Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

А. Достиев: Дилам ба Шаҳбол сӯхт


Абдулмаҷид Достиев дар палатаи Шаҳбол
Абдулмаҷид Достиев дар палатаи Шаҳбол

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдумаҷид Достиев дар рӯзи зодрӯзаш аз Шаҳбол Мирзоев дар беморхонаи ҳарбии вазорати дифоъи Русия дар Красногорск хабар гирифта ва ба ӯ кумаки молӣ расондааст.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол дар сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 30 апрел сафири Тоҷикистон дар Маскав Абдумаҷид Достиев ба беморхона омада, бо аҳволи Шаҳбол ошно шудааст: «Азбаски имрӯз зодрӯзи Шаҳбол аст, Абдумаҷид Достиев ба вай тӯҳфа дод ва ҳамчунин 2000 доллар кумак расонид ва изҳори омодагӣ кард, ки дар ҷараёни анҷоми ҷарроҳиҳо низ кумак мекунад.»

Худи Абдулмаҷид Достиев дар сӯҳбати ихтисосие бо Озодӣ гуфт, тақрибан як соат бо Шаҳбол сӯҳбат кардааст: "Хеле одамони хубу фаҳмида будаанд ин хонавода. Худи Шаҳбол ҳам бисёр як бачаи зебову хушмуомила ва боодобу нозанин будааст. Хеле дилам барояш сӯхт. Ман ҳатто намедонистам, ки имрӯз зодрӯз дорад. Вақте фаҳмидам, табрикаш кардам. Зимнан писари ман низ дар ҳамин рӯз таваллуд шудааст. Аз Шаҳбол пурсидам, ки дилат ҳоло бештар аз ҳама чӣ мехоҳад? Гуфт, ки манту. Ваъда кардамаш, ки ба ҳамсарам мефармоям, бароят манту пухта меорад бароят ҳатман. Фикр дорем, ки коргарони сафорат ҳамагӣ барои Шаҳбол ҳаддалимкон кумаке ҷамъ кунем."

Оқои Достиев гуфт, умедвор аст, сохторҳои марбутаи Тоҷикистон ба қазияи Шаҳбол Мирзоев баҳои қонунӣ хоҳанд дод. Табибон ба сафир гуфтаанд, ки маризии Шаҳбол табобатшаванда аст, вале фурсати зиёд мехоҳад.

Шаҳбол Мирзоев рӯзи 30 апрел 22-сола шуд. Ӯ дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди онки шаби гузашта табаш баланд рафт ва ба 39 дараҷа расид, ҳоло худашро беҳтар ҳис мекунад:
Шаҳбол 22-сола шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:27 0:00
Линки мустақим

Ҳабибулло Каримов, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба Озодӣ гуфт, зимни боздиди Абдулмаҷид Достиев аз бемористон «маълум гардид, ки бино бар баланд шудани таби Шаҳбол ҷарроҳии ӯ ба чанд рӯз пас гузошта шудааст. Феълан вазъи Шаҳбол мӯътадил аст. Бино ба гуфтаи сардори шӯъбаи 31-ми нейрохирургияи беморхона, номзади илмҳои тибб, подполковники хидмати тиббӣ Владимир Мануковский, Шаҳболро ҷарроҳӣ баъд аз идҳои моҳи май хоҳанд кард.»

Ду полковники рус навбати худро ба Шаҳбол доданд

Ҷарроҳии Шаҳбол Мирзоев, сарбози нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки интизор мерафт имрӯз 30-юми апрел дар бемористони низомии шаҳри Красногорски вилояти Маскав ҷарроҳӣ мешуд ба рӯзҳои оянда ба таъхир афтодааст.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол Мирзоев, рӯзи 30-юми апрел ба радиои Озодӣ гуфт, ки шаби гузашта таби Шаҳбол баланд шудааст ва табибон амалиёти ҷарроҳиро баъд аз 1-уми май гузоштаанд. Аммо ба гуфтаи падари Шаҳбол табибон таърихи дақиқи ҷарроҳиро муайян накардаанд.

Қаблан гузуориш шуда буд, ки пизишкони беморхонаи ҳарбии вазорати дифоъи Русия, воқеъ дар шаҳри Красногорск, 8-километрии Маскав барои ҷарроҳии Шаҳбол Мирзоев омодагӣ мегиранд ва ду полковники рус навбати худро ба Шаҳбол додаанд.

Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол дар сӯҳбати телефонӣ аз Красногорск ба Радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи 29 апрел ҳамаи ташхисҳои тиббии Шаҳболро дар беморхонаи ҳарбии вазорати дифоъи Русия дубора мушаххас карданд ва барои анҷоми амали ҷарроҳӣ омодагӣ гирифтаанд. Вай гуфт, ки ин субҳ бо пизишкони беморхона маслиҳат шуд ва онҳо дар ибтидо гардани Шаҳболро, ки шикастааст, ҷарроҳӣ ва устухонҳояшро ҷобаҷо хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Нӯъмон Мирзоев, дар феҳрасти афроде, ки рӯзи чоршанбе, 30-юми апрел бояд ҷарроҳӣ мешуданд, ду полковники вазорати дифои Русия низ будаанд, аммо онҳо вазъи Шаҳболро дида, навбати худро ба сарбози тоҷик додаанд.

«Агар гардан ҷарроҳӣ карда нашавад, пойҳои ӯ, ки бар асари осеб дидани ҳароммағз аз ҳаракат мондаанд, низ кор нахоҳанд кард,» - гуфтаанд табибони бемористони низомӣ ба падари Шаҳбол. Барои анҷоми ин ҷарроҳӣ ва ва амалҳои дигар ҳудуди 500 ҳазор рубли русӣ, муодили тақрибан 14 000 доллар, лозим будааст.

Қаблан мақомот ваъда дода буданд, ки маблағи ҷарроҳии Шаҳболро пардохт хоҳанд кард, аммо ҳангоми ба Маскав интиқол додани вай падари Шаҳбол гуфт, барои табобати писараш як хона ва дигар амволашро фурӯхта ва боз қарз кардааст, аммо аз мақомот кӯмаки молӣ нагирифтааст.

Қаблан сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, Шаҳбол Мирзоев, сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар қисми низомӣ гарданаш шикастааст, рӯзи 28 апрел тавассути ҳавопаймо ба Маскав расид. Сухангӯи сафорат Ҳабибуллоҳ Каримов, хабар дод, ки Шаҳбол Мирзоевро аз фурудгоҳи Домодедово бо мошини "Ёрии таъҷилӣ" барои идомаи табобат ба бемористони ба номи А.А. Вишневскийи вазорати мудофиаи Федератсияи Русия интиқол додаанд.
Ҳисоби бонкии Шаҳбол
Ҳисоби бонкии Шаҳбол
Шаҳбол Мирзоев, ки ним сол пеш, баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд довталабаона ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, моҳи март дар қисми низомии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бар асари бадрафтории ҳамхидматонаш маъюб шуд. Азбаски мақомоти Тоҷикистон табобати ӯро бар ӯҳда нагирифтанд, барои кӯмак ба ин сарбоз як ҳисоби бонкӣ таъсис доданд. Волидони ин сарбоз мегӯянд, дар ин ҳисоб то имрӯз чизе дар ҳудуди ҳамагӣ 1700 сомонӣ ҷамъ шудааст ва онҳо барои табобати Шаҳбол чизу чора ва ҳатто хонаашон дар ноҳияи Аштро фурӯхтаанд.

Онҳое ки ҳанӯз мехоҳанд ба Шаҳбол кумак кунанд, шумораи ҳисоби бонкии ӯро метавонанд аз инҷо дарёфт кунанд:

http://www.ozodi.org/content/how-you-can-help-the-injured-soldier-shahbol-mirzoev/25354184.html
XS
SM
MD
LG