Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

А.Отамбоев: "Арабизатсия" миллатро мекушад


Отамбоев (дар марказ) дар намози ид. Августи соли 2013

Отамбоев (дар марказ) дар намози ид. Августи соли 2013

Раисиҷумҳури Қирғизистон ҳушдор дод, ки “арабизатсия”-и ҷомиа ва таблиғи ҳиҷоб боиси аз даст додани ҳуввияти миллии мардуми қирғиз хоҳад шуд.

Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев рӯзи 3 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвараш гуфт, “ифротгароии мазҳабӣ мисли бемории саратон аст, ки набояд бидуни табобат гузошта шавад.” Отамбоев дар ин ҷаласа хостори “андешидани тадбирҳои шадид алайҳи ҷамъиятҳои ифротии мазҳабӣ” шуд. Отамбоев рӯҳониёни Қирғизистон, як кишвари аксари кулли аҳолиаш мусалмони Осиёи Марказиро ҳушдор дод, ки “ҳар касе ки Қирғизистонро ҳамчун давлати дунявӣ эътироф намекунад”, ба паёмадҳои “хеле шадид” рӯбарӯ хоҳад шуд. Ӯ, ки дар ҷараёни баҳси консепсияи сиёсати давлатии Қирғизистон дар арсаи дин барои солҳои 2014-2020 сӯҳбат мекард, гуфт, дар ин консепсия мафҳуми “давлати дунявӣ” дар шароити кунунии Қирғизистон бори аввал муфассал шарҳ дода шудааст ва ба ҳама мефаҳмонад, ки табиати дунявии давлат ба ин маъност, ки дин набояд дар умури давлат дахолат кунад.

Раисиҷумҳури Қирғизистон гуфт, мардуми Қирғизистон мусалмон буданд ва ҳамеша мусалмон хоҳаннд монд, вале тундгароӣ ба “арабизатсияи ҷомиа, аз даст додани забон ва анъанаҳои миллати қирғиз хоҳад бурд.” Ба ақидаи ӯ, исломизатсияи тундравона рабте бо Исломи асил надорад, балки ҳомили “таҳдиди вижае ба ҳуввият ва худшиносии миллати қирғиз мебошад.”

Эътирози тарафдорони ҳиҷоб дар Бишкек. Акс аз соли 2011

Эътирози тарафдорони ҳиҷоб дар Бишкек. Акс аз соли 2011

Ӯ афзуд: “Мардум бояд бифаҳмад, ки исломизатсияи беш аз ҳад мустақиман ба нобуд шудани худшиносии миллӣ ва манқуртшавии ҷомиа мебарад. Агар мо ба ин аҳамият надиҳем ва аз паси онҳое биравем, ки моро ба даст кашидан аз либоси миллӣ, анъанаҳои миллӣ ва сарватҳои маънавии мо маҷбур мекунанд, батадриҷ ҳуввияти миллиамонро аз дааст медиҳем. Аз ин рӯ, мо ба хотири ҳимоят ва ҳифзи мардуму сарзамин, забон ва фарҳанги миллиамон ба чораҳои қотеъона омодаем.”

Отамбоев ҳамчунин алайҳи густариши либоси исломӣ, аз ҷумла ҳиҷоб, дар Қирғизистон шуд: “Дар Қуръон гуфта нашудааст, ки кадом либос мусалмонисту кадом либос – не. Ислом танҳо пӯшидани либоси тозаву озодаро аз мусалмон талаб мекунад.”

Отамбоев дар ин ҷаласа хостори тақвияти назорати арсаи мазҳабии Қирғизистон аз сӯи давлат шуд ва гуфт, ин кор бояд ба хотири амнияти давлат анҷом шавад: “Ҳаводиси ахир дар Ховари Миёна ва таъсиси ба ном “Давлати исломӣ” аз мо бозбинии роҳу васоили муносиботи байни давлат ва намояндагони мазҳабҳоро тақозо мекунад. Азбаски сухан дар бораи масоили амнияти миллӣ меравад, танзими давлатӣ дар арсаи дин боз ҳам тақвият дода хоҳад шуд, вале бо дарназардошти аслҳои асосии озодии мазҳаб ва ҳуқуқи инсон.”

Алмосбек Отамбоев, ба гуфтаи тарафдоронаш, ба фарқ аз раҳбарони дигари Осиёи Марказӣ, як раисиҷумҳури намозхон ба шумор меравад. Дар ҳар сурат, ӯ чандин дафъа дар намозҳои ҷумъа зоҳир шудааст ва дар Осиёи Марказӣ, ки ҳукуматҳояш бо фишори зиёд алайҳи диндорон маъруф шудаанд, Отамбоев то ҳол бо як сиёсати нарме нисбат ба аҳли дин фарқ мекард.

Паёми тунди Алмосбек Отамбоев дар масоили мазҳабӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки мақомоти амниятии Қирғизистон аз ҳузури садҳо нафар аз зодагони ин кишвар дар суфуфи танзимҳои ҷиҳодӣ дар Сурия изҳори нигаронӣ мекунанд.

Масъалаи дигар афзоиши шумори онҳоест, ки пӯшидани либосҳои хоси мардуми араб, аз ҷумла бурқаъро ҳамчун сатри исломӣ таблиғ мекунанд. Аммо ин амр дар Қирғизистон ва кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла дар Тоҷикистон дучори интиқодҳо аз тарафи гурӯҳҳои асосан миллигарое шудааст, ки мегӯянд, мазҳабишавии аз ҳад беши ҷомиа ба “арабизатсия” мунҷар шуда, боиси гум шудани ҳуввияти миллӣ хоҳад шуд.

Дар Тоҷикистон низ чунин баҳсҳо байни тарафдорони низоми дунявӣ, пайравони як Исломи мӯътадилу суннатӣ ва онҳое, ки таблиғи расму анъанаҳои мардуми арабро ҳамчун бозгашт ба асли Ислом маънидод мекунанд, ҳамеша вуҷуд дошт. Дар ин кишвар пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои таълимӣ, адои намоз дар корхонаҳо, ҳузури занону ноболиғон дар намози масоҷид расман манъ шудааст ва мақомот ин ҳамаро аз ҷумла тадбирҳои мубориза бо ифротгароии мазҳабӣ унвон мекунанд.

Тафтиши намозгузорон дар роҳ баа сӯи масҷид дар Душанбе

Тафтиши намозгузорон дар роҳ баа сӯи масҷид дар Душанбе

Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон як силсила созмону ҳаракатҳои мазҳабӣ, аз ҷумла Ҷамоати Таблиғ, Байъат, Ансоруллоҳ, Ҳизб-ут-таҳрир, Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ, Ихвонулмуслимин ва амсоли ин, расман манъ шудааст. Мақомоти ин кишвар таблиғи ақидаҳои мазҳабии “бегона”-ро низ манъ карда, мегӯянд, таблиғот ва даъвати динӣ ва ҳамин тавр чопи китобҳои динӣ бояд мутобиқ ба талаботи равияи ҳанафии мазҳаби суннии дини Ислом, ки то 90 дарсади мардуми Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, сурат бигирад.

Дар Тоҷикистон низ дар солҳои охир талош мешавад, то анъанаҳову фарҳанги миллии тоҷикиро ҳамчун як алтернатива дар муқобили исломишавӣ ваё ба таъбири дигар, “арабизатсия”-и ҷоми истифода баранд. Айни пешниҳоде, ки рӯзи 3 ноябр аз забони раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба ҳайси “даво”-и ифротгароии мазҳабӣ садо дод.

Мавзӯъи тундгароии мазҳабӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар барномаи охири "Перекрёсток" - маҳсули муштараки 5 бахши минтақавии Радиои Озодӣ - матраҳ шуда буд. Ин барномаи видеоиро метавонед инҷо тамошо кунед:

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG