Пайвандҳои дастрасӣ

Модари қазоқ натавонист писарашро аз Сурия баргардонад


ҷангиёни қазоқ дар Сурия

ҷангиёни қазоқ дар Сурия

Модаре, ки бо умеди баргардони писари 26-солааш ба Сурия рафта буд, чанд рӯз пеш танҳову ноумед баргашт.

Хонум Қуралой Нурмагамбетова, ки бо умеди баргардони писари 32-солааш ба Сурия рафта буд, чанд рӯз пеш танҳову ноумед баргашт.

Бағлон, марди 26-солаи сокини ноҳияи Ҷизқазгани вилояти Қароғандаи Қазоқистон дар як коне кор мекард, намозхон буду соҳиби оила. Охирҳои моҳи августи соли равон ногаҳон бо баҳонаи харидани мошин дар Остона манзили худро тарк кард ва баъди муддате аз Сурия аз худ дарак дод. Талоши ахири модараш барои бозгардони писар аз ҷангҳо ноком анҷомид.

Хонум Қуралой Нурмагамбетова, ки аз “ҷиҳодӣ” шудани писараш дар ҳайрат ва таҳлука мондааст, тавассути Туркия ба назди писар рафт. Дар он ҷо бо шароити зисту машғулиятҳои онҳо шинос шуд, ба гуфтааш, ёру дӯстонашро дид, бо писараш муфассал сӯҳбат кард, вале натавонист ҷигарбандашро мутақоид кунад, ки ба назди оилааш баргардад.

  • Хуб, чӣ ҳам мегуфтам, - мегӯяд модар дар сӯҳбат бо хабарнигори бахши қазоқии Радиои Озодӣ. – Ман наздаш рафтам, ӯро дидам, бачаҳои дигарро ҳам дидам. Кору аҳволашон хуб аст. Ҳарчанд тавалло кардам, ки баргардад, рад кард. Вай гуфт, агар баргардад, ҳатман ӯро суд мекунанду ба зиндон мешинонанд. Вай аз баргаштан метарсад.

Модар ва ҳамсари Бағлон ҳоло моҳҳои охири пеш аз сафари ӯро ба Сурия ба ёд оварда дар ҳайрат мемонанд, ки чӣ тавр аз ниятҳои ӯ пай бурда натавонистанд.

Ҳамсари 22-солааш, ки ҳоло танҳо ду фарзандро тарбия мекунад, мегӯяд, соли 2012 бо Бағлон хонадор шуд. Фарзанди дуюмашро рӯзи 3 август таваллуд кард ва каме бештар аз се ҳафтаи дигари таваллуди фарзанд падари хонадон онҳоро тарк кард. Ба нақли ҳамсараш, рафтору кирдори ӯ бо пайдо шудани як дӯсти наваш бо номи Ҷаннат дигар шуд. Ин ошноӣ рамазони имсол рӯй дод.

  • Ман, ки дар моҳҳои охири ҳомиладориам будам, рости гап, зиёд ба ӯ нигоҳ карда наметавонистам. Вале медидам, ки назар ба гузашта тағйир ёфтааст. Масалан, ришашро дарозтар гузоштаас, баъзе рӯзҳо ба хона намеомад, тамоми вақт мегуфт, ки бо Ҷаннат вақт мегузаронад, шабҳо хеле дер меомаду “хаста шудам” мегуфт. Баъд як рӯз гуфт, ки дар Остона як мошини арзон ёфтааст ва мехоҳад он ҷо рафта мошинро харида биёрад. Ҳамин тавр рӯзи 27 август рафт ва баъд даракашро аз Сурия ёфтем.

Ҳамсари Бағлон мегӯяд, баъди тарки Қазоқистон кардани шавҳараш, як дафъа занг зада гуфт, ки дар Туркия аст. Баъдтар маълум шуд, ки ҳамроҳ бо Ҷаннат ба Сурия рафтааст. Дар яке аз аввалин зангҳояш аз Сурия гуфтааст, ки зиндагиаш хуб асту бо машқкунӣ мегузарад. Дигар тамоси онҳо хеле кам ва бо ташаббуси худи Бағлон сурат мегирад.

Ба ҳисобҳои тахминӣ, дар миёни ҷангиёни хориҷие, ки дар Сурия дар миёни мухолифони режими Башор Асад дар ҳайати гурӯҳи “Давлати Исломӣ” меҷанганд, 150 нафар шаҳрванди Қазоқистон ҳам ҳузур доранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG