Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷузъиёти сӯҳбати Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, бо Эмомалӣ Раҳмон то ҳол рӯшан нест. Вале Сафорати Русия дар Душанбе мегӯяд, ин сафар ба овозаи "митинг"-и баргузорнашудаи 10 октябр ҳеч рабте надорад.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, бо Николай Патрушев -- дабири Шӯрои амнияти Русия, ки бо сафари дурӯза дар Душанбе қарор дошт, дар Қасри Миллат гуфтугӯ кард. Ҳарчанд қарор буд баъд аз ин мулоқот ҷаноби Патрушев бо хабарнигорон мулоқот кунад, аммо масъулони Дастгоҳи иҷроияи президент брифинги ӯро бо хабарнигорон лағв карданд. Сафари Николай Патрушев аз нимаи дувуми 16 октябр оғоз ёфта ва бегоҳи 17 октябр ба анҷом расид. Дар оғози сафар Патрушев нахуст бо ҳамтои тоҷик худ Абдураҳим Қаҳҳоров, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, мулоқот анҷом дод.

Ин далел, ки Патрушев ба дунболи сарусадоҳо дар бораи гирдиҳамоии эътирозии 10 октябр сурат гирифт ва ҳамчунин ишораҳое буд, ки Русия дар ин воҳимаҳо даст дорад, ақидаеро ба вуҷуд овард, ки эҳтимол Патрушев ба ҳайси “обсофкунак” ба Тоҷикистон омадааст. Аммо Алексей Риков -- масъули сафорати Русия дар Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сафари Патрушев ба ин сарусадоҳо рабте надорад: “Сафари Патрушев қаблан таҳрезишуда буд. Вай барои ширкат дар машваратҳои кории дастгоҳи Шӯроҳои амнияти ду кишвар бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст.”

Дар сафорати Русия аз додани ҷузъиёти бештари ин машваратҳо ба далели сиррӣ будани ин иттилоъ худдорӣ варзиданд, аммо гуфтанд Патрушев дар мулоқот бо раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон масоили авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвар, ҳамгироӣ барои пешгирӣ ва мубориза бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва яроқу аслиҳаро матраҳ кардааст. Ҳамчунин, ба иттилои сафорат Патрушев бо Эмомалӣ Раҳмон доир ба таҳкими амнияти иттилоотӣ низ гуфтугузор кардааст.

Баъд аз мулоқот бо Абдураҳим Қаҳҳоров ва раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, Николай Патрушев аз пойгоҳи низомии 201-и Русия дар Душанбе ҳам боздид карда, бо низомиёни рус мулоқот намудааст. Зимни ин сафар ҷаноби Патрушев ба ду ҷанговари тоҷики Ҷанги бузурги ватанӣ Ҳаким Ҳалимов ва Шамсӣ Розиқов нишони хотиравии Шӯрои амнияти Русияро тақдим кард.

Аркадий Дубнов, таҳлилгари рус.

Аркадий Дубнов, таҳлилгари рус.

Аркадий Дубнов, таҳлилгари минтақаи Осиёи Миёнаи нашрияи “Московские новости”, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ дар шарҳи сафари ногаҳонии Патрушев ба Душанбе гуфт, сафари ногаҳонии ӯ якчанд сабаб дошта метавонад. Вай гуфт: “Тайи ҳафтаи охир амнияти Афғонистон хеле бад шуд. Маскав аз ҳамкориҳои бештари низомии Тоҷикистон бо кишварҳои абарқудрати дигар, махсусан ғарбӣ, низ эҳтимол дар ташвиш аст ва дабири Шӯрои амният инро мехост дақиқ кунад. Ҳамчунин, дар пасманзари митинги барпонашуда, Патрушев бо мақомдорони Тоҷикистон вазъияти дохили кишварро ҳам эҳтимол матраҳ кардааст. Чунки сатҳи баланди норизоият аз режими кунунӣ дар Тоҷикситон, ки низ сарчашмаи бесуботӣ аст, наметавонад Маскавро дар ташвиш нагузорад.”

Аммо ҷаноби Дубнов афзуд, изҳороти Маркази тадқиқотии мустақар дар Лондон дар мавриди пуштибонӣ кардани Маскав аз барпошавии як митинг дар Тоҷикистон бо роҳбарии Умаралӣ Қувватов асосе надорад ва бемантиқ аст. Чунки ба таъкиди Дубнов, Маскав наметавонад аз чеҳраи камтаҷрибае чун Қувватов дар арсаи сиёсат дастгирӣ кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG