Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмҳои ҷудогонаи Раҳмон ба Аҳмадзай ва Абдуллоҳ


Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар номааш мақоми нави Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳро барояшон табрик гуфта, аз ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистон истиқбол намудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, 26 сентябр бо ирсоли паёмҳои ҷудогона ба Ашрафғанӣ Аҳмадзай, раиси ҷумҳури нави Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроии ҳукумати ин кишвар, мақомҳои навашонро табрик гуфтааст. Аҳмадзай ва Абдуллоҳ - ду номзади даври дувуми интихоботи президентии Афғонистон ҳамагӣ як рӯз пеш аз эълони натиҷаҳои интихобот бо ҳам дар бораи ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ тавофуқ карданд ва бар асоси он аввалӣ -- раиси ҷумҳур ва дувумӣ -- раиси иҷроиии ҳукумат шуд. Баъд аз он Кумисюни мустақили интихоботи Афғонистон ҳам эълон кард, ки дар даври дувум Ашрафғанӣ Аҳмадзай пирӯз шуда, раиси ҷумҳур интихоб гардидааст. Оқои Раҳмон ҳам дар номааш Аҳмадзайро раиси ҷумҳури мунтахаби Афғонистон хитоб карда, гуфтааст, “интихоби Шуморо ба ҳайси раиси ҷумҳури Афғонистон ва таъсиси давлати ваҳдати миллиро ба Шумо ва кулли мардуми дӯсти Афғонистон самимона табрик намоям”.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар идома аз ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ дар кишвари ҳамсоя истиқбол карда, онро “ниёзи ҳаётии кишвар ва мардуми Афғонистон” донистааст. “Мо аз оғози таъсиси низоми навини сиёсӣ дар кишвари Шумо зарурати эҷоди давлати фарогир ва мутавозин ва дорои пойгоҳи васеи иҷтимоӣ ва ваҳдату иттиҳоди тамоми нерӯҳои ватандӯст ва созандаро пайваста таъкид менамудем. Орзумандам ин давлати ваҳдати миллӣ бо талошу тадбир ва садоқату ҳадафмандии муштараки Шумо ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ кишвари Афғонистонро дар шоҳроҳи субот, созандагӣ, пешрафт, иттиҳод ва ваҳдати шикастнопазири мардум муттаҳидона ва масъулона пеш барад”,-афзудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ дар номае дигар Абдуллоҳ Абдуллоҳро барои раиси иҷроии ҳукумати Афғонистон шуданаш муборакбод намудааст. Оқои Раҳмон гуфта, ки “комёбии бузурги Шумо дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ натиҷаи табиии талош ва пайкори содиқонаи Шумо тайи солҳои тӯлонӣ дар ҷабҳаҳои ҷиҳод, муқовимат ва созандагӣ таҳти раҳбарии фарзандони кабири Афғонистон – устод Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд барои озодӣ, истиқлол, ваҳдат ва пешрафти Афғонистон ва саодату хушрӯзии мардуми ранҷдидаи он аст. Мутмаинам, ки дар мақоми олии Раиси Иҷроии Ҳукумат дар таркиби тими муттаҳид бо садоқату фидокорӣ, ҳадафмандӣ ва тадбир фаъолияти босамар ва муваффақ хоҳед дошт”.

Абдуллоҳ Абдулоҳ: "Мо бо ҳеч муомила накардаем"

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ояндаи Афғонистон, гуфт, ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ оғози кор барои поён додан ба ранҷҳои мардуми кишвараш аст. Ӯ рӯзи панҷшанбе дар як суханронияш дар Кобул афзуд, барномаҳои ҳукумати ваҳдати миллӣ як қадами бузург дар хусуси таъмини сулҳу субот дар Афғонистон аст ва ҳадаф аз якҷоя шудани ду тим ҳаргиз тақсими кишвар нест.

Доктор Абдуллоҳ итминон дод, ҳарду тим руҳияи ҳамкориро ҳифз хоҳанд кард: “Ин ташвиш набояд дар миёни мардум вуҷуд дошта бошад, ки акнун ду тим якҷоя шуда, Афғонистонро тақсим мекунанд. Мо ба хотири ваҳдати Афғонистон якҷоя шудем. Ҳоло як тими воҳид мебошем ва бовари комил дорам, иншоаллоҳ, бо нияти хуб ҳар ду тим ба хотири хидмат ба мардуми Афғонистон бо якдигар кор мекунанд”.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки яке аз довталабони курсии раёсати ҷумҳури Афғонистон буду ин бор ҳам “бахт ба рӯяш нахандид”, дар идома гуфт, таъмини амният, ҳокимияти қонун, мубориза бо фасод, эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занон, посдорӣ аз арзишҳои динӣ ва миллӣ ва беҳбуди равобит бо кишварҳои минтақаву ҷаҳон аз барномаҳои муҳими ҳукумати ваҳдати миллист. Вай ин сарусадоро беасос хонд, ки гӯиё дар ҳукумати ваҳдати миллӣ муомила сурат гирифта ва курсиҳо тақсим шудааст.

Ҳарчанд Абдулоҳ Абдуллоҳ дар даври дувуми ҳукумати Ҳомид Карзай дар тарафи оппозитсия қарор дошт, аммо аз фаъолиятҳои ӯ қадрдонӣ кард. Оқои Абдуллоҳ гуфт, бо вуҷуди ихтилофи назарҳое, ки бо Карзай дошт, ӯ тавонист дар 13 соли гузашта дар шароити хеле душвор Афғонистонро раҳбарӣ кунад.

Дар айни замон, доктор Абдуллоҳ Ашрафғанӣ Аҳмадзайро барои раиси ҷумҳури нави Афғонистон шуданаш табрик гуфт. “Чанд рӯз баъд раиси ҷумҳури нави Афғонистон, раёсати иҷроиявӣ ва Шӯрои вазирон, ки тоза ташкил мешавад, муаррифӣ хоҳанд гардид. Корро оғоз мекунам ва ин кор якрӯзаву дурӯза нахоҳад буд”,-гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG