Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатлон. Садҳо омӯзгори дар "ҳасрат"-и замин


Бархе аз омӯзгорони ҷавон дар минтақаҳо мегӯянд, ки солҳо боз дар навбати замин истодаанд, вале зоҳиран мақомот ба доди онҳо расиданӣ нестанд. Дар ҳоле ки як қарори ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2006 таъмини қитъаи замин ба мутахассисони ҷавони соҳаи маорифу тибро дар назар мегирад. Аз рӯи ин барнома дар 11 соли охир тақрибан 1800 омӯзгор соҳиби қитъаи замин шудаанд, вале садҳо нафари дигар солҳои тӯлонӣ дар навбат мондаанд.

Дар Идораи замини вилояти Хатлон гуфтанд, ба онҳо ҳеҷ як омӯзгор барои гирифтани қитъаи замин муроҷиат накардааст.

Искандаршои 30-сола, омӯзгори ҷавон аз аз ноҳияи Бохтар, рӯзи 3 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, беш аз даҳ дафъа барои гирифтани замин ба мақомот муроҷиат кард, вале акси садое нашунид. “Як омӯзгор ҳастам ва барои харидани замину хона зӯрам намерасад. Вақте ҷавоби номаҳоро намедиҳанд, одам ҳайрон мемонад, чӣ кор кунад?” – гуфт ӯ.

Ҳокимхон Вализода – сардори Раёсати маориф ва илми Хатлон – эътироф мекунад, ки масъалаи дастрасӣ ба замин ё манзил бисёр омӯзгоронро аз касбу корашон дилсард кардааст. Вале, ба қавли ӯ, имкони ҳукуматҳои маҳаллӣ низ маҳдуд аст. «Муаллимон муроҷиат мекунанд, ки ба мо замин диҳед. Сабабҳои мухталиф доранд. Мақомоти шаҳру навоҳӣ онҳоро ба замин таъмин намекунанд. Гоҳе ба онҳо аз минтақае замин медиҳанд, ки дар онҷо на об ҳаст ва на барқ», - афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, дар Идораи замини вилояти Хатлон гуфтанд, ба онҳо ҳеҷ як омӯзгор барои гирифтани қитъаи замин муроҷиат накардааст ва ин масъала дар баррасии комиссияҳои махсуси тақсимоти замин дар шаҳру навоҳӣ мебошад. Бархе аз омӯзгорони ҷавон гуфтанд, танҳо баъд аз муроҷиат ба раҳбарони аввали вилояти Хатлон, аз имтиёзи худ барои гирифтани қитъаи замин бархӯрдор шудаанд.

Зулайхо Алихоноваи 34-сола, омӯзгори синфҳои ибтидоии мактабе дар ноҳияи Вахш, баъди даҳ соли интизорӣ аз гирифтани қитъаи замин ноумед шуда буд, аммо як муроҷиаташ ба Давлатшо Гулаҳмадзода сарриштаи мушкили ӯро боз кардааст. “Баъди талоқ гирифтан аз ҳамсарам маҷбур будам, дар манзили серодами падар зиндагӣ кунам. Баъд маҷбур шудам, масъаларо бо раиси вилоят дар миён гузорам. Ҳамон замон ваъдаи таъмини мо бо замин дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ҳал шуд ва қарори раиси ноҳия низ содир шуд”, - гуфт ӯ.

Ҳамингуна Мадина Маҳмадова, омӯзгори дигари ҷавон аз ноҳияи Ёвон, баъди се соли интизорӣ дар як мулоқот бо раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулаҳмадзода мушкилашро матраҳ кард ва соҳиби 10 сотих замин гардид. Мақомоти ҳукумати ноҳияи Ёвон соҳиби замин шудани муаллимаи мактаби рақами 49-и ин ноҳияро ба ошкоргӯии ӯ дар ҷаласаи раиси вилоят рабт дода ва гуфтанд, ӯ воқеан дар оилаи ниёзманду серфарзанде зиндагӣ мекард ва ба замин ниёз дошт.

​Дар Тоҷикистон бисёриҳо бовар доранд, ки бо сабаби вуҷуди бюрократия ва ношаффофият дар баррасии аризаву даъвоҳо, як мулоқоти ошкоро дар ҳузури мардум бо раиси калон, масалан раиси ҷумҳур ё раҳбари вилоят метавонад ҳақро ба ҳақдор бирасонад.

Борҳо телевизиони давлатӣ тасмимҳои билофосилаи таъини кадрҳои ҷавон ва ба қавли мақомот умедбахшро ба вазифаҳое дар сохторҳои давлатӣ аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон намоиш додааст. Ингуна тасмимҳо маъмулан баъди матраҳ шудани мушкили бекорӣ ё адами шароити рушд барои ҷавонҳои соҳибисхтисос дар ҷаласаҳои серҷамъият гирифта шудаанд.

Омӯзгороне, ки баъди кор ба шароити сангини маишӣ бармегарданд, баъди солҳо ҳалношуда мондани мушкилашон нирӯву дилгармиро ба кор аз даст медиҳанд. Коре, ки даромади моҳонаи он ҳам маҳдуд аст. Дар натиҷа, ин дилсардӣ ба сифати кори омӯзгор ва ҷараёни таълими шогирдон таъсир гузошта, донишҳои онҳо коста мешавад.

XS
SM
MD
LG