдид кардани раводиди сафараш аз Тоҷикистон ба Афғонистон фурсати зиёд лозим буд, аз ин рӯ хост, то ғайриқонунӣ бо роҳи пинҳонӣ зудтар ба вилояти Тахор бирасад. Додгоҳи Шӯрообод барои талоши марзшиканӣ ӯро се сол равонаи зиндон кард ва Шерхон Қурбонов, як сокини ин ноҳияро, ки барои тасмими марзшикании ӯ мусоидат кард буд, додгоҳ 12 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Раҳмоналӣ Раҷабов, вакили мудофеъ дар ин парванда мегӯяд, тавонистанд чанд ҷурми дигарро аз парванда хориҷ кунанд ва як нафари таҳти ҳимояташ - Шерхон Қурбоновро бо супурдани ҷарима аз толори додгоҳ озод намоянд. Ӯ мегӯяд, дигар нафарони таҳти ҳимояташ ҳеҷ эътирозе надоранд ва аз ҳукми додгоҳ ризоянд.

Вай гуфт: «Онҳо ба ҳукми додгоҳ розӣ шуданд ва мо ҳам ҳеҷ шикояти эътирозӣ нанавиштем. Маълум шуд, ки Қурбонов ҳамчун зодаи Шӯрообод, ки дар Душанбе зиндагӣ мекунад, танҳо ба ин нафар роҳ нишон додааст. Пештар мехостанд, то ӯро низ ҳасб кунанд, аммо мо далел пеш овардем, ки кирдори Қурбонов ҷинояти вазнин нест ва танҳо ин аз нофаҳмӣ сар задааст».

Шерхон Қурбонов, ки ҳоло дар озодист, ҳукми додгоҳро одилона донист ва изҳор дошт, ки аз кардаи худ сидқан пушаймон аст ва ҳеҷ гоҳ дигар чунин рафтор нахоҳад кард.

Баррасии ин парванда дар додгоҳи Шӯрообод нишондиҳандаи он буд, ки то ҳанӯз марзи Шӯрообод барои аксари сокинони ду соҳили рӯдхонаи Панҷ душворназорат ва осонгузар ба назар мерасад. Ҳарчанд талоши марзшикании Насрулло валади Қурбонмуҳаммад бенатиҷа анҷом ёфта бошад ҳам, аммо коршиносон мегӯянд, шояд чунин афрод борҳо аз ин марз гузашта, ба даст наафтода бошанд.

Саидшоҳ Баротов, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, боздошти як шаҳрванди Афғонистон, ки мехост аз Тоҷикистон ба Афғонистон биравад, шояд бори аввал сурат мегирад, аммо ӯ мегӯяд, марзшикании афғонҳо аз он сӯи Панҷ ба як одати доимӣ табдил ёфттааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳафтае нест, ки сокинони деҳоти наздимарзӣ бо марзшиканони афғон рӯ ба рӯ наоянд, ки ҳамаашон мусаллаҳанд. Баротов мегӯяд, шикофи марзи Шӯрообод бе назорат мондааст ва аз эҳтимол дур нест, ки онро гурӯҳҳои манфиатдор ба нафъи худ истифода кунанд:

«Ба назар мерасад, ки гӯё танҳо аз ин шикоф қочоқчиён истифода мекунанд ва гӯё ин барои ҳама маълум аст. Дар ин шароити ноамни Афғонистон ва дар ҳоле, ки хабари задухӯрд бо толибон дар марзҳои Тоҷикистон садо медиҳад, кӣ кафолат дода метавонад, ки ин сӯрохи марзи Шӯроободро толибон ба манфиати худ истифода намекунанд? Фикр мекунам, ки аз ин нуктаи назар бояд мо дар ташвиш бошем ва талош кунем, ки на қочоқчӣ ва на толиб марзи моро убур кунад».

Ин коршинос мегӯяд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ гурӯҳҳои силоҳбадасти мухолиф аз марзи Шӯрообод истифода мекарданд. Ба гуфтаи ӯ, ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ гоҳ-гоҳ ҳамла мешуд, вале то замоне ки дар тобистони соли 1993 ба дидбонгоҳи Сари Ғор ҳамлаи хунин сурат нагирифт, ин мавзӯъро касе ҷиддӣ нагирифт. Дар паи ин ҳамла дар марзи Шӯрообод 25 сарбози тоҷику рус кушта шуда буд. Аммо аз он замон то кунун ба назар мерасад, ки боз ин марз ба таври ҷиддӣ назорат намешавад.

Шӯрообод, ки беш аз 150 километр хати марз бо давлати исломии Афғонистон дорад, душворназораттарин қитъаи марзи Тоҷикистон бо Афғонистон дониста мешавад. Дар ин қитъаи марзӣ зуд-зуд ҳолатҳои марзшиканӣ ва гаравонгирии шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби шаҳрвандони Афғонистон сабт мешавад. Моҳе пеш ҳангоми гаравгонгирӣ чаҳор сокини деҳаи Деҳи Қозӣ ба марзшиканони силоҳбадаст ҳамла карданд, ки дар натиҷа се шаҳрванди Афғонистон ва як сокини Шӯрообод кушта шуда буд.

Коршиносон мегӯянд, то вақте ки ҳодисаҳои марзшиканӣ ҷиддӣ гирифта нашаванд, ин марзи давлатӣ хуб назорат нахоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG