Пайвандҳои дастрасӣ

Сар аз субҳи шанбе нақлиёти сокинони Тоҷикистон бидуни мамониат аз ҷазирақаламрави Ворух ба сӯи Исфара ҳаракат доранд.

Рӯзи ҷумъа, соати чаҳор ба вақти Душанбе, марзбонҳои қирғиз ду шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба гуфтаи онҳо, марзро ғайриқонунӣ убур кардааст, боздошт ва шадидан латукӯб карданд. Аммо ин ҷавонон, аз тариқи телефони ҳамроҳ ба ҳамдеҳаҳои худ занг зада ва онҳоро ба кӯмак даъват карданд. Ба думболи ин, сокинони ҳарду тарафи марз роҳҳои аслиро масдуд карданд. Аз тарафи қирғизҳо роҳи Ворух -- Исфара баста шуд ва сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ҳам роҳи Оқсой -- Исфараро баста буданд.

Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркуҳ рӯзи шанбе дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ба дунболи боздошт ва латукӯби панҷ ҷавони тоҷик аз сӯи марзбонон ва сокинони қирғиз дар деҳаи Оқсой, раиси шаҳри Исфара, раисони ҷамоатҳо ва масъулони ниҳодҳои интизомӣ ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, сокинонро ба оромӣ ва хештандорӣ даъват карданд. Ҳамчунин онҳо бо мақомоти Бодканд ин мушкилро баррасӣ карда, гуфтаанд, ки ба зудӣ роҳҳо боз хоҳад шуд ва муноқиша мавриди таҳқиқ қарор хоҳад гирифт.

Яке аз латукӯбшудагон дар бемористони Исфара.

Яке аз латукӯбшудагон дар бемористони Исфара.

Ба гуфтаи Абдухалил Шарифов, баъд аз зуҳри 31-уми май марзбонони қирғиз ду ҷавони сокинин деҳаи Хоҷаи Аъло Аслонбек Сулаймонов ва Азим Одинаевро дар маҳалли наздик ба Оқсой боздошт намуда шадидан латукӯб карданд. Ин ҷавонон баъд аз чанд соати асорат ва бо дахолати мақомоти Исфара раҳо шуданд.

Аммо Токон Мамитов, раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар шарҳи ин қазия гуфтааст, ки ду шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ барои ҷамъоварии ҳезум вориди қаламрави кишвари онҳо шудаанд ва марзбонон онҳоро дастгир карданд. Баъди таҳияи санадҳо ва ба марзбонони тоҷик супурдани ҳарду нафар, хешовандони шаҳрвандони Тоҷикистон се шаҳрванди Қирғизистонро дошта латукӯб кардаанд. Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ мегӯяд, ки ба сӯи мошини шаҳрвандони Қирғизистон ҳамчунин санг андохтаанд ва аз ин рӯз сокинони рустои наздимарзӣ ба хашм омадаанд.

Маҳале, ки ҷавонҳо барои даравидани хор рафта буданд, қирғизҳо даъво доранд, ки ҷузви қаламрави Қирғизистон аст ва ин афрод бидуни иҷоза ворид шудаанд. Аммо сокинони ҷониби Тоҷикистон мегӯянд, ки ин минтақа моли Тоҷикистон буда ва ҳамакнун ба замини баҳснок табдил шудааст. Дар ҳоли ҳозир гуруҳи вижае иборат аз кормандони интизомӣ ва амниятӣ ба таҳқиқи ҳодисаи латукӯби ҷавонон машғул мебошад.


Дар пайи муноқиша миёни сокинони деҳаи қирғизнишини Оқсой ва деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳ як ронандаи маршруткаи самти Ворух-Исфара аз сару рӯяш ҷароҳатҳои вазнин бардоштааст. Ҳамчунин ду ҷавони исфарагӣ, ки ба шикори кабк мерафтанд, аз ҷониби қирғизҳои ба шӯромада латукӯб шудаанд.
Дар ҳоли ҳозир дар бемористони шаҳри Исфара панҷ сокини ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворух, ҳамчунин як шаҳрванди Қирғизистон бистарӣ мебошанд. Сулаймон Узоқов, табиби навбатдор ба "Озодӣ" гуфт, ки ҷароҳатҳои ин афрод сангин аст ва онҳо бештар аз ноҳияи сар осеб диданд.

Дар ҳоле, ки хабарнигори Озодӣ аз бемористон дидан менамуд, гуруҳи вижаи тафтишотӣ ба бозпурсии сокинони латукӯбшуда машғул буд. Яке ин афрод бо номи Ғулом Каримов, сокини деҳаи Чоркӯҳ ба «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи гузашта ҳамроҳи рафиқаш Амин Раҳматов ба шикор кабк мерафт ва дар деҳаи Оқсой гуруҳи сокинони қирғиз ба онҳо ҳамла оварда, сару рӯяшро хуншор карданд.

Яке аз латукӯбшудагон дар бемористони Исфара.

Яке аз латукӯбшудагон дар бемористони Исфара.

Дар ҳамин ҳол ҳол Баҳриддин Ятимов, ёвари раиси шаҳри Исфара ба "Озодӣ" гуфт, вазъ дар минтақаҳои марзӣ таҳти назорат аст ва мақомоти ноҳияҳои Исфара ва Бодканд ба хотири такрор нашудани муноқиша аз мавзеъҳо назорат намуда ва миёни сокинони корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ мекунанд.

Хабарнигори «Озодӣ» мегӯяд, дар роҳ аз Исфара ба Хоҷаи Аъло ва Ворух кормандони интизомӣ ва марзбонҳои мусаллаҳи тоҷику қирғиз ба чашм мерасиданд, аммо шумораи онҳо зиёд набуд.


НИГАРОНИҲО АЗ ВАЗЪ ДАР МАРЗИ ИСФАРА ВА БОДКАНД

Ба дунболи ҳодиса, рӯзи ҷумъа Ҳокими вилояти Ботканди Қирғизистон Саидмурод Қалуғов ва раҳбарони ниҳодҳои қудратии минтақавӣ дар ҳузури марзбонҳои тоҷик бо ҷамъшудаҳо вориди гуфтушунид шуданд. Хабарнигори мо мегӯяд, ки мақомоти қудратии ду тараф дар ҳамкорӣ бо якдигар талош доранд, ки аз амиқтар шудани муноқиша ҷилавирӣ кунанд. Мақомоти ҳарду тараф мегӯянд, ки вазъ таҳти назорат аст.

Насрулло Миров, як сокини Хоҷаи Аъло дар суҳбати телефонӣ ба хабарнигори Радиои Озодӣ дар Хуҷанд, Маъсуми Муҳаммадраҷаб гуфт, аҳли ин деҳа аз вазъ дар хавотиранд ва барои таъмини бехатарии худ гурӯҳҳои посбоние таъсис додаанд, ки аз 8-10 нафар иборат буда, шабона деҳаро дидбонӣ мекунанд, то мабодо фитнае ва муноқишае наве сар назанад. Ба гуфтаи Миров, теъдоди маҳдуди кормандони интизомӣ аз ду ҷониб низ аз вазъ назорат мебаранд ва сокинонро ба оромиву хештандорӣ даъват мекунанд.

Дар бораи оғози ҳодиса Насрулло Миров гуфт, баъд аз нимрӯзи 31-уми май сардори постгоҳи марзбонии қирғизҳо дар Оқсой ду ҷавони тоҷик аз Хоҳаи Аълоро, ки ба Тангӣ ном мавзеъи наздикии Оқсой ба хордаравӣ рафта буданд, боздошт намуда, ба қароргоҳи марзбонон бурдааст. Дар ин ҷо ҷавонон ҳадафи лату куб қарор гирифтаанд. Баъдан бо силоҳи оташфишон онҳоро таҳдид кардааст, ки ҳодиса лату кӯб шудани худро ба касе ошкор накунанд. Ин ҷавононон ҳоло бистарӣ шудаанд. Сокинони Хоҷаи Аъло баъд аз огоҳӣ аз ин ҳодиса ба хашм омада, дар ҷавоб қирғизҳоро зери мушту лагад гирифтаанд. Миров афзуд, ҳоло роҳ ба ду сӯ баставу сокинон дар ҳолати изтирорӣ мондаанд.

Пеш аз ин рӯзи 27-уми апрел оғози сохтмони роҳ дар ин минтақа аз тарафи қирғизҳо сабаби сар задани низоъ гашта, бар асари он даҳҳо нафар маҷрӯҳ шудаанд. Мақомоти ду ҷониб барои ҳалли мушкил ду дафъа мулоқот карда ва санадеро барои қатъи ҳама гуна фаъолияти низоъбарангез ба имзо расонданд. Масъала ҳамчунин дар дидори раисони ҷумҳури ду тараф дар Бишкек баррасӣ шуд.

Ба гуфтаи сокинони кӯҳансоли Ворух, баҳсу низои тоҷику қирғиз дар ин ҷо аз охири солҳои 60-уми асри гузашта сар шудааст. Соли 1967 Тоҷикистони шӯравӣ барои обод кардани заминҳои бекори канори Ворух 1 миллиону 200 ҳазор рубл ҷудо кард ва низоъҳои аввал сари соҳибӣ ба ҳамин замин рух додааст. Барои ҳалли мушкил Маскав як комиссияи муштараки паритетӣ таъсис дода, бо пешниҳоди он ва барои ором кардани қирғизҳо ҳудуди 300 гектар замин дар ихтиёри онҳо гузошта шуд.Соли 1969 низ Тоҷикистон дар ивази заминҳои баҳснок дар Тангии Ворух ба Қирғизистон аз ҷойи дигар замин додааст.

Баъд аз ин дар солҳои 1975 ва ибтидои солҳои 80 -уми асри гузашта, ва билохира соли 1989 миёни тоҷикону қирғизҳо дар заминаи талоши обу замин низоъҳо рух дода, як сокини ҷамоати Чоркӯҳ, бо номи Алиҷон дар лаби наҳри навбунёди марзӣ аз тири силоҳи як сокини ноҳияи Бодканд кушта шуд. Он замон Маскав мардуми шӯридаро бо ҷорӣ кардани соати комендантӣ ва ворид кардани нерӯҳои мусаллаҳ ором кард. Раҳбари Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов ба Ворух омад ва бо сарвари Қирғизистон мулоқот кард, аммо масъала ҳалли худро наёфт, ҳол он ки ба гуфтаи бисёриҳо ҳамон вақт беҳтарин фурсати ҳалли он буд. Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар соли 1991 Тоҷикистону Қирғизистон ба давлатҳои мустақил табдил ёфтанд ва марзи як замон "дохилӣ"-и шӯравӣ акнун байнидавлатӣ шуд. Бино ба маълумоти расмӣ, ин марз 970 километр аст ва таъину аломатгузории он дар соли 2002 шурӯъ шуда, то ҳол 59 дарсад ё 567 километри хатти марзро муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Вале ба иллати печутобҳои зиёди хатти сарҳад ва вуҷуди даҳҳо ҷазирақаламрави хурду бузург дар қисмати Суғду Бодканд ҷараёни он хеле ба сустӣ пеш меравад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG