Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Зиндагӣ ва орзуҳои як омӯзгори тоҷик


Гулшани Шарифзода ҳини дарсдиҳӣ дар мактаби миёна

Гулшани Шарифзода ҳини дарсдиҳӣ дар мактаби миёна

Гулшани Шарифзода, омӯзгори яке аз мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе, 50 сол дорад. Оиладор модари 5 фарзанду ду набера аст. 28 сол собиқаи омӯзгорӣ дорад.

Хонум Гулшан мегӯяд, шавҳараш низ омӯзгори мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ буда, дар соҳаи маориф 30 сол собиқаи корӣ дорад. Ба ҷуз маоше ки мегиранд, манбаи даромади дигаре надоранд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи вай рӯзи кориаш аз соати 8-и субҳ оғоз ва 6-7-и бегоҳ анҷом меёбад. Маоши ӯ ва шавҳараш дар маҷмуъ 700 сомонӣ, ё 130 доларро ташкил мекунад. Гулшани Шарифзода афзуд баъд аз кор низ фаъолияти омӯзгории ӯ ба охир намерасад, чунки бояд ба рӯзи оянда ва дарсҳои фардо омодагӣ бигирад.

«Ман дар ду баст кор меунам, вале маошам барои қариб ҳеҷ чиз намерасад. Ман ҳатто назди духтури дандон намеравам, чунки хидматрасонии тиббӣ бисёр қиммат аст. Барои фарзандонам наметавонам ҳатто дар рӯзҳои истироҳат хуроки гуштину каме бомаззатар пазам. Касби мо муаллимон на танҳо дар назди мақомот, балки дар ҷомеа қадр надорад. Ҳатто артистҳо дар саҳнаҳои театр моро ҳаҷв ва маззамат мекунанд, ки ин ба ман бисёр сахт мерасад».

Мусоҳиби мо ба суол дар бораи он, ки охирин бор кай ва дар кадом истироҳатгоҳ давраи мураххасии худро гузаронидааст, чунин посух дод, ки «мешавад гуфт, ки тамоман дам намегирам. Роҳхатҳо ба истироҳатгоҳҳо ба мо намерасанд. Аввалаш ки онҳо қимматанд, қариб 700 сомонианд, ки пули ман намерасад ба онҳо. Аз ҷониби дигар онҳоро ба муаллимони бемор медиҳанд. Солҳои пеш ягон кумакпулӣ ва ё дар арафаи иди муаллимон иловапулӣ медоданд, солҳои ахир ҳамаи инҳо барҳам дода шудаанд».

Хонум Гулшан мегӯяд дар тули ин солҳое, ки омӯзгор аст, албатта, ба итиснои солҳои шӯравӣ, боре ҳам эҳсоси онро накардааст, ки заҳматҳои сангини ӯ ҳамчун омӯзгор аз ҷониби маъмурият ва ё ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ ва ё ҳуқуқӣ ҳимоя шуда бошад. Вай гуфт, яке аз мушкилоти мудҳиштарини иҷтимоие, ки ба сараш омадаву ҳаргиз фаромушаш намешавад, ин мисли садҳо шаҳрвандони кишвараш бохти ӯ, ё фиреб хурданаш дар муҳрабизнес будааст, ки дар натиҷа аз манзили зист маҳрум шудааст ва баъди 3 соли сарсониву саргардонӣ бо кумаки волидони мансабдори яке аз шогирдонаш соҳиби як қитъа замин дар канори шаҳр шудаву манзил бунёд кардааст.


«Ҳамин қадар ман сарсону саргардонӣ ва иҷорашинӣ кардам. Аз ҷониби на ҳукумат ва на маъмурият ё ягон дастгоҳи дигари масъул як бор маро напурсиданд, ки шумо муаллимаи собиқадор чӣ ҳол доред ва дар куҷо зиндагӣ мекунед. Ман дар тули чандин соли охир ягон гуна ғамхорӣ ва ҳифзу кумакро эҳсос накардаам. Аммо касбамро, ки дӯст медорам, кӯдаконро ки дӯст медорам, ҳамаи ин мушкилиҳо ба назарам наменамоянд ва боре ҳам тарки ин касб карданӣ нашудаам».

Дар интиҳои сӯҳбат қаҳрамони гузориши мо бо ишорае баён дошт, ки ҳарфи ногуфтае дорад ва иброз дошт, ки умедвор аст, «як замоне фаро мерасад, ки дар кишвари ман ҳам мисли кишварҳои дигари пешрафтаи ҷаҳон, заҳмати мо омӯзгоронро қадр мекунанд. Аз ҷиҳати иҷтимоӣ моро ҳифз мекунанд ва дар ҳаққи мо ғамхорӣ зоҳир мекунанд. Ана бо ҳамин орзуҳо ва боварҳо ман зиндагӣ мекунам».

Ин буд орзуву ормони қаҳрамони гузориши мо, зане, ки ба гуфтаи худи ӯ, муйи қатрониашро дар роҳи омӯзишу парвариши қариб се насли кишвар сафед кардааст.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG