Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия пешниҳод кард, ки кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар додугирифтҳояшон аз доллар даст кашанд.

Дар пайи имзои созишномаи СВОП ё табодули мустақими пул миёни Чину Тоҷикистон нахуствазири Русия Дмитрий Медведев низ чунин тарзи тиҷорат миёни кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхайро пешниҳод кард. Коршиносон мегӯянд, ки табодули мустақим ба рушди тиҷорат кумак мекунад, аммо барои ба по рост шудани пули миллии тамоми кишварҳои узви ин созмон, ки ҳоло дар баробари доллар ба зону нишастаанд, ёрӣ нахоҳад дод.

Азиз Каримов, як соҳибкори тоҷик мегӯяд, ки созиши табодули мустақими пул миёни Тоҷикистону Чин ба рушди тиҷорати ӯ ва ҳамтоёнаш, ки аз Чин мол ворид мекунанд, кумак хоҳад кард. Ӯ мегӯяд, “тоҷире, ки ба Чин меравад, дигар маҷбур нест, ки ҳатман доллар харад. Ӯ метавонад аз бонкҳои Тоҷикистон пули чинӣ гирад ва рафта молашро аз Чин биёрад ."

Созишномаи СВОП миёни Чину Тоҷикистон, ки моҳи сентябр имзо шуда, иҷрои он рӯзи 13 декабр дар як маросими ботантана дар шаҳри Урумчӣ, маркази маъмурии вилояти Шинҷон, шурӯъ шуд, таваҷҷӯҳи Русияро ҳам ба худ ҷалб кардааст. Рӯзи сешанбе дар нишасти раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай сарвазири Русия Дмитрий Медведев кишварҳои ин созмонро ба табодули мустақими пулҳояшон ташвиқ намуда афзуд, ки кишвараш рӯи иҷрои лоиҳаи таҷрибавии табодули мустақими рубли русӣ бо юани чинӣ ва рубли русӣ бо тангаи қазоқӣ кор мекунад.

Аммо баъзе коршиносони рус бар ин назаранд, ки талошҳои коҳиши гардиши доллари Амрико дар миёни кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой муваффақияти чашмгир касб намекунанд, вале шояд то ҳадде ва ё то як муддат фишор болои пулҳои миллии кишварҳои узви ин созмонро сабуктар хоҳад кард. Профессори Мактаби олии иқтисодии шаҳри Санкт-Петербург Андрей Заостровтсев бо ишора ба поиншавии нархи нафт, ки қурби пулҳои Русияву Қазоқистонро ноустувор кардааст, тиҷорати мустақим бо пулҳои маҳаллии кишварҳои узви ин созмонро ба қиморбозӣ шабоҳат медиҳад.

“Масалан, Шумо бо рубл чизе мехаред. Агар дар ҳоли беқурбшавии рубл созиш тағйир наёбад, яъне аз замони имзои созиш то иҷрои он шартҳои он тағйир наёбанд, шумо ҳамчун тарафи харидор бурд мекунед. Вале агар шумо фурӯшанда ҳастед, бой медиҳед. Медонед, ба фикрам ин на тиҷорат, балки қиморбозӣ дар казино мешавад," – гуфт ӯ.

Воқеан, дар ду моҳи ахир қурби доллари Амрико дар мизони аз 50 то 70 рубли русӣ боло ва поин мешуд. Мисли он рӯзи душанбе қурби тангаи қазоқӣ дар муқобили доллари Амрико даҳ дарсад поин шуда, ба 331 танга баробар шуд. Ба қавли Заостровтсев, дар чунин вазъи молӣ фақат дар бораи тиҷорати кӯтоҳмуддат метавон ҳарф зад, зеро пешбинии аҳволи бозорҳои молӣ хеле душвор аст.

Бар асоси созиши СВОП Чин дар давоми се соли оянда 3 миллиард юани чинӣ, ки муодили 470 миллион доллар аст, дар ихтиёри бонкҳои Тоҷикистон қарор мегирад. Феълан 3 дарсади тиҷорати байналмилалӣ бо юани чинӣ амалӣ мешавад ва Сандуқи байналмилалии пул юанро ба мисли доллари Амрико, евро ва фунти Бритониё дар қатори асъори байналмилалӣ ҷой додааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG