Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҳайати нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон як баталйони вижаи кишоварзӣ таъсис ёфтааст, ки тобеи Оҷонсии таъмини амволи махсуси назди ҳукумати ин кишвар хоҳад буд.

Сарбозони баталйони кишоварзӣ, ки тоза таъсис ёфтааст, дар баробари рутбаи ҳарбӣ, инчунин соҳиби дипломи агрономӣ низ хоҳанд шуд. Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон рӯзи 31 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин баталйон бар асоси дархости Оҷонсии таъмини амволи махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон аз 30-уми майи соли 2014 таъсис ёфт.

Оҷонсии таъмини амволи махсуси назди ҳукумати Тоҷикистон бештар сохторҳои қудратии Тоҷикистонро бо маводи озуқа ва либосворӣ таъмин месозад.

Ба гуфтаи Маҳмадалиев, таъсиси чунин баталион тақозои замон буд ва аз даъвати баҳорӣ кормандони ин Оҷонсӣ барои ин баталйон сарбоз ҷудо хоҳанд кард: “Аз ҷониби афсарони дахлдори Оҷонсӣ сарбозони ин баталион интихоб ва ҷобаҷо гузошта мешаванд. Тартибу низоми хидмати ҳарбӣ ба мисли дигар ҷузву томи Қувваҳои мусаллаҳ ба роҳ монда мешавад. Илова бар ин сарбозони ин баталйон дар хусуси истифода намудани техникаҳои хоҷагии халқ, роҳу усулҳои коркарди заминҳои кишт, чорводорию моҳипарварӣ ва умуман тамоми фаъолияти деҳқонӣ тасавуроти ҳамаҷониба бояд дошта бошанд.”

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати мудофиаи Тоҷикистон, сарбозони ин баталйон мисли дигар ҷузву томҳои вазорати мудофиа таълими низомӣ гирифта, барояшон рутбаи ҳарбӣ низ дода хоҳад шуд. Аммо бештар онҳо аз ҷониби мутахассисони соҳаи хоҷагии халқ нозукиҳои ин соҳаро омӯхта, пас аз анҷоми хидмати ҳарбӣ шаҳодатномаи агрономӣ мегиранд. Фаридун Маҳмадалиев мегӯяд: “Бо инҳо давоми ду соли хидмат беҳтарин агрономҳо ва мутахассисони хоҷагии халқ омӯзиш мегузаронанд. Инҳо соҳаи парандапарварӣ, моҳипарварӣ, боғдорӣ ва чорвопарвариро хуб аз худ хоҳанд кард.”

Дар ҳайати нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон то кунун воҳидҳои махсуси сохтмонӣ ва ҳам хоҷагиҳои ёрирасон амал мекарданд. Сарбозони воҳидҳо ё баталйонҳои сохтмонӣ тайи 2 соли хидмати низомӣ асосан машғули сохтани иншооти ҳарбӣ ва иншоотибарои гузарони зиндагии сарбозон лозиме, чун хобгоҳҳо, мебошанд. Вале хоҷагиҳои ёрирасон, ки дар назди аксари қисмҳои низомӣ вуҷуд доранд, низ ба корҳои кишоварзиву чорводорӣ ба манзури таъмини сарбозони ин қисмҳои низомӣ бо маводи ғизоӣ машғуланд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG