Пайвандҳои дастрасӣ

Истиқболи Душанбе аз муомилаи Аҳмадзай бо доктор Абдуллоҳ


Доктор Абдуллоҳ ва Аҳмадзай ҳангоми имзои мувофиқатномаи тақсими қудрат дар Кобул.

Доктор Абдуллоҳ ва Аҳмадзай ҳангоми имзои мувофиқатномаи тақсими қудрат дар Кобул.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири сулҳу суботи Афғонистон аз интихоб шудани президенти нав ва раиси ҳукумати ҷадид дар ин кишвари ҳамсояаш истиқбол мекунад.

Абулфайз Атоев, сардори раёсати иттилоъ ва таҳлили вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯзи душанбеи 22 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон интихоби президенти нав ва раиси ҷадиди ҳукумат дар Афғонистонро ба хотири амнияту субот ва якпорчагии ин кишвар истиқбол хоҳад кард.

Абулфайз Атоев афзуд, Тоҷикистон ҳамчун кишваре, ки бо Афғонистон 1370 километр марзи муштарак дорад, ҳамеша кӯшиш дошт ва дорад, ки Афғонистон орому босубот бошад ва мизони ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам рӯ ба тараққӣ ниҳад: “Барои фазои орому босубот дар ин кишвар пеш аз ҳама вазъи сиёсии мӯътадил ва мусолиҳаи нерӯҳои мухталифи сиёсӣ зарур аст, ки Тоҷикистон масъалаи мазкурро дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки рӯзи 12 сентябр дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд, дар миён гузошта буд.”

Дар ҳавзаҳои коршиносии Тоҷикистон низ аз тавофуқи бадастомада бар сари баҳси натоиҷи интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ва азми ду номзади асосӣ барои ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ истиқбол мекунанд.

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон рӯзи 22 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар шароити феълӣ ин беҳтарин тавофуқ аст ва омили рушди босуботи Афғонистон хоҳад буд." Ба гуфтаи ҷаноби Сафаров, "дар чанд моҳи охир баҳсҳҳои интихоботӣ мавриди таваҷҷӯҳи амиқи коршиносону таҳлилгарони Тоҷикистону минтақа ва ҷаҳон гардида буд ва дар ниҳоят бо ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ, Афғонистон метаовнад ба марҳалаи нави созандагиву ободкорӣ ворид шавад.”

Сайфулло Сафаров

Сайфулло Сафаров

Таҳлилгари тоҷик афзуд, дар шароити феълӣ танҳо роҳи ҳалли баҳси интихоботии Афғонистон ҳамин ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ буд ва “умед аст, ки ин созиш барои тамоми ҷонибҳо муфид ва муассир бошад." Муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот дар Афғонистон буд ва хоҳони ҳамкориҳои боз ҳам густарда дар бахшҳои мухталиф аст.

Амриддин Шарифов, устоди факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон таъсиси ҳукумати ваҳдати миллӣ дар Афғонистонро маҳсули пофишориҳои гурӯҳи Абдулло Абдулло медонад. Амриддин Шарифов гуфт, чанд моҳи баҳсу баррасиҳо дар интихоботи Афғонистон собит кард, ки бархе аз аққаллиятҳо, ба хусус тоҷикон дар ин кишвар аз нуфузи хосе бархӯрдоранд ва метавонанд саҳми муносибе дар сиёсати кишварашон дошта бошанд. Ба таъкиди вай, ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ ҷуброни натиҷаи интихоботест, ки бештари коршиносону таҳлилгарон онро тақаллубӣ медонанд.

Аммо бо ин ҳам ин устоди риштаи муносибатҳои байналмилалӣ изҳори умедворӣ мекунад, ки дар Афғонистон ҳукумат дар кадом шаклу шевае набошад, ҳамкориҳо бо Тоҷикистон густаришу тақвият хоҳад ёфт.

Рӯзи 21 сентябр Абдуллоҳи Абдуллоҳ ва Ашрафғанӣ Аҳмадзай - ду номзад ба мақоми президентии Афғонистон - баъди 3 моҳи музокироти печида ба мувофиқатномае имзо гузоштанд, ки тибқи он, ба курсии раисиҷумҳури ояндаи Афғонистон Аҳмадзай менишинад ва раҳбарии ҳукуматро дар мақоми нави раиси иҷроӣ доктор Абдуллоҳ бар дӯш хоҳад гирифт. Ба дунболи ин муомила бар сари шеваи тақсими қудрат байни ду номзад Кумиссиюни мустақили интихоботи Афғонистон бидуни эълон кадом фоизҳои мушаххас Ашрафғанӣ Аҳмадзайро барандаи даври дувуми интихоботи президентӣ эълон кард. Намояндаи ситоди доктор Абдуллоҳ ба дунбол эълон кард, ки онҳо ин натиҷаи нашршударо мепазиранд.

Баҳси натиҷаҳои даври дуюми интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон, ки ҳанӯз 16 июн доир шуда буд, ин кишвари ҷангзадаро дар гирдоби як бӯҳрони ҷиддии сиёсӣ қарор дода буд. Ҳам доктор Абдуллоҳ ва ҳам Аҳмадзай исрор доштанд, ки даври дувуми интихоботро онҳо бурдаанд.

Кумиссиюни интихобот эълон кард, ки тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ, дар даври дуюм Аҳмадзай 56 фоиз ва Абдуллоҳ 43 дарсад раъй гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки дар даври якуми ин маърака дар таърихи 5 апрел доктор Абдуллоҳ аз байни 8 номзад 45 дарсад ва Аҳмадзай ҳамагӣ 31 фоиз раъй ба даст оварда буданд.

Бӯҳрони натиҷаҳои интихоботи Афғонистон боис шуд, ки Амрико дар ин қазия дастбакор шавад. Бо миёнаравии Амрико байни ду номзад музокироти тӯлоние сурат гирифт, ки дар ниҳоят рӯзи 21 сентябр бо тақсими қудрат байни онҳо – додани мақоми аввали раисиҷумҳур ба Ашрафғанӣ Аҳмадзай ва мақоми раиси Шӯрои вазирон ба доктор Абдуллоҳ – ба поён расид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG