Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳбол ба Ватан бармегардад (2 АКСИ НАВ)


Акси нави Шаҳбол
Акси нави Шаҳбол

Шаҳбол Мирзоевро рӯзи 16 май аз бемористони низомии шаҳри Красногорск ҷавоб медиҳанд. Падараш мегӯяд, Шаҳбол табобатро акнун дар як табобатгоҳи Хуҷанд идома хоҳад дод.

Шаҳбол Мирзоев, сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки дар қисми низомӣ гарданашро шикастанд, баъд аз ҷарроҳӣ аз бемористони низомии шаҳри Красногорски вилояти Маскави Русия ҷавоб мешавад. Нӯъмон Мирзоев, падари Шаҳбол, рӯзи 15 май ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъи Шаҳбол баъди тавассути ҷарроҳӣ кашида гирифтани обу тоза кардани шушҳояш, ки 4 рӯз давом кард, хеле беҳтар шудааст ва ӯро имрӯз, 15 май аз бахши эҳё - (реаниматсия) ба палатаи маъмулӣ гузарондаанд ва қарор аст, рӯзи 16 май аз бемористони Красногорск рухсат диҳанд.

Нӯъмон Мирзоев гуфт, онҳо мебоист фардо аз фурудгоҳи Домодедово ба шаҳри Ижевск, пойтахти Ҷумҳурии Удмуртистони Русия парвоз мекарданд, то дар як маркази реабилитатсионии Ижевск табобати Шаҳболро идома диҳанд, вале дар ниҳоят машварати табибон ин шуд, ки ба Хуҷанд бираванд: “Бо як маркази реабилитатсионии Ижевск маслиҳат кардем, ки Шаҳбол дар онҷо 4-5 моҳ табобаташро идома диҳад. Вале табибон баъдан гуфтанд, ки ӯ ҳоло танҳо ба нигоҳубин ниёз дорад ва барои ин шарт нест ба Ижевск рафтан. Ҳоло дар пайи иваз кардани билети парвозамон ҳастем, то ба Хуҷанд парвоз кунем. ”
Шаҳбол ба Ватан бармегардад
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00
Линки мустақим



Ба гуфтаи падари Шаҳбол, “ҳоло ӯ баҳузур нишаста метавонад. Гарданаш ҳам хуб кор мекунад. Аммо ҳанӯз роҳ гашта наметавонад. Баъзе ангуштонаш кор мекунанд, вале дастонаш кам-кам меҷунбанд. Пойҳояшро ҳам зер карда, кам-кам меҷунбонад, шукри Худо. Вале баъди ҷарроҳии шушҳояш табибон гуфтанд, боз камтари дигар азоб надиҳедаш.”

Табибон гуфтаанд, ки Шаҳбол Мирзоевро табобати тӯлоние дар пеш аст, то ӯ ба пойҳои худ рост шавад. Нӯъмон Мирзоев гуфт, табибон маслиҳат додаанд, то Шаҳболро тавассути мошини махсуси тиббӣ аз Красногорск ба маркази реабилитатсионӣ интиқол диҳанд, вале: “Ҳисоб карданд, ки ҳаққи хидмати чунин мошин 110 000 рубл, яъне беш аз 3000 доллар мешавад. Мо гуфтем, ки беҳтараш бо ҳавопаймо меравем. Як табиб бояд ҳамроҳамон биравад. Барои ҳамроҳии ӯ 20 000 рубл додему пули билети дутарафаашро ва баъд пули билетҳои худамонро. “
Аёдати сафири Тоҷикистон аз Шаҳбол дар Красногорск
Аёдати сафири Тоҷикистон аз Шаҳбол дар Красногорск
Падари Шаҳбол Мирзоев мегӯяд, барои ҷарроҳии сутунмӯҳраи писараш 474 000 рубл, муодили тақрибан 14 000 доллар, ва имрӯз барои ҷарроҳии шушҳои ӯ 189 000 рубл, муодили 5 300 доллар пардохт кардааст, вале ҳанӯз намедонад, ки 4 ило 5 моҳи табобати баъдии ӯ дар Хуҷанд чӣ қадари дигар тамом хоҳад шуд.



Нӯъмон Мирзоев мегӯяд, хароҷоти табобати Шаҳбол асосан аз ҳисоби пули хонаест, ки онҳо дар зодгоҳашон – ноҳияи Ашт – фурӯхтанд: “Ҳамаи пулро худам дода истодаам. Кӣ медиҳад боз? Аз ҳисоби пули хонае ки фурӯхтем ва ҳам қарз. Хонаро 300 000 рубл фурӯхтем, ки қариб 200 ҳазораш дар ҳамон Душанбе сарф шуд. Фақат билети парвозамон аз Душанбе то Маскав қариб 80 000 рубл шуд. “

Нӯъмон Мирзоев мегӯяд, ҳоло онҳо тақрибан бепул роҳии Ижевск мешаванд. Вале, меафзояд ӯ, як бало карда, қарзу қавола мекунад, вале писарашро ба пои худ рост хоҳад кард.

Ин видеоро хабарнигори Озодӣ дар Маскав Умед Бобоматов рӯзи 7 май аз бемористони Красногорск оварда буд:


Шаҳбол Мирзоеви 22-сола, ки 7 моҳ пеш, баъди хатми донишгоҳи Хуҷанд довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафта буд, рӯзи 8 марти соли равон дар қисми низомии нирӯҳои марзбонӣ, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ бар асари бадрафтории ҳамхидматонаш маъюб шуд. Баъди 50 рӯзи табобати бенатиҷа дар бемористони Қарияи боло ва баҳсҳои зиёд бар сари ин ки пули табобати вайро бояд кӣ пардохт кунад?, волидонаш ҳавлии худро дар ноҳияи Ашт фурӯхта, Шаҳболро рӯзи 28 апрел аз Душанбе ба бемористони низомии шаҳри Красногорск оварданд.

Рӯзи 5 май Шаҳбол Мирзоев дар ин бемористон аз ноҳияи сутунмӯҳрааш ҷарроҳӣ шуда, баъди печиданаш ба пневмония дар ҳамин ҷо тайи 4 рӯз – аз 10 то 14 май – шушҳояшро низ тавассути ҷарроҳӣ тоза кардаанд. Шаҳбол Мирзоевро дар Красногорск ду дафъа сафири ҳамакнун собиқи Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев аёдат кард.

Азбаски мақомоти Тоҷикистон табобати ӯро бар ӯҳда нагирифтанд, барои кӯмак ба ин сарбоз як ҳисоби бонкӣ ҳам таъсис дода шуд. Аммо волидони ин сарбоз мегӯянд, то рӯзи ба Маскав парвоз кардани онҳо дар ин суратҳисоб ҳамагӣ чизе дар ҳудуди 1700 сомонӣ ҷамъ шуда буд ва онҳо барои табобати Шаҳбол чизу чора ва ҳатто хонаашон дар ноҳияи Аштро фурӯхтанд.

Онҳое ки ҳанӯз мехоҳанд ба Шаҳбол кумак кунанд, шумораи ҳисоби бонкии ӯро метавонанд аз инҷо дарёфт кунанд:

http://www.ozodi.org/content/how-you-can-help-the-injured-soldier-shahbol-mirzoev/25354184.html
XS
SM
MD
LG