Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Американетс" дар артиши Тоҷикистон (ВИДЕО)


Ҳасан Мӯсоев баъди хатми донишкандаи ҳунарҳои зебо ба хидмат омадааст

Ҳасан Мӯсоев баъди хатми донишкандаи ҳунарҳои зебо ба хидмат омадааст

Ҳоло дар артиши Тоҷикистон даҳҳо сарбози соҳиби маълумоти олӣ хидмат мекунанд. Дар яке аз қисмҳои низомӣ хабарнигорони Озодӣ сарбозеро бо лақаби "Американетс" пайдо карданд, ки 5 сол дар Амрико зистааст ва ба англисӣ равон сӯҳбат мекунад.

То 50 дарсад коҳиш ёфтани кафедраҳои ҳарбӣ дар Тоҷикистон теъдоди сарбозони соҳибмаълумотро дар сафи қувваҳои мусаллаҳ бештар кардааст. Сарбозонеро, ки ба гуфтаи ҳам мақомот ва ҳам таҳлилгарон бо муносибат ва рафтори худ аз ҳамхидматони дигарашон фарқ доранд ва дар хидмат ба осонӣ ҷойгоҳ пайдо мекунанд.

Дарёфти шаҳодатномаи аскарӣ ва кор ёфтан дар ниҳодҳои муҳими давлатӣ аз ангезаҳоест, ки “дипломдорҳо”- ро барои хидмати яксола дар артиш таҳрик медиҳад.

Ҳасан Мӯсоев имсол, қарор буд, пас аз панҷ соли таҳсил дар Донишкадаи ҳунарҳои зебо ба ҳайси хабарнигор дар ягон расона ба кор шурӯъ кунад. Аммо аммо ӯ қаламу қоғазро ба зиндагии сарбозӣ иваз кард. Чун ба гуфтаи худаш барномаҳоое барои оянда дорад, ки татбиқи онҳо бидуни хисмат дар артиш имконпазир нест. Ҳасан, ҳанӯз савганди ҳарбӣ ёд накардааст, вале дар қисми ҳарбӣ барои худ ҷойгоҳ ёфтаст. Масъулини қисми низомии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, ки ӯ дар он хидмат мекунад, тасмим доранд ӯро ба ҳайси китобдор дар китобхонаи нав ба кор ҷалб кунанд.

Ӯ ҳам алакай дар бораи ин китобхона маълумоти зиёд дорад ва омода аст ба ҳамхидматонаш барои дарёфту мутолеаи китобҳои хубу муфид кӯмак расонад: “Вақте ман ба ин қисми низомӣ омадам, маълумоти оли доштаҳоро пурсиданд. Ман ҳам даст бардоштам, гуфтам, Донишкадаи санъатро хатм кардаам. Ҳамин тавр сӯҳбат карданд ва пурсиданд, ки метавони китобдорӣ ҳам кунӣ? Гуфтам бале чаро не? Мо ин соҳаро ҳам омӯхтаем. Баъдан гуфтанд мо китобхонаи нав дорем ва агар ба худат бовар дорӣ мо онро ба ту месупорем. Ман ҳам қабул кардам. ”

Ҳасан Мӯсоев ба мо нагуфт, ки баъди анҷоми хидмати аскарӣ дар куҷо соҳиби кор мешавад. Аммо итминон дорад, ки билети ҳарбӣ барояш дар ин роҳ мушкилкушо хоҳад буд.

Бино ба иттилои вазорати дифоъ, 20 дарсади сарбозоне, ки дар даъвати навбатӣ ба артиш пайвастаанд, мисли Ҳасан дорои маълумоти олӣ ҳастанд. Хидмати ҳарбӣ барои дипломдорҳо 1 сол аст ва аксаран ин ҷавонон, вобаста ба донишу малакае, ки доранд, ба корҳои сабук машғул мешаванд ва зиндагии сарбозиро бидуни мушкили зиёд пушти сар мекунанд.

Айни видео дар Ютюб:

Аммо мақомоти низомӣ мегӯянд, ин ба маъное нест, ки онҳо аз дарси ҳарбӣ дур бимонанд. Фариз Ҷумъаев, муовини фармондеҳи ротаи дар қисми низомии қувваҳои ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоии артиши Тоҷикистон мегӯяд: “Наваскарони соҳибмаълумот дар баробари хидмат, дар ҷузву томҳои қисми ҳарбӣ ба кор ҷалб мешаванд. Аксаран баъди ду- се моҳи хидмат ва омӯхтани қоидаҳои сарбозӣ, ин гурӯҳи ҷавонон дар штаб ва ба ҳайси ёрдамчии фармондеҳон, котиб, тарҷумон ба кор шурӯъ мекунанд. Хулоса, бештар ба кори ҳуҷҷату ҳуҷҷатнигорӣ машғул мешаванд.”

Як пажӯҳиши Анҷумани ҳуқуқшиносони ҷавон “Ампаро”, ки дар соли 2012 миёни аскарон анҷом шуда буд, муайян кардааст, ки ғолибан муносибат ба сарбозоне, ки баъди хатми мактаби олӣ ва бо як донишу малакае ба хидмат мераванд, дигар аст ва онҳо дар қисми низомӣ аксаран соҳиби эҳтироманд.

Хуршеда Раҳимова, ҳуқуқшиноси Маркази ҳуқуқшиносони ҷавон мегӯяд, ин гурӯҳи ҷавонон мавриди озору азияти кӯҳнасарбозон камтар қарор мегиранд ва худ низ ба амалҳои ғайриқонунӣ роҳ намедиҳанд.

Алишер Амиршоев, ё “Американетс”

Алишер Амиршоев, ё “Американетс”

Алишер Амиршоев, ки дар қисми ҳарбии худ бо тахаллуси “Американетс” шинохта шудааст, аслан ихтисосу маълумоти олӣ надорад. Алишер баъди хатми мактаби миёна ба Амрико рафта ва бо барномаҳои мухталиф панҷ сол он ҷо кору забономӯзӣ кардааст. Ӯ барои издивоҷ ба Тоҷикистон омад, вале дар ҷараёни як “облава” ба артиш фиристода шуд. Ҳоло ин сарбоз аз ангуштшумор сарбозони артиши Тоҷикистон аст, ки метавонанд ба роҳатӣ бо чанд забон сӯҳбат кунад. Алишер 7 моҳ боз дар қисми ҳарбӣ барои тарҷумаи ҳуҷҷатҳо ва анҷоми корҳои муҳими дигар кӯмак мерасонад.

Ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт: “Ман аслан худам ба артиш омадан намехостам, чун сару садоҳо дар бораи шароити хидматро зиёд мешунидам. Аммо вақте омадаму муносибат бо худ ва шароитро дидам, дигар фикрам тағйир кард. Шароитам хуб аст. Ин ҷо бо корҳои мухталиф ва бештар тарҷумонӣ машғулам. Ҳар субҳам бо тамрину машқи сарбозӣ шурӯъ мешвад ва баъдан меравам пайи корҳои котибӣ. Инҷо баъзе даъватҳо ҳам ҳаст, ки мехоҳанд ман ба дигар сарбозон дар омӯзиши забони англисӣ кӯмак кунам. Ман ҳам, албатта, омодаам, ки ин корро кунам.”

Теъдоди аскарони таҳсилкарда дар артиш дар ҳоле бештар шуд, ки мақомот барои маҳдуд кардани теъдоди кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳои кишвар иқдом карданд. Ҳам мақомот ва ҳам созмонҳои ҳуқуқи башар аз ин хушбинанд, ки бештар шудани бачаҳои бозавод дар артиши миллӣ ба рушди фарҳанги муошират, эҳтироми якдигар ва аз байн рафтани меҳтансолорӣ роҳ боз мекунад ва ҳамчунин обрӯи артишро дар чашми онҳое, ки аз хидмати сарбозӣ фирор мекунанд, болотар мебарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG