Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кашфиёт" дар мактаби Восеъ: Ба синфхона бо пойафзор надароед! (ВИДЕО)


Дар яке аз синфхонаҳо
Дар яке аз синфхонаҳо

Дар мактаби рақами 53 ноҳияи Восеъ хонандагон маҷбуранд пойпӯши худро дар беруни дар кашанд, зеро он барои чунин теъдоди зиёд сохта нашудааст.

Мақомоти яке аз мактабҳои ноҳияи Восеъ роҳи тоза нигаҳ доштани синфхонаҳоро пайдо карданд. Талабаҳои ин мактаб пеш аз ворид шудан ба синфхонаҳо пойафзори худро дар берун мекашанд ва пушти ҳам дар долон қатор мечинанд. Маъмурияти ин мактаб замоне чунин тасмим гирифт, ки синфхонаҳо барои теъдоди талабаҳои бешумор тангӣ карданд ва ифлосшавии синфхонаҳо низ бештар шуд.

Акнун барои талабҳои ин мактаб зебо будани пойафзор чандон муҳим нест, муҳим, ки ҷӯроб зебо ва бесӯрох бошад.

Пойпӯши хонандагон
Пойпӯши хонандагон

Мақомот мегӯянд, то замони гирифтани ин тасмим хонандаҳо чандин ҷои фарши кошинкориро шикастанд ва қолинҳоро даррондаву чиркин карданд. Зеро теъдоди талабаҳо нисбат ба ғунҷоиши мактаб бештар буда ба ҷойи як кафш се кафш ба синфхона ворид мешуд.

Маҳмуд Ҷумъаев, мудири мактаби № 53 рӯзи 9 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки маблағгузории сохтмони ин мактабро Бонки Ҷаҳонӣ ба ӯҳда гирифта буд ва мебоист соли 2009 он бо 18 синфхона барои 500 хонанда сохта мешуд. Аммо дар маҷмӯъ 8 синфхона бунёд ёфт. Ҳоло ба ҷои 500 нафар 1080 талаба дар ин мактаб ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Мудири мактаб гуфт, ки онҳо соли гузашта бо қувваи хатмкунандагон ва омӯзгорон боз 4 синфхонаи дигар сохта ба синфҳои ибтидои ҳадя карданд.

Дар ҳоли ҳозир ин мактаб дар се баст фаъолият дорад ва ба ҳар партаи дарсӣ ҳудуди се талаба рост меояд. Маъмурияти мактаб низ талош доранд, соли оянда синфи як қабул накунанд. Ҳарчанд мардуми атроф талош доранд, то кӯдаконашонро аз мактабҳои дигари шаҳрак ба мактаби 53 биёранд.

Гулҷаҳон Узбекова, омӯзгорӣ синфҳои ибтидоӣ дар сӯҳбат ба Озодӣ гуфт, кӯдакон бештар мушкилии навиштан доранд ва ҳолате мешавад, ки кӯдакон дар замин дарсро омода мекунанд.

«Замоне мо имло мегирем, кӯдакон дасти якдигарашонро мезананд ва миёни онҳо нофаҳмӣ ба миён меояд. Дар баробари ин кӯдакон доимо шикоят мекунанд, ки ҷой танг аст ва онҳо дуруст дар парта шишта наметавонанд. Модарон низ чандин маротиб муроҷиат карданд, ки дар як парта се нафарро нашинонем, аммо чӣ кор кунем, шароит беҳад танг аст,» -- гуфт муаллимаи синфҳои ибтидоӣ.

Мактабе дар Восеъ бо шароити номусоид барои таҳсил
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Қарори аз по бадар кардани пойафзорро танҳо хонандаҳои синфҳои болоӣ напазируфтанд ва ин талаботро барои худ таҳқиромез шумурданд. Аммо вақте, ки онҳо бо дасти худ барои талабҳои синфҳои ибтидоӣ синфхона сохтанд, мавқеи худро дар баробари ин амр дигар карданд.

Талбаки Ҷовид, як хатмкардаи мактаби №53 мегӯяд, дар оғоз талаби муаллимон ба талабаҳои синфи болоӣ сахт мерасид, ҳатто баъзе падарон низ мегуфтанд, ин чӣ гуна қонун аст, ки талаба дар синф бе попӯшӣ мегардад. “Аммо баъдан одат кардем,”-- бо табассум мегӯяд Ҷовид.

Маъмурияти мактаб барои сохтани синфхонаҳои иовагӣ ба Вазорати маориф муроҷиат кардааст, вале то ҳол ҷавобе нагирифтааст. Муҳаммад Давлатёров, мудири маорифи ноҳияи Восеъ мегӯяд, ки синфхонаҳои иловагӣ ҳатман сохта мешаванд, вале нагуфт, ки кай.

Аммо ба назар мерасад, ки то замони бунёди синфхонаҳои иловагӣ талабаҳои мактаби 53-и ноҳияи Восеъ ҳамоно кафшҳои худро дар берун мекашанд ва ба мисли “Мактаби кӯҳна”- и Садриддин Айнӣ дар замин чорзону зада иншо менависанд.

XS
SM
MD
LG