Масъулони додситонии низомии гарнизони рӯзи ҷумъаи 16-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ хабари ирсол шудани парвандаи Шаҳбол Мирзоев ба додгоҳро тасдиқ карданд, аммо аз ироаи ҷузъиёти бештар дар ин бора худддорӣ намуданад.
Аммо Далер Ҷӯраев, вакили мудофеи Шаҳбол Мирзоев, сарбозе, ки муфаттишон ҳамхизмати ӯ - Усмоналӣ Ғайратовро дар маҷрӯҳ карданаш айбдор медонанд, дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфт, тафтишот тибқи ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон сурат гирфтааст: "Ҳоло муфаттишони прокуратураи ҳарбӣ горнизони Душанбе нисбати фелшери қисми ҳарбии 2026 Умоналӣ Ғайратов бо моддаи 127- дар хатар мондан ва 373 вайрон намудани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда тафтишот бурда истодаанд. Чунки ҳам Шаҳбол Мирзоев ва ҳам Усмоналӣ Ғайратов сарбози қаторӣ ҳастанд ва нисбати якдигар ягон тобеияти хизматӣ надоштанд.»
Дар ҳамин ҳол, Маҳмадшариф Ғайратов, падари Усмоналӣ Ғайратов, фелдшери қисми ҳарбии 2026, ки шаш моҳ пештар аз Шаҳбол Мирзоев ба хизмат дар артиш даъват шудааст, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, фарзандаш то ба ҳол дар боздоштгоҳи ҳарбӣ нигоҳдорӣ мешавад, вале дар ин муддат ӯ боре ҳам писарашро надидааст. Вай гуфт: «Беш аз ду моҳ мешавад, ки писарам дар боздоштгоҳ аст, аммо ба ман иҷозат надоданд, ки рафта боре ҳам бошад писарамро бинам. Чизе набошад вай фарзандам аст, дилам месӯзад барояш. Ман шахсан се маротиба ба бемористони Қараболо барои аёдати Шаҳбол рафтам, мехостам кӯмак кунам, аммо бо ман дағал муносибат карданд, дилам монд ба ростӣ. Лекин то ба ҳол нияти кӯмак кардан ба Шаҳболро дорам.»
Дар ҳоле, ки додситонии низомӣ дар бораи ба додгоҳ ирсол шудани парвандаи Усмоналӣ Ғайратов хабар дод, худи Муҳаммадшариф Ғайратов мегӯяд, ҳоло дар нисбати фарзандаш расман айб эълон нашудааст. Ба гуфтаи ҷаноби Ғайратов, дар баробари писараш, муфаттишон нисбати як зани дигар, ки ҳамчун духтур дар ҳамон қисми низомӣ фаъолият мекардааст, тафтишот мебаранд.
Дар ҳамин ҳол, Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, сарбози маҷрӯҳшудаи қисми 2620 Сарраёсати қушунҳои марзбонии КДАМ, рӯзи ҷумъаи 16 май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки фардо, шанбеи 17 май соати 12 -и рӯз ҳамроҳи Шаҳбол тариқи ҳавопаймо аз Маскав ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон парвоз хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи табибони беморхонаи Вишневскии шаҳри Красногорски Русия, Шаҳбол бояд боз ду моҳи дигар таҳти табобати духтурон бояд бошад.
Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, сокини ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт, ки 7 моҳ пеш баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд, довталабона ба хидмати артиш рафта буд, шаби 8 март баъди «гуштӣ» бо Усмоналӣ Ғайратов маъюб шудааст. Худи ӯ мегӯяд, бо вуҷуди шикастани гарданаш вайро як рӯзи дигар дар бунгоҳи тиббии қисми низомӣ нигоҳ дошта, танҳо баъди қасам хӯрданаш, ки сирри ин қазияро ба касе нахоҳад гуфт, ӯро ба беморхона бурданд.
Ҳарчанд мақомоти Сарраёсати нируҳои марзбонии Тоҷикистон ваъда кардаанд, ки куллияи масрафоти табобат ва амали ҷарроҳии Шаҳболро мепардозанд, аммо чун ин ваъда иҷро нагардид, Нӯъмон Мирзоев, падари ин сарбоз хонаашро фӯрухта ва писарашро барои ҷарроҳӣ ба Русия бурд.