Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

ВИДЕО: Оппозитсияи нав аз Русия сар баланд мекунад?


Таҷаммӯи тоҷикҳо. Акс аз навори «Новый регион»

Таҷаммӯи тоҷикҳо. Акс аз навори «Новый регион»

Дар рӯзҳои охир аз ину он шаҳри Русия дар бораи таҷаммӯи муҳоҷирони тоҷик ва баланд шудани шиорҳои сиёсӣ алайҳи ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҳамоишҳо гузоришҳо ба даст мерасанд. Оё дар пушти ин силсилаи "эътироз"-ҳо кӣ меистад?

Як гурӯҳ аз тоҷикони муқими шаҳри Екатеринбурги Русия дар ҳамоише алайҳи сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон садо баланд кардаанд. Ба навиштаи хабаргузории «Новый регион», рӯзи душанбеи 29-уми сентябр тақрибан сад нафар дар маркази фарҳангии «Стрела» дар минтақаи Сортировкаи Екатеринбург ҷамъ омаданд ва аз сиёсати давлати Тоҷикистону вазъи ногувори иқтисодиву иҷтимоии ин кишвар изҳори нигаронӣ карданд. Дар ин ҳамоиш гуфта шудааст, ки «бояд ҳама нерӯҳои пешқадами ҷомеа алайҳи режими феълӣ муттаҳид шаванд.» Расонаҳои Русия аз ҳамоишҳои ҳамсони муҳоҷирон дар ҷойҳои дигар низ хабар додаанд, аммо коршиносон бар инанд, ки чунин ҷамъомад ва шиорафканиҳо ба вазъи дохилии сиёсии Тоҷикистон таъсири назаррасе нахоҳанд дошт.

«АЙБ НА ДАР РАҲБАР, БАЛКИ ДАР НИЗОМ АСТ»

Яке аз ширкатдорони ҳамоиш, ки худро дар сӯҳбат бо «Новый регион» Амир Мӯсавӣ ва шаҳрванди Тоҷикистон муаррифӣ кардааст, гуфтааст, дар Тоҷикистон кор ва оддитарин шароити зист мавҷуд нест, аз ин рӯ шаҳрвандон маҷбуранд, ки ризқу рӯзии худро аз ҳисоби мардикорӣ дар Русия пайдо кунанд. Ӯ афзудааст, «ба касе пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон таъқиби дигарандешон идома дорад, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даҳони ҳамаи онҳоеро мебанданд, ки аз ҳуқуқи худ ҳарфе заданӣ мешавад.» Амир Мӯсавӣ ба ҳайси намунаи поймолсозии ҳуқуқ «облава»-ро оварда мегӯяд, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ дар хиёбонҳо гашта, бидуни шарҳу эзоҳ ва иҷборан ҷавононро ба хизмати аскарӣ мебаранд.

«Дар давраи даъват ба артиш ҷавононе, ки хизмат карданӣ нестанд, маҷбур мешаванд, ки ба муҳоҷират раванд, зеро онҳо бояд хонаводаҳои худро таъмин кунанд,» - гуфтааст ӯ.

Амир Мӯсавӣ. Акс аз навори «Новый регион»

Амир Мӯсавӣ. Акс аз навори «Новый регион»

Мусоҳиби хабаргузорӣ афзудааст, ки «мо 23 сол боз дар ин гуна шароити тоқатфарсо ба сар мебарем. Ёд дорем, ки чӣ гуна зимистони соли 2008 бар асари бебарқӣ кӯдакон дар гаҳвора аз сардӣ ҷон медоданд…» Аз нигоҳи Амир Мӯсавӣ, «решаи бадӣ» дар низоми феълии Тоҷикистон аст: «Ман намегӯям, ки раисиҷумҳур айбдор аст, айб дар низоми саропо фасодзадаи ташкилкардаи ӯст.»

Максим Бородин, хабарнигори «Новый регион» рӯзи 30 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳамоиш оромона гузашт ва аммо ба хотири ҷилавгирӣ аз тавтеъа кормандони пулис ба маҳалли таҷаммӯи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳозир шуданд: «Он ҷо ҳамагӣ як мошини кормандони полис аз Маркази «Э» (Маркази муқобила бо ифротгароӣ) буд, зеро ҳадс зада мешуд, ки шояд муҳоҷирон дар назди бино ҷамъ омада, гирдиҳамоии ғайриқонунӣ доир кунанд,» - гуфт Бородин ва афзуд, ки кормандони полис касеро боздошт накардаанд. Ӯ аз қавли масъулони ҳамоиш гуфт, ки чунин эътирозҳо алайҳи сиёсати давлати Тоҷикистон ва бо тақрибан ҳамин теъдод одамон дар шаҳрҳои Кемерово ва Вологда ҳам баргузор шудаанд.

Гузориши видеоии "Новый регион"-ро инҷо бубинед:

«Новый регион» гузоришашро "Оппозисиюни тоҷик дар Русия шакл мегирад" ном додааст. Қаблан дар бораи баргузории чунин иқдомоти эътирозӣ бо ширкати шаҳрвандони тоҷик аз Маскаву Самара ва чанд шаҳри дигари Русия низ гузориш шуда буд. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки ин ҳамоишҳоро "Гурӯҳи 24" ба раҳбарии соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов таъсис медиҳад. Қувватов ду сол пеш, дар пайи, ба гуфтаи худаш, ба дасти Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузаштани ширкатҳои зери назараш - "Фароз" ва "Тоҷирон" - тарки Тоҷикистон кард. Дар моҳи декабри соли 2012 ӯро бо дархости Душанбе дар Дубай боздошт карданд, вале баъди 9 моҳ Имороти Араб аз истирдоди ӯ ба Тоҷикистон даст кашид ва Қувватов, гӯё дар яке аз кишварҳои Аврупо паноҳанда шуда, мухолифаташ бо ҳукумати Тоҷикистон шадидтар гаштааст.

Каримҷон Ёров, раиси созмони «ЭтМос» дар шаҳри Маскав низ мегӯяд, ки ҳамоишҳоро гурӯҳи «Ҷавонони Тоҷикистон барои эҳёи Тоҷикистон», бахши ҷавонони созмони «24» ташкил кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳафтаҳои ахир саҳифаҳои аъзои ин созмон дар шабакаҳои иҷтимоии «Одноклассники» баста шуданд ва баъдан онҳо худ сомонаи «В Контакте»-ро ҳам тарк намуда, ҳоло дар «Фейсбук ҷамъ» шудаанд ва ба назар мерасад, ки теъдоди ҷонибдоронашон рӯ ба афзоиш аст. Теъдоди ҷонибдорони созмони «Гурӯҳи 24» дар сомонаи «Zello» тақрибан 16 ҳазор нафар аст. Дар ин сомона ин гурӯҳ радиоеро ҳам бо номи «Тоҷикистони нав» гардон кардааст.

ОСИЁИ МАРКАЗИРО ЗИМИСТОНИ "ГАРМ" ИНТИЗОР АСТ?

Пулис ҳангоми тафтиши эътирозгарон дар Екатеринбург. Акс аз навори «Новый регион»

Пулис ҳангоми тафтиши эътирозгарон дар Екатеринбург. Акс аз навори «Новый регион»

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон аз толорҳову кӯчаҳои шаҳрҳои Русия ба хиёбонҳои шаҳрҳои Тоҷикистон «кӯчидан»-и норозиҳоро баъид намедонанд. Дейдре Тинан, раиси барномаҳои Осиёи Марказӣ дар Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ («International Crisis Group» ё ICG) ахиран дар матлабе дар сомонаи ин созмон навиштааст, мумкин аст, норозигиҳо моҳҳои наздик ва шояд ҳатто ҳамин зимистон боиси низоъҳои густарда дар минтақаи Осиёи Марказӣ шаванд. Ба навиштаи ӯ, дар Тоҷикистон бештари мардум дар зимистон рӯзе ҳамагӣ се соат ва аз он ҳам камтар барқ мегиранд, аммо чароғҳои манзилҳои мансабдорони воломақом лаҳзае хомӯш нест. “Дастрасӣ надоштан ба ниёзмандиҳои аввалия ва пойин рафтани сатҳи зиндагӣ боиси норозигиҳо мешавад. Ин вазъи кишварро ба таври иловагӣ ноором мекунад ва ...афсурдагии мардумро аз он метавон дид, ки чӣ гуна ҳарчӣ бештар сокинони Осиёи Марказӣ барои ҷиҳод ба Сурияву Ироқ мераванд,” - навиштааст ин таҳлилгари аршади ICG.

Аммо таҳдиди асосӣ ба Осиёи Марказӣ, аз нигоҳи Дейдре Тинан, то ҳанӯз ҳал нашудани мушкили марбут ба об аст: “Баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ Олмон ва ҳампаймонҳояш – сармоягузорони ғарбӣ (аз ҷумла, Швейтсария ва Ҳолланд) барои талоши ҳалли мушкили об дар Осиёи Марказӣ миллионҳо доллар сарф карданд. Аммо Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ин шонсро аз даст доданд. Ба минтақа ва онҳое, ки кӯмак карданианд, стратегияи нав зарур аст.”

Умаралӣ Қувватов

Умаралӣ Қувватов

Ӯ дар идома мегӯяд, ҳамин зимистон Қирғизистон ва Тоҷикистон, бо вуҷуди иқтидори бузургашон дар бахши энергияи обӣ, ба камбуди ҷиддии нерӯи барқ мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Дар водии Фарғона барои захираҳои об ҳатто бархӯрдҳои байнидавлатӣ сурат гирифтаанд. Алҳол аз ин бархӯрдҳо ҷилавгирӣ мешавад. Аммо онҳо метавонанд боиси “аксуламали занҷираӣ”-е шавад, ки рафъаш ба ҳукуматҳои заъифи кишварҳои Осиёи Марказӣ бидуни хунрезии зиёд мушкил хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи Дейдре Тинан, ҳукумати Узбакистон, на фақат аз муҳосираи иқтисодии ду кишвари ҳамсоя ва “соҳиби об” Тоҷикистон ва Қирғизистон кор мегирад, балки истифодаи нерӯи низомӣ алайҳи нерӯгоҳҳои дар ҳоли бунёду обанборҳои онҳоро баъид намехонад: “Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар бораи эҳтимоли ҷанг ҳушдор дод ва мақомоти ғарбиву русӣ ва маҳаллӣ мегӯянд, ки ӯ воҳима намекунад.”

ТАҲДИДҲОИ ҶИДДИТАР АЗ ШИОРҲО

Раҳматулло Абдуллоев, муовини раиси Маркази низоъшиносии Тоҷикистон, имкони бурузи норозигиҳои густардаро дар заминаи ҳамоишҳои назири Екатеринбург дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз эҳтимол дур мехонад ва мегӯяд, таҳдидҳои аз ин ҷиддитаре ба суботи минтақа мавҷуданд. Ба гуфтаи ӯ, дар як пажуҳиш онҳо таҳдидҳоро ба чаҳор бахш тақсимбандӣ кардаанд ва дар он таҳдид аз ҷануб, аз Афғонистон дар авлавият қарор дорад. Пажӯҳишгари тоҷик мегӯяд, “таҳдидҳо аз Афғонистон ба ду гурӯҳ тақсим мешавад – аввалӣ, таҳдиди амниятӣ, яъне таҳдид дар сурати суқути ҳукумати феълии Кобул ва сари қудрат омадани нерӯҳои чун гурӯҳи “Толибон” ва дуввумӣ – таҳдиди ифротгароӣ, яъне, афзоиши нуфузу ақидаи гурӯҳу наҳзату созмонҳои зиёди ифротии Афғонистону Покистон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки боиси бархӯрди шадид бо афкори мардум хоҳад шуд.”

Раҳматулло Абдуллоев

Раҳматулло Абдуллоев

Дар тақсимбандии таҳдидҳо - моҷароҳо барои захираҳои оби минтақа дар хатти дуввум қарор дорад. Раҳматулло Абдуллоев мегӯяд, ки ҳалли ин моҷароҳо хело душвор аст ва ба назар мерасад, ки Тоҷикистону Қирғизистон миёни обу оташ қарор гирифтаанд, зеро аз як сӯ ҳамсояи наздиктаринашон ба таври қатъӣ мухолифи бунёди нерӯгоҳҳои нав аст, аз сӯи дигар, идомаи бебарқӣ метавонад боиси афзоиши қаҳру ғазаби мардум шавад.

Таҳдиди бузурги сеюм – баҳсҳои марзӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказист, ки аз тақсими нодуруст ва бидуни назардошти ҷанбаҳои фарҳангиву қавмӣ дар ихтиёри ин ё он минтақа маншаъ мегирад. Ин “табартақсим” аз сӯи Русияи подшоҳӣ шурӯъ шуд ва замони шӯравӣ идома кард. Баҳсҳо барои ин ё минтақа аломатгузории марзҳои миёни кишварҳоро ба мушкил мувоҷеҳ кардааст. Даъвои соҳибии ин ё он минтақа метавонад ҳатто ба хунрезиҳо бикашонад.

Таҳдиди чаҳорум, аз нигоҳи пажӯҳишгари тоҷик, таҳдиди ҷудоихоҳӣ дар минтақа аст. Дар Осиёи Марказӣ ин гуна равияҳо каму беш дар Қароқалпоқистони Ӯзбакистон ва ба таври густурда дар Шинҷону Уйғур, вилояти бо Осиёи Марказӣ ҳаммарзи Чин ба чашм мерасад. Дар ҳамин ҳол, коршиносон дар оянда ба миён омадани таҳдидҳои навро ҳам пешгӯӣ мекунанд, аз ҷумла, ба гуфтаи онҳо, тоҷикону узбакҳо ва қирғизҳову қазоқҳое , ки ҳоло дар Ироқу Сурия аз тарафи гурӯҳи “Давлати исломӣ” меҷанганд, шояд рӯзе муттаҳид шаванд ва даъвои таъсиси хилофат дар Осиёи Марказиро кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG