Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон дар Минск аз таҳдиди "Давлати исломӣ" ва интернет гуфт (21 АКС)


Эмомалӣ Раҳмон (аз рост) бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон (аз рост) бо раисиҷумҳури Русия Владимир Путин

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони СНГ аз таҳдиди "Давлати исломӣ" ва сӯиистифода аз Интернет сӯҳбат кардааст. Ислом Каримов аз Петро Порошенко танқид кардааст, ки чаро ба Минск наомад?

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 октябр дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ (СНГ) дар шаҳри Минск, пойтахти Беларус, хостори ҳамоҳангсозии талошҳри кишварҳои СНГ барои маҳви созмони тундрави “Давлати исломӣ” шуд. Эмомалӣ Раҳмон дар Минск гуфт, “мо дар бораи омили ба ном “Давлати исломии Ироқу Шом”, ки бидуни шубҳае ба амнияти умум, аз ҷумла ба амнияти мо, таҳдид эҷод мекунад, медонем... Дар ҳоли ҳозир пайваста иттилооте ба даст мерасад, ки дар ҷангҳо барои истиқрори ба ном “Хилофати исломӣ” шаҳравандони бисёре аз кишварҳои СНГ низ ширкат доранд ва сухан дар бораи ширкати аз садҳо то чанд ҳазор нафар меравад.”

Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон, ки суханонашро хабаргузории ТАСС иқтибос кардааст, афзудааст: “Пешниҳод мекунам, то хадамоти вижа ва сохторҳои марбутаи кишварҳои мо талошҳои худ барои маҳви ин таҳдидро ба сурати танготанг ҳамоҳанг кунанд.”

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Айдамбек Аҳмад-уулу, ки барои пайгирии нишасти СНГ дар Минск қарор дорад, дар як тамоси телефонӣ гуфт, Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст бо табъи хеле парешон менишаст ва вақте дар бораи таҳдиди “Давлати исломӣ” сӯҳбат мекард, боре ҳам сарашро аз рӯи қоғаз набардошт ва мушаввашхотир ба назар меомад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, “мавҷи нави фаъол шудани гурӯҳҳои террористӣ, сӯъиистфода аз Интернет барои таблиғи тундгароӣ, ҷалби тарафдоро6 ташвиқи ифротгароӣ ва хушунат дар назди мо вазифаҳои наве ҷиҳати таъмини амният мегузоранд.” Ӯ афзуд, ки “зарур аст, ки мубориза бо сабабҳои терроризмро тақвият диҳем.”

Эмомалӣ Раҳмон қочоқи маводи мухаддирро як таҳдиди дигари даврони ҷадид номид ва гуфт, раҳбарони СНГ бояд як изҳороти вижае дар мавзхи таҳкими низоми байналмилалии назорати маводи мухаддир низ қабул кунанд.

Интиқоди И.Каримов аз П.Порошенко

Ислом Каримов (аз рост) бо мизбони нишасти Минск Аляксандр Лукашенка
Ислом Каримов (аз рост) бо мизбони нишасти Минск Аляксандр Лукашенка

Дар нишасти Минск раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов аз тасмими ҳамтои украиниаш Петро Порошенко, ки ба ин ҳамоиш наомад, башиддат интиқод кардааст. Каримов дар нишасти сарони СНГ гуфт, “таассуроте ҳосил мешавад, ки ӯ дар як ҳолати раҳгумӣ қарор дорад ва ба хулосае омада наметавонад, ки ширкат дар СНГ ба фоидаи ӯст ё на?”

Каримов аз ҳамтоёнаш пурсид, ки “оё кадоме аз мо бо ҷаноби Порошенко мулоқот кардааст?” Ва худ посух дод, ки “Танҳо чанд нафар!” ва афзуд, дар айни ҳол Петро Порошенко аз кишварҳои зиёди Ғарбу аз Брюссел боздид мекунад. Каримов бо таъкид ба инки Украина ҳанӯз расман аз ҳайати СНГ хориҷ нашудааст, гуфт, ҳузури Порошенко дар нишасти Минск ва суханрониаш метавонист дар масъалаи роҳҳои ҳалли мушкилоти Украина рӯшанӣ андозад.

Дар нишасти сарони СНГ дар Минск раҳбарони 10 кишвари пасошӯравӣ ширкат доранд. СНГ соли 1992 дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфта, ибтидо 12 кишвари псношӯравӣ, ба истиснои танҳо 3 кишвари соҳили Балтик - Литва, Латвия ва Эстонияро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекард. Баъди ҷанги соли 2008-и Русия бо Гурҷистон бар сари вилоятҳои ҷудоиталаби Абхозистону Осетияи ҷанубӣ Гурҷистон низ аз СНГ хориҷ шуд. Украина ҳам дар пайи тасарруфи Қрим аз сӯи Русия дар моҳи март ва ошӯбҳои хунини ҷудоиталабони тарафдори Русия дар вилоятҳои аксаран русзабони Донетску Луҳанск таҳдид кардааст, ки ояндаи худро дигар дар ҳайати СНГ намебинад.

Дар нишасти Минск ЕвразЭС – Ҷомиаи иқтисодии АвроОсиё, ки Русияву Беларусу Қазоқистон ва Қирғизистону Тоҷикистону Арманистонро муттаҳид мекард, расман барҳам мехӯрад ва ба ҷои он раҳбарони Русияву Беларус ва Қазоқистон таъсиси Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиёро, ки аз 1 январи соли 2015 расман ба фаъолият оғоз хоҳад кард, ниҳоӣ мекунанд. Қирғизистон ва Арманистону Тоҷикистон дар ин сохтори ҷадид ҳанӯз роҳ наёфтаанд.

XS
SM
MD
LG