Пайвандҳои дастрасӣ

Абдуллоҳ Абдуллоҳ: Ҳукумати ваҳдати миллӣ ба зудӣ ташкил мешавад


Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ояндаи Афғонистон, рӯзи 25 сентябр дар як нишаст дар Кобул, изҳор намуд, ки ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ – оғози кор барои поён додан ба ранҷҳои мардуми Афғонистон хоҳад буд. Ӯ гуфт, ки ин ҳукумат ба зудӣ ба кор шурӯъ хоҳад кард.

Доктор Абдуллоҳ афзуд, миёни мардум ташвише набояд бошад, ки акнун ду тим якҷоя шуда, Афғонистонро байни худ тақсим мекунанд. Ӯ сару садоҳоро дар бораи он ки гӯё дар ҳукумати ваҳдати миллӣ муомила сурат гирифта, курсиҳо тақсим шудаанд, рад кард. Ба гуфтаи доктор Абдуллоҳ, таъмини амният, ҳокимияти қонун, мубориза бо фасод, эҳтиром ба ҳуқуқи башар ва ҳуқуқи занон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва беҳбуди равобит дар сатҳи минтақаиву ҷаҳонӣ – аз масоили авлавиятдор дар барномаи ҳукумати ваҳдати миллист.

Қарор аст, ки ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон баъд аз маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоб Ашрафғанӣ Аҳмадзай ташкил шавад. Маросими савгандёдкунии Аҳмадзай бояд 29 сентябр гузарад.

XS
SM
MD
LG