Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акси гумонбари асосӣ дар қатли 6 узви як хонавода


Маҳмадалӣ Аҳмадов. Акс аз сомонаи вазорати корҳои дохилаи Русия
Маҳмадалӣ Аҳмадов. Акс аз сомонаи вазорати корҳои дохилаи Русия

Пулиси Русия акси гумонбари асосӣ дар қатли 6 узви як хонавода – Маҳмадалӣ Аҳмадовро нашр кард. Бовар меравад, ки Аҳмадов ба Тоҷикистон фирор кардааст.

Вазорати корҳои дохилаи Русия рӯзи 3 май акси Маҳмадалӣ Аҳмадов – гумонбари асосӣ дар қатли 6 узви як хонавода дар вилояти Самараро нашр кард. Пулиси Русия мегӯяд, ин зодаи Тоҷикистонро, ки ҳамагӣ 23 сол доштааст, таҳти ҷустуҷӯи федеролӣ қарор додааст.

Аммо бовар меравад, ки Аҳмадов ба зодгоҳаш – Тоҷикистон фирор кардааст.

Дар иттилоияи вазорати корҳои дохилаи Русия аз ҷумла гуфта мешавад, ки “Аҳмадов Маҳмадалӣ Баротович, санаи таваллудаш 17.03.1993, зодаи ҷумҳурии Тоҷикистон, миллаташ тоҷик. Қади Аҳмадов миёна(165-167 см) буда,танумандиаш низ миёна аст.”

Ба бовари мақомоти тафтишотии Русия, раҳбарии гурӯҳи ҷиноиеро, ки шаби 24 апрел ба манзили падарии Андрей Гошт, муовини сардори ситоди раёсати корҳои дохилаи вилояти Самара дар рустои Ивашевкаи ноҳияи Сизран ҳамла кард, маҳз Маҳмадалӣ Аҳмадов бар ӯҳда дошт, ӯ ин гурӯҳро ташкил ва нақшаи ҳамла ба манзили афсари баландпояи пулисро таҳия кардааст. Гуфта мешавад, аъзои ин гурӯҳ бо ҳадафи ғорат ба манзили Гошт ҳамла карда, ӯву 5 тан аз наздиконаш, бо шумули падари модари солхӯрдаи вайро бо болға зада-зада куштаанд.

Андрей Гошт
Андрей Гошт

Додгоҳи ноҳияи Сизран рӯзи 2 май се гумонбари дигар дар ин ҳамларо барои ду моҳ ба ҳабс гирифт. Ислам Орзу-уғлӣ Бобоев, Орхан Ширалӣ-уғлӣ Зоҳрабов ва Роман Рауф-уғлӣ Фаталиев зодагони Озарбойҷон мебошанд. Онҳо дирӯз дар додгоҳ даст доштани худ дар қатли 6 узви як хонаводарпо эътироф карда, гуфтаанд, ки ҳадафашон пул буд, вале аз он хона танҳо 906 рубл ёфтаанд.

Яке аз гумонбарон - Роман Фаталиев – дар яке аз фурӯшгоҳҳои Самара бо корти бонкии Андрей Гошт харид кардааст ва мақомот изи ҳамлагаронро маҳз баъди ҳамин пайдо кардаанд.

Тафтишот мегӯяд, Маҳмадалӣ Аҳмадов ва шариконаш ду рӯз қабл аз ҳамла дар як қаҳвахонаи воқеъ дар бозори “Шанхай”-и Самара нақшаи ҳамла ба манзили Гоштро кашидаанд. Орхан Зохрабов дар додгоҳ гуфтааст, ки онҳо ибтидо қасди куштани соҳибони хонаро надоштанд, вале вақте диданд, ки онҷо на 2 нафар, балки 7 нафаранд, аз тарс ҳамаро куштаанд.

ВИДЕОИ БОЗДОШТИ СЕ ГУМОНБАР:

Амалиёти боздошти се гумонбар дар қатли 6 узви як хонавода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Кумитаи тафтишоти Русия қаблан гуфт, ки ба хотири ҷустуҷӯ ва боздошти гумонбари чорум алакай бо мақомоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон дар тамос шудаанд.

Аммо Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи ин вазорат ба Озодӣ гуфт, дар сурати боздошташ, масъалаи истирдоди ин гумонбар танҳо дар сурате баррасӣ мешавад, ки агар ӯ шаҳрванди Тоҷикистон набошад. Қонунҳои Тоҷикистон истирдоди шаҳрвандонаш ба кишварҳои хориҷиро манъ мекунанд.

Дар як ҳафтаи охир ин алакай дувумин мавриди ғорат ва куштор дар Русия аст, ки ба шаҳрвандони тоҷик рабт мегирад. Ҳамин шаби 24 апрел дар кишвари Перми Русия Юрий Чубаев, мудири тиҷоратии “Кирас”” – як корхонаи тавлидоти низомӣ бо зарби корд кушта шуд. Бо иттиҳоми қатли ӯ се зодаи Тоҷикистон датсгир шудаанд. Гуфта мешавад, ин шаҳрвандони тоҷик қаблан дар манзили Юрий Чубаев кор мекарданд ва шаби 24 апрел корфармои собиқи худро чанд корд зада, аз манзили ӯ 120 ҳазор рубл ва як смартфонро ба яғмо бурдаанд.

Аммо қазияи қатли 6 узви хонаводаи як афсари баландпояи пулиси Русия дар ҷомиа ва маҳофили сиёсии он кишвар сарусадои зиёде ба по кардааст.

Франтс Клинтсевич
Франтс Клинтсевич

Франтс Клинтсевич, муовини аввали раиси кумитаи дифоъ ва амнияти Шӯрои Федеросиюн, ки дар ин маҷлиси болоии парлумони Русия аз ҳизби ҳокими “Единая Россия”-и президент Владимир Путин намояндагӣ мекунад, рӯзи 2 май дар Маскав ба хабарнигорон гуфт, ки ӯ мехоҳад пешниҳодиҷорӣ кардани виза бо бархе кишварҳои Осиёи Марказиро матраҳ ва ташвиқ кунад.

Франтс Клинтсевич бо ишора ба “қатли ваҳшиёнаи раҳбари собиқи пулиси Сизран ва аъзои хонаводаи ӯ б о дасти зодагони Осиёи Марказӣ” ва “марги мудҳиши кӯдак дар Маскав аз дасти дояи ақлгумкардааш аз Узбакистон” гуфт, “ҳама чиз ҳадди худро дорад.” Клинтсевич афзуд, “бояд дар сатҳи давлатӣ хулосаҳои мушаххас бароварда шаванд ва моро зарур аст маълум кунем, ки барои Русия чӣ муҳимтар аст: равобити хуб бо ҷумҳурии собиқи Шӯравӣ, ки мо, бидуни шак, ба онҳо арҷ мегузорем, ваё амнияти шаҳрвандони мо?”

Франтс Клинтсевич, ки дар маҷлиси болоии парлумони Русия вакили вилояти Смоленск мебошад, гуфт, “то замоне ки ин ду чизро наметавон бо ҳа мовард, ман қотеона азҷорӣ кардани режими виза тарафдорӣ мекунам ва бо тамоми васоили бароям дастрас ин пешниҳодро ташвиқ мекунам.” Ӯ ҳамчунин хостори шадидтар кардани тартиби ироаи шаҳрвандии Русия ба зодагони Осиёи Марказӣ шуд ва гуфт, манзури вай Қирғизистону Қазоқистон нест, ки ҳамчун узви Иттиҳоди АвроОсиё бо Русия равобити хоси иқтисодӣ доранд.

XS
SM
MD
LG