Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари ФСБ гуфтааст, кишварҳои СНГ метавонанд ба як “ҳадафи осон” барои гурӯҳи ҷангҷӯи “Давлати исломӣ” табдил биёбанд ва бо хуруҷи нирӯҳои эътилоф аз Афғонистон гурӯҳҳои тундрав талош хоҳанд кард, то фаъолиятҳои худро ба Осиёи Марказӣ кӯчонанд.

Александр Бортников, раҳбари Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) рӯзи 5 ноябр дар нишасти раҳбарони ниҳодҳои амниятии Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ (СНГ) дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон гуфт, кишварҳои СНГ “ба як ҳадафи муносиб ва осон барои террористони байналмилалӣ табдил меёбанд.” Чунки, ба гуфтаи Бортников, “дар суфуфи ин гурӯҳҳои пинҳонкори ҷаҳонӣ зодагони кишварҳои пасошӯравӣ низ меҷанганд.”

Раиси ФСБ Русия дар лобалои таҳдидҳои афзояндаи террористӣ бахусус рӯи таҳдидҳое, ки аз сӯи созмони “Давлати исломӣ” аз Сурияву Ироқ бармехезанд, таъкид кард ва фавқулода номид: “Вазъи ба сурати фавқулодда хатарнок дар Ховари Миёна ба вуҷуд меояд. Дар ин ҷо як навъ “интернатсионал”-и террористие дар заминаи созмони “Давлати исломӣ” ташаккул меёбад. Аъзои он дар Ироқу Сурия “таҷриба”-и ҷангӣ омӯхта, баъдан ба ҳайси мураббиёну истихдомгарон (вербовщики), воизон ва мутахассисони таъсиси шабакаҳои пинҳонкори роҳзане, ки бо “сохтори асосгузор”-и худ робитаи наздикро ҳифз мекунад, ба кишварҳои зодгоҳи худ бармегарданд.”

Александр Бортников

Александр Бортников

Бортников ҳамчунин ба ин нукта таъкид кард, ки “Давлати исломӣ” аз нигоҳи молӣ як шабакаи хеле “худкифо” шудааст: “Он нафақат ба шарофати ҳимояти режимҳои бунёдгаро, фоидаҳо аз қочоқи маводи мухаддир, ғуломфурӯшӣ ва анвоъи дигари фаъолиятҳои ҷиноӣ амал мекунад, балки аз ҳисоби фоидаи истихроҷи ғайриқонунии нафт низ ба пои худ рост шудааст. Дар минтақа як бозори сиёҳи барои ҷаллобон ҷолибе ба вуҷуд омадааст ва бозигарони ин бозори сиёҳи нафт дар асл террористҳоро таъмини молӣ мекунанд.”

Қаблан гуфта мешуд, ки “Давлати исломӣ” дар қаламравҳои бузурге, ки дар Ироқу Сурия ишғол кардааст, истихроҷи нафт ва фурӯши маҳсулоти нафтиро ба роҳ монда, ҳар рӯз аз ин ҳисоб то 3 миллион доллар фоида ба даст меорад,

Ҷангиёни узбак дар Покистон

Ҷангиёни узбак дар Покистон

Бортников ҳамчунин гуфт, “таҷрубаи харобкорӣ"-ҳои “Давлати исломӣ”-ро метавонанд ҷунбиши “Толибон” ва гурӯҳҳои дигари марбут ба он дар Афғонистону Покистон низ истифода баранд, ки ин ҳам барои кишварҳои СНГ таҳдидбарангез аст. Ба ақидаи раҳбари Хадамоти амнияти Русия, бо хуруҷи нирӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Афғонистон, ки бояд то поёни соли равон, яъне дар камтар аз 2 моҳи дигар анҷом шавад, “хатари фаъолтар шудани террористҳо дар Афғонистон ва густариши қаламрави фаъолиятҳои онҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ бештар мешавад.”

Қаблан Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия низ айни нигарониро изҳор карда буд, ки фаъолиятҳои “Давлати исломӣ” хатари тундгароӣ дар кишварҳои пасошӯравиро бештар мекунад.

Ин афрод иддао доранд, ки аз Тоҷикистонанд ва дар Сурия меҷанганд

Ин афрод иддао доранд, ки аз Тоҷикистонанд ва дар Сурия меҷанганд

Ба ҳисоби мақомот, дар Ироқу Сурия дар суфуфи “Давлати исломӣ” ва гурӯҳҳои дигари тундрав беш аз 800 нафар аз Русия, то 150 нафар аз Қазоқистон, то 200 нафар аз Тоҷикистон, 100 ило 200 нафар аз Қирғизистон, даҳҳо тан аз Туркманистон ва садҳо нафари дигар аз Узбакистон меҷанганд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, то кунун танҳо дар ҷангҳои Сурия то 50 шаҳрванди тоҷик ҷон бохтаанд.

Ин ҷангиён бо нашри видеоҳо дар Интернет режимҳои ҳоким дар Русия ва кишварҳои Осиёи Марказиро низ чнадин бор ҳушдор додаанд, ки “ҷиҳод”-и онҳо танҳо бо Ховари Миёна маҳдуд нахоҳад шуд. Дар як харитае, ки аз номи “Давлати исломӣ” нашр шуда, нақшаи ин гурӯҳи тундрав барои 5 соли оянда номида мешавад, тамоми Осиёи Марказӣ ҳамроҳ бо Афғонистону Покистон, қисматҳои мусалмоннишини Ҳинд ва устонҳои шарқии Эрон дар як устони воҳид бо номи “Хуросон” зикр шудаанд.

Бино ба ин нақшаи пуриддао, ин гурӯҳ қасд дорад, тамоми қаламрави бузургеро, ки як замон таҳти султаи хилофати исломӣ қарор дошт – аз Осиёи Марказиву Ҳинд дар шарқ то вилояти Андалузияи Испания дар ғарб, аз Қафқозу Балкан дар шимол то Арабистону Саҳрои кабири Африқо дар ҷануб дар як хилофати воҳид гирд биорад.

Абӯбакр Ал-Бағдодӣ

Абӯбакр Ал-Бағдодӣ

“Давлати исломӣ” дар авоили соли 2014 аз баданаи шӯъбаи ироқии шабакаи “Ал-Қоида” ҷудо шуда, қаламравҳои бузурге дар Ироқу Сурияро ба даст овард. Ба дунбол, ин созмон аз таъсиси “хилофат” дар қаламравҳои таҳти назораташ хабар дода, нафаре бо номи Абӯбакри Ал- Бағдодиро, ки гуфта мешавад, як афсари артиши диктатори собиқи Ироқ Саддом Ҳусейн будааст, “халифа” эълон кард. Дар чанд моҳи охир ҷангиёни чандин созмони дигари тундгаро ба ин “халифа” савганди садоқат ёд карданд.

Аз ҷумла ҳафта гузашта эълон шуд, ки гурӯҳе аз ҷангиёни Осиёи Марказӣ аз ҷиноҳи "Катибат-Ал-Имом Бухорӣ", ки дар он узбактаборҳо бештаранд ва то ҳол дар суфуфи ҷиноҳи “Ҷабҳат-ал- Нусра”, як ниҳоди марбут ба шабакаи Ал-Қоида ва ду ҷиноҳи дигари таҳти назари ҷангиёни чечен - “Ҷамоъати Сайфуллоҳ Шишонӣ” ва “Ҷайши Муҳоҷирин-вал- Ансор” бо нерӯҳои содиқ ба раисиҷумҳури Сурия Башор Асад меҷангид , тобеъияти худро ба Абӯбакр Ал-Бағдодӣ изҳор кардааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG