Пайвандҳои дастрасӣ

Бо гузашти 10 рӯз аз низоъи Ворух ин суол дар зеҳнҳо чарх мезанад, ки оё як роҳи ниҳоии ҳалли ин қазия вуҷуд дорад?

Хатти марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон байни вилоятҳои Суғду Бодканд ҳамоно муайян нашуда, дар харитаҳои замони истиқлолияти ин кишварҳо аз ҳам фарқ мекунад. Тобеъияти ҳудуди 20 анклав ҳанӯз мушаххас нашудааст. Чунин печидагӣ фаъолияти кумиссиюнҳои мурзбандии ин кишварҳоро, ки кораш соли 2002 оғоз ёфта буд, суст кардааст.

Ба гуфтаи сокинони манотиқи наздимарзии Суғду Бодканд, то замоне ки хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон таъйин ва аломатгузорӣ нашавад, заминаи низоъ байни сокинони марзӣ барои соҳибӣ ба замину об ва роҳу чарогоҳҳо боқӣ хоҳад монд. Ба муноқишаи рӯзи 27 апрел дар Воруху Оқсой низ монеъ шудани сокинони Ворух ба қирғизҳо барои бунёди роҳи нақлиётӣ аз канори як замини баҳсӣ сабаб гашта буд.

Кишварҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бо ҳам муносибатҳои хуби ҳамсоягӣ доранд ва танҳо низоъҳо миёни сокинони наздимарзии Суғду Бодканд ин муносибатро каме хадшадор мекунад.


Ҳоло вазъ дар ин минтақа, дар қисмати наздимарзии Ворух-- Оқсой - Хоҷаи Аъло нисбатан ба эътидол омадааст. Сокинон бемамониат ба сӯи Исфараву Бодканд рафтуомад ва бо ҳам тиҷорат мекунанд. Тоҷикистон ва Қирғизистон дар минтақаи марзии Суғду Бодканд ба ҳамоҳанг намудани фаъолияти ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ниҳодҳои интизомиву қудратӣ ҷиҳати раҳ назорати авзоъ ва роҳ надодан ба такрори низоъҳо тадбирҳову чораҳоеро рӯи даст гирифтаанд.

Мақомоти интизомӣ ва марзбонӣ аз фаъол намудани “гурӯҳҳои муштараки сайёр” ҷиҳати назорати вазъ дар манотиқи наздимарзӣ эълом доштанд. Ҳамчунин ҷонибҳои тоҷику қирғиз ҷиҳати таҳқиқи муноқиша дар деҳаҳои Воруху Оқсой ва Хоҷаи Аъло ва назди қонун ба ҷавобгарӣ кашидани дастандаркорони он низоъ гурӯҳҳои фаврию таҳқиқотие таъсис додаанд.

Вале ҳамоно саволе сари забонҳои сокинони хаста аз муноқишаҳои марзӣ ва коршиносони маҳаллист, ки чӣ тавр метавон ба ҳалли ниҳоии мушкилоти низоъангези марзӣ даст ёфт?

Неъматуллоҳи Мирсаид, таҳлилгари масоили амнияти марзии минтақа мегӯяд, ду роҳҳалли мушкили марзиро мебинад, яке ин ки Тоҷикистон ва Қирғизистон маҳалҳои баҳсбарангезро бо риояти ҳамвазнии онҳо ба ҳамдигар иваз кунанд. Роҳи дигари ба эътидол овардани авзоъ, аз нигоҳи ҷаноби Мирсаид, таъсиси “минтақаи бози бетараф” дар марз аст: “Ба шарти он ки ҷонибҳо дар он минтақа танҳо бо ризояти якдигар иншооте ё роҳе ё наҳре бунёд кунанд. Ҳоло ҳам миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар бораи худдорӣ аз истифодаи заминҷои баҳсии марзӣ вуҷуд дорад, вале мутаассифона, онро ҷонибҳо баъди рухдоди муноқиша ба ёд меоранд, яъне он комилан амал намекунад. Имрӯз зарурати таъсиси чунин минтақаи ба истилоҳ “боз ва бетараф” ва риояти қатъӣ ба шартҳои он доғтар шудааст.”


Лаҳзае аз музокироти Исфара. 4 майи соли 2013

Лаҳзае аз музокироти Исфара. 4 майи соли 2013

Дар нишасти Исфара ҷониби Бодканд пешниҳод кард, ки ба хотири нуқта гузоштан ба муноқишаҳо дар мавзеъҳои баҳии марзӣ “хатти марзи шартӣ” таъйин карда шавад. Кубатбек Жеенбаев, сардори раёсати минтақавии марзбонии Бодканд гуфт, сокинони манотиқи наздимарзӣ ҳудудҳои маҳалли зисти худро аниқ намедонанд ва низоъҳо миёни сокинон дар ин замина сурат мегирад. Ба хотири аз байн бурдани заминаи низоъҳо вай пешниҳод кард, то анҷоми кори кумиссиюнҳои байнидавлатии марзбандӣ дар маҳалҳои баҳсӣ “хатти марзи шартӣ” муайян карда шавад. То замоне ки таъйин ва аломатгузорӣ шудани хатти марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон заминаи низоъҳо байни сокинони наздимарзиро аз байн барад.

Аммо ин пешниҳод аз сӯи мақомоти Суғд рад шудааст. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки ҳукуматҳои маҳаллӣ чунин салоҳияти таъйини хатти марзи шартиро надоранд ва ин ҳаққи давлат ва раисҷумҳурҳои ҳар ду кишвар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG